🔸 Матни пурсиш:
Лутфан бифармойед ки ин ҷониб ба манзури иттилоъ аз масоъили динӣ ва аҳком сирфан фиқҳӣ метавонам ба рисолаи тавзеҳул масоъили оқойи Баҳҷат ё Систонӣ муроҷиъа кунам?
Оё аллома рисола надорад?
🔸 Матни посух:
Табаъият аз фатвои касе бидуни огоҳӣ аз далили ӯ тақлиди кӯр кӯрона маҳсуб мешавад ки ҷойиз нест ва бо ин васф, илм ба рисолаҳои тавзиҳул масоъил ки маҷмӯъае аз фатовии фуқаҳои шиъа бидуни зикри далили онҳост, кифоят намекунад ва барои мукаллаф чорае нест ҷуз инки барои наҷоти худ аз уқубат, қабули заҳмат фармояд ва бо истинбот аз Қуръон ва суннат дар рӯшании ақли салим ё истийзоҳ аз фуқаҳои одил ва мустақил, далили ҳар фатворо бишносад то дар сурати қатъӣ буданаш, ба он амал кунад ва дар сурати қатъӣ набуданаш, ба талош барои дастрасӣ ба халифаи Худованд аз як сӯ ва ахзи ба усули аввалия ва амалӣ аз сӯӣ дигар рӯй оварад.
Ин ҳамаи таклифи мукаллафон дар пайванд бо аҳкоми Исломӣ аст ва ҳар ҳоким ё фақиҳе ки ононро аз амал ба ин таклиф боз медорад ва ба тақлид аз худ фаро мехонад, мисдоқи тоғут аст ва ...
📚 Барои идома ба сайти зер муроҷиъа кунед:
Манбаъ: Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ https://www.alkhorasani.com/tg/content/2305/


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев