🔸 Матни пурсиш:
Гирифтан ва додани рибо байни падар ва фарзанд ва зан ва шавҳар ва гирифтан аз кофир чи ҳукме дорад?
🔸 Матни посух:
Гирифтани рибо дар китоби Худованд мутлақан ҳаром аст; Чунонки фармудааст: ﴾يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا اتَّقُوا اللَّهَ وَذَرُوا مَا بَقِيَ مِنَ الرِّبَا إِنْ كُنْتُمْ مُؤْمِنِينَ﴿; «Эй касоне ки имон овардед! Аз Худованд битарсед ва ҳар чи аз рибо боқӣ мондаастро вогузоред агар мӯъмин ҳастед» Ва фармудааст: ﴾يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا لَا تَأْكُلُوا الرِّبَا أَضْعَافًا مُضَاعَفَةً ۖ وَاتَّقُوا اللَّهَ لَعَلَّكُمْ تُفْلِحُونَ﴿; «Эй касоне ки имон овардед! Риборо бо суди рӯзафзун нахуред ва аз Худо битарсед бошад ки растагор шавед» Ва фармудааст: ﴾يَمْحَقُ اللَّهُ الرِّبَا وَيُرْبِي الصَّدَقَاتِ ۗ وَاللَّهُ لَا يُحِبُّ كُلَّ كَفَّارٍ أَثِيمٍ﴿; «Худованд риборо аз байн мебарад ва садоқатро меафзояд ва Худованд ҳар носипоси гуноҳкорро дӯст намедорад» Ва фармудааст: ﴾الَّذِينَ يَأْكُلُونَ الرِّبَا لَا يَقُومُونَ إِلَّا كَمَا يَقُومُ الَّذِي يَتَخَبَّطُهُ الشَّيْطَانُ مِنَ الْمَسِّ ۚ ذَلِكَ بِأَنَّهُمْ قَالُوا إِنَّمَا الْبَيْعُ مِثْلُ الرِّبَا ۗ وَأَحَلَّ اللَّهُ الْبَيْعَ وَحَرَّمَ الرِّبَا ۚ فَمَنْ جَاءَهُ مَوْعِظَةٌ مِنْ رَبِّهِ فَانْتَهَى فَلَهُ مَا سَلَفَ وَأَمْرُهُ إِلَى اللَّهِ ۖ وَمَنْ عَادَ فَأُولَئِكَ أَصْحَابُ النَّارِ ۖ هُمْ فِيهَا خَالِدُونَ﴿; «Касоне ки рибо мехуранд (аз қабрҳои худ) бар намехезанд магар монанди касе ки шайтон ӯро бо тамос девона кардааст! Ин ба сабаби он аст ки онон гуфтанд: Дод ва ситад монанди рибо аст, дар ҳоле ки Худованд дод ва ситадро ҳалол ва риборо ҳаром кардааст! Пас ҳар кас мавъизае аз Парвардигораш ба ӯ расид ва даст бардошт чизе ки гузашта барои ӯст ва кораш бо Худованд аст ва ҳар кас такрор кард онон аҳли оташанд ва дар он ҷовидон хоҳанд буд»; Ҳамчунонки додани рибо иъонат бар гуноҳ ва таъаддӣ аст ва ...
📚 Барои идома ба сайти зер муроҷиъа кунед:
Манбаъ: Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ https://www.alkhorasani.com/tg/content/3134/


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев