(Алишер Навоӣ)
Эй хоки сари кӯи ту гаштан ҳаваси мо,
Бар пои сагат бӯса задан мултамаси мо.
Гар дам задани мо бувад аз меҳри ту чун субҳ,
Сад шом сияҳрӯз шавад аз нафаси мо.
Дар бодияи шавқи ту чун роҳила бандем,
Зикри малак ояд зи фиғони ҷараси мо.
Бо неши ғаму ҷисми заиф оҳ барорем,
Сӯят магар ин бод барад хору хаси мо.
Бечорагии мо ҳаваси чорагарон шуд,
То ту шудӣ аз лутфу карам чорараси мо.
Ҳар кас, ки зи афтодагӣ орад ба касе рӯй,
Мо рӯ ба кӣ орем, туӣ чунки каси мо?!
Фонисифатам, рӯҳ кунад сӯи ту парвоз,
Эй, аз шакаристони ту қути магаси мо.
Татаббӯъи шайх Саъдӣ
Эй, ба гулистон ҳазор наргиси шаҳло,
Дар гилу гулзори оразат ба тамошо.
Лолаву гул аз таҷаллии ту ба хубӣ,
Қумрию булбул зи шавқи ту ба алоло.
Дар рухи рӯз аз рухи ту бориқаи меҳр,
Дар дили шаб аз ғами ту мояи савдо.
Ошиқи бедил зи шавқи рӯи ту Маҷнун ,
Карда баҳона, вале муҳаббати Лайло.
Орази Юсуф намуда ламъаи рӯят,
3-ӯ шуда машъуфу зори ишқ Зулайхо.
Гоҳ дар оини ошиқӣ шуда зоҳир,
Ҳам шуда бар ҳусни хеш волаву шайдо.
Гоҳ ба маъшуқ шеваги-т тасаҳҳуб,
Ҳам ба худ аз ноз карда ғорату яғмо.
Ошиқу маъшуқу ишқ ҷумла худӣ, бас,
Ҳар нафас аз як либос гашта ҳувайдо.
Дар ду ҷаҳон ошиқи ту гашт чу Фонӣ,
Соз фано ҳам ба ишқи хештан ӯро.
Наът
Зиҳӣ, бинишонда оби абри раҳмат гарди роҳатро,
Малоик рӯфта аз болу пари худ такягоҳатро.
Ба соле гар шаби қадрест, дар як маҳ ду шоми қадр,
Бувад аз гесувони анбарин рӯи чу моҳатро.
Туӣ бе соя, лекин оламе дар офтоби ҳашр,
Панаҳ созанд ҳар сӯ сояи олампаноҳатро.
Задй чун боргоҳи қурби худ, бар Арши Аъзам шуд ,
Фалак як тугмаи фирӯза шодурвони чоҳатро.
Сипоҳи фатҳу нусрат чун кашидӣ, ҳар тараф бурданд,
Зи баҳри тӯтиёи равшан он гарди сипоҳатро.
Аз он дидори Ҳақ дидӣ, ки ҳам нури илоҳӣ кард ,
Мунир аз сурмаи мозоғ чашмони сиёҳатро.
Чу ҳар сӯ чашми раҳмат афканӣ, аз гӯшаи чашме ,
Ба Фонӣ бин, ки ӯ ҳам чашм дорад як нигоҳатро.
Татаббӯъи Хоҷа
Румузул-ишқ конат мушкилан бил-каъс ҳаллилҳо,
Ки он ёқути маҳлулат намояд ҳалли мушкилҳо.
Сӯи дайри муғон бихром, то бинӣ дусад маҳфил,
Саросар з-офтоби май фурӯзон шамъи маҳфилҳо.
Дилу май ҳар ду равшан шуд, намедонам ,ки тоби май,
Зад оташҳо ба дил, ё тоби май шуд з-оташи дилҳо.
Ба мақсад гарчи раҳ дур аст, агар оташ расад аз ишқ,
Чу барқ осон тавон кардан ба гоме қатъи манзилҳо.
Ману беҳосилӣ, к-аз илму зуҳдам, он чи шуд ҳосил,
Якояк дар сари маъшуқу май шуд ҷумла ҳосилҳо.
Бувад чун бар асири ноқаи Лайлӣ, ки дар водӣ ,
Фиғон аз чоки дил Маҷнун кашад, не занги маҳмилҳо.
Чу дар дашти фано манзил кунӣ як рӯз, эй Фонӣ,
Зи ман он ҷонфизо атлолро фасҷуд ва қаббилҳо.
Татабӯъи Мир
Гар парда андозад маҳам он рӯи оташнокро,
Сӯзам ба оҳи оташин нуҳ пардаи афлокро.
Хоҳӣ чу қатл, эй каҷкулаҳ, ҳоҷат ба теғат нест, ваҳ,
Ин бас, ки бишкастӣ ба таҳ тарфи кулоҳи чокро.
Афтад ба мардум сад хатар, гӯяд малоик алҳазар,
Ҳар сӯ, ки созӣ ҷилвагар, он қомати чолокро.
Бо ҳар кас, эй симинбадан, манмой рӯи хештан,
Бояд чу чашми поки ман
з-он сон ҷамоли покро.
Соқӣ, зи бедоди ҷаҳон сад ғам ба дил дорам ниҳон,
Ҷоме бидору вораҳон
з-онҳо мани ғамнокро.
Бояд ки мастӣ фан кунӣ, кӯи фано маскан кунӣ,
Гар боядат равшан кунӣ оинаи идрокро.
Фонӣ, дар ин дайри алам чун муҳликат шуд заҳри ғам,
Ҷӯ муршиди ҷонбахшдам,
з-ӯ нӯш кун тарёкро.
★★★
Гар аввал оташи ишқ осон намуд моро,
3-ӯ як шарар баровард аз сина дуд моро.
Орому хоб аз мо, эй ҳамдамон, маҷӯед,
Рафт он, ки чашми роҳат хуш меғунуд моро.
Шоми висолро маҳ, хуршед буд аз ҳаҷр,
Дар рӯзи тира афканд чархи ҳасуд моро.
Бас, дер агар муяссар шуд базмгоҳи мақсуд,
3-он ҷо фалак бурун ронд бисёр зуд моро.
3-ин сон ки васл маъдум афтоду ҳаҷр мавҷуд,
Нобуд беҳтар, эй дил, сад раҳ зи буд моро.
Санги ҷунун фиканда дар қатл кӯшад имрӯз,
Он к-ӯ ба зиндадорӣ шаб меситуд моро.
Аз куфри ишқ дар дин шуд рахнаҳо, ки карданд ,
Сад гуна сарзанишҳо габру ҷуҳуд моро.
Соқӣ, зи ҳад фузун деҳ май, к-аз малоли даврон,
Ҳар дам малоли дигар дар дил фузуд моро.
Фонӣ, чӣ сон тавон буд, дар шаҳрбанди ҳастӣ,
Чун рӯ ба нестиҳо ҳиҷрон намуд моро?!
★★★
Ғайри хуноб наёбанд ба чашму дили мо,
Гӯиё ишқ ба хун кард мухаммар гили мо.
Аз раҳи ишқ гузаштан нашуд, эй пири тариқ,
То ки шуд кӯи хароботи муғон манзили мо.
Мушкили мо ҳама бошад зи хумор, эй соқӣ,
Ҷуз ба як ратли гарон ҳал нашавад мушкили мо.
Гарчи дар дайр гадоем, вале гоҳи нишот ,
Раҳ наёбанд шаҳон бар тарафи маҳфили мо.
Ҳосили умр шуд, эй муғбачаи бодафурӯш,
Ваҷҳи май бӯ, ки қабули ту фитад ҳосили мо.
Тири дилдӯз ба ҳар дил занӣ, эй қотили маст,
Новаке чанд нигаҳ дор барои дили мо.
Фонӣ, уммед чунон аст, ки дар водии ишқ,
Маскани қофиласолор бувад маҳмили мо!
★★★
Маҳи ман дар шабистон, чунки нӯшад ҷоми май шабҳо,
Намояд бар шафақ май аз ҳубоби реза кавкабҳо.
Даҳан шуд чашмаи ҳайвон, туро аз айни ноёбӣ,
Ду лаъли ҷонфизои дилкашат он чашмаро лабҳо.
Биё, эй соқии маҳваш, бидеҳ он ҷоми чун оташ,
Ба динам сӯз чун дар ҳаҷр месӯзонадам табҳо.
Чу орад турктоз он шӯх, баҳри пойбӯс афтад,
Ҳазорон моҳу анҷум аз нишони наъли маркабҳо.
Шаробам боиси ихлоси риндони харобот аст,
Бале омезиши ёрон бувад аз қурби машрабҳо.
Чунон ушшоқ ҳар шаб бе ту бардоранд растохез,
Ки дар руҳониён ғавғо фитад з-он оҳу «ё Раб!» ҳо.
Агар Фонй хиромад ташналаб з-инсон ба майхона,
Аз он дарёкашӣ хумҳо тиҳӣ созанд қолабҳо.
★★★
Зиҳӣ гулҳо зада чок аз ғами рӯят гиребонҳо,
Ки он чоки гиребонҳо расида то ба домонҳо.
Ба мулки боғ бозори чаман бин, к-аз гулу насрин,
Паи сайри ту оин баста дасти сунъ дӯконҳо.
Набошад чун даҳонат бо дури дандону лаъли лаб,
Зи гулбарг арчи ғунча лаб намуд аз жола дандонҳо.
Чаман аз мақдамат ҷон ёфта, н-аз боди наврӯзист,
Таҳаррук дар шаҷарҳо, ҷилва дар гулҳою райҳонҳо.
Замоне ончунон хуррам, бидеҳ паймона, эй соқӣ,
Ки хоҳам чун замона бишканам оини паймонҳо.
Лаби лаълу даҳан, эй муғбача, к-аз бода олудат,
Асираш ғунчаи дилҳо, фидояш ҷавҳари ҷонҳо.
Ман аз дайри муғон май ҷустам аз сад гуна расвоӣ,
Дар он ҷо рафтаму омад ба пешам як ба як онҳо.
Зи баҳри васли матлубе, ки бошад дар ҳарими дил,
Набошад ғайри саргардоният қатъи биёбонҳо.
Агар Фонӣ, ҳавои васл дорад, кай аҷаб бошад,
Чу абраш оҳи оташбору оби чашму афғонҳо.
★★★
Кунад з-иқболи ишқу дарди айшу комрониҳо,
Дилам дар номуродиҳо, танам дар нотавониҳо.
Намонад халқро дил гулбунеро, балки як ғунча,
Чу дар гулшан хиромад сарви ман бо дилситониҳо.
Ба меҳри чарх натвонам, ки бинам баски бар мардум,
Намудам меҳрубонӣ, ёфтам номеҳрубониҳо.
Калону хурд агар ханданд бар ҳолам, аҷаб набвад,
Ки зори хурдсоле кард ишқам дар калониҳо.
Фиғони булбулу қумрӣ чӣ санҷад неши ман дар ишқ,
Ки бо Фарҳоду Маҷнун кардаам ҳамдостониҳо.
Ба ёди ман, ки душманкоми ишқам, як қадаҳ даркаш,
Ба коми дӯстон ҳар гаҳ, ки нӯшӣ дӯстгониҳо.
Расонда дар дарунам новакат озорҳо ҳар гаҳ,
Ба теғам сина созӣ чоку бинмоям нишониҳо.
Ба пирӣ, эй ҷавон, гар давлати айнуляқин хоҳӣ,
Ғубори роҳи пирон тӯтиё кун дар ҷавониҳо.
Равоносо аз он шуд назми Фонӣ, эй сиҳиқомат,
Ки дар васфи хиромат кард кӯшиш дар равониҳо!
Мухтареъ
Мо ба куҷо, зуҳду ибодат куҷо?
Маст куҷо, тақвию тоат куҷо?
Ғунча ба захм асту дилам дардманд,
Дард куҷо бину ҷароҳат куҷо?
Аз гулу сарвам дигар, эй боғбон,
Дам мазан, он оразу қомат куҷо?
Кони намак н-оядам, эй дил, ба кор,
Гӯӣ, ки он кони малоҳат куҷо?
Хонақаҳи зуҳд зи мо шуд ба танг,
Шоҳраҳи дайри маломат куҷо?
Шайх риё, пири муғон май намуд,
Зарқ куҷо гӯю, каромат куҷо?
Фонӣ агар бе ту нахоҳад ҳаёт,
Кор чу саъб омада, тоқат куҷо?
Татаббӯъи ёри азиз
Чӣ суд, жола ба гулбарги оташин моро?
Кӣ бурда хуш зи дил он хӯи чунин моро?
Чу заъфи мо зи хаёли руху лаби шӯхест,
Дило, чӣ муҷиби қувват гул ангубин моро?
Лаби ту хотами лаълу фиғони мо беҳад,
Бисоз мӯҳри хомушӣ аз он нигин моро.
Ба чарх мезанад он маҳ кулоҳи гӯшаи ноз,
Аз он ки рӯи ниёз аст бар замин моро.
Зи гиряву задани даст бар дили сӯзон,
Даме тар асту даме хушк остин моро.
Чӣ ошиқест, ки пиронасар зи хеш раҳонд,
Маю маломати он тифли нозанин моро.
Куҷост мутриби софу маи нишотангез,
Ки шуд малул зи даврон дили ҳазин моро.
Фароғи васл чӣ имкон, ки аз хавотир ҳаст,
Ҳазор раҳзани андеша дар камин моро.
Расид муғбачаи масту дил бирафт аз даст,
Набуд ҳеч гунаҳ, Фониё ,дар ин моро.
★★★
3-он сабаб дайри муғон омада кошонаи мо,
Ки гаҳе сар занад он муғбача дар хонаи мо.
Он парӣ дар варақе сурати Маҷнунро дид,
Ханда зад, гуфт: «Шабеҳаст ба девонаи мо».
На ки зуҳҳод, асас низ ба танг омадааст,
Ҳама шаб з-арбадаву наъраи мастонаи мо.
Ринди дарёкаши дайрем, аз он бодафурӯш ,
На сабӯ, балки зи хум сохта паймонаи мо.
Дил чӣ бошад, ки сухан ҷумла ба ҷон мегузарад,
Дилрабоӣ кунад оғоз чу ҷононаи мо?!
Дил, ки вайрони ғами туст, туӣ ганҷ дар ӯ,
Байти маъмур ба рашк аст, зи вайронаи мо.
Фониё, ошиқӣ ар ҷурм намояд бари ёр,
Зи дусад қатл фузун омада ҷурмонаи мо.
Фониё, ошиқӣ ар ҷурм намояд бари ёр,
Зи дусад қатл фузун омада ҷурмонаи мо.
Татаббӯъи яке аз акобир
Дилам чу гашт асири хами каманд ӯро,
Сарам хуш аст ғубори суми саманд ӯро.
Лабат, ки гиряи талхам зи шавқи ӯст, бувад
Паи тааҷчуби ин гиря нӯшханд ӯро.
Ҷавону ҷуръакашу нозанину ғарра ба ҳусн,
Тазаллуми дили ошиқ, чӣ судманд ӯро?
Сухан ба тарки ҷафо гӯямаш, чӣ сон шунавад,
Ки медиҳам мани Маҷнуни маст панд ӯро?.
Шаҳон гадои дару ман кам аз сагон сад раҳ,
Куҷо муҳаббати ман уфтад писанд ӯро.
Ба дил, ки ваъда кунӣ, куштану вафо накунӣ ,
Ба ваъда куштану дар интизор чанд ӯро?
Чи нақшҳои ғариб оварад бурун, Фонӣ,
Агар дар ӯ фитад ойини нақшбанд ӯро.
Татаббӯъи ёри азиз Суҳайлӣ
Ба кашфи ҳоли даврон нест Ҷоми Ҷам ҳавас моро,
Ҳамон ҷоме, ки соқӣ акси рӯй афканд, бас моро!
Зи шайх ҳеҷ кас, чун ҷониби дайри муғон рафтем,
Кунун дар хонақаҳ дигар набинад ҳеҷ кас моро.
Нишаста фориғ-ул-болем дар даври тағори май,
Ба рондан дур натвон кард аз он ҷо чун магас моро.
Ба фарёди хумор, эй пири дайр, афтода бадҳолем,
Ту хоҳӣ буд, ё худ муғбача фарёдрас моро.
Ғиреви кӯси шоҳ аз хоби мастӣ дарнамеорад,
Чи бедорӣ диҳад, эй корвон, бонги ҷарас моро?
Ба ҷуз номи бутонам бар забон н-ояд гаҳи мастӣ,
Хуш он ринде, ки ӯ аз даври соғар хонд асморо.
Гадоем, илтимоси мо бувад як ҷуръа май дар сар Нахоҳад буд лаъли тоҷи шоҳӣ мултамас моро.
Аз он риндон шумар моро, ки дар мастию шабгардӣ ,
Чу мастон аз асас бигрезад ар бинад асас моро.
Чу Фонӣ ғарқи май гаштем, лекин оқибат ёбанд,
Ҳарифон бар канор афканда ин дарё чу хас моро.
Мухтареъ
Гули рӯят, ки зоҳир гашта ранги ёсамин ӯро,
Чӣ бошад, к-аз маи гулранг созӣ оташин ӯро?
Намедонам зи май шуд сурх чашми кофират, ё худ
Либоси ол пӯшондӣ ба қатли аҳли дин ӯро.
Маро ҳам ғунчаи дил бишкуфад чун он даҳан ҳар гаҳ ,
Зи хай шабнам чу биншинад ба гулзори ҷабин ӯро.
Чу акси суратат дар бода зоҳир гашт, натвонад ,
Бад-ин сон обу ранге сохтан наққоши Чин ӯро.
Ба мукнат чун Сулаймон аст пири майфурӯш, инак
Зи ҳар хум оламе дигар шуда зери нигин ӯро.
Чу авҷи рифъаташ аз осмон бигзашт, аз он маънӣ ,
Гадо гаштанд шоҳони ҳама рӯи замин ӯро.
Баҳористони гетиро гуле эмин куҷо ёбӣ?
Ки набвад сарсари боди хазон андар камин ӯро.
Аз он дур афтад аз вай, к-аз барои чораи васлаш,
Макон таъйин намояд зоҳиди хилватишин ӯро.
Даромад дар хароботи фано, эй дил, дигар Фонӣ ,
Зи аҳли тавбаву тақво нагӯӣ баъд аз ин ӯро.
Татаббӯъи Хоҷа Ҳофиз
Гар он турки Хито нӯш созад ҷоми саҳборо,
Нахуст орад сӯи мо турктозу қатлу яғморо.
Рухаш дар нозукӣ барбод дода сафҳаи гулро,
Қадаш дар чобукӣ бар хок шонда сарви раъноро.
Ба манъи бӯси он лаб чун дусад тир аст он мижгон,
Ки дар хотир тавонад роҳ додан ин таманноро?
Баҳори оразашро тозагулҳои аҷаб бишкуфт,
Худоро, муддаӣ, монеъ машав як дам тамошоро.
Ману кӯи муғон в-он муғбача, к-аз лаъли ҷонпарвар ,
Ба нукта карда з-ин дайри куҳан берун Масеҳоро.
Чу дар кӯи хароботаш ба як соғар намегиранд,
Бар оташ афканам беҳ ин либоси зуҳду тақворо.
Чӣ пӯшонам зи мардум,
к-оташи ишқу маи равшан,
Зи чоки сина зоҳир кард сирри махфии моро?!
Бигӯ, к-оранд Ҷоми Ҷам зи махзан, эй шаҳи динӣ,
Ки бинмоям ба шоҳон бевафоиҳои дунёро.
Ғазал гуфтан мусаллам шуд ба Ҳофиз, шояд, эй Фонӣ, Намоӣ чошнӣ дарюза з-он назми ҷаҳоноро.
Татаббӯъи Амир Хисрав ва дар таври Хоҷа Ҳофиз
Кай ба чашм орам либосу маснади шоҳонаро?
Ман, ки хоҳам далқи фақру гӯшаи майхонаро.
Тоири фархундаи айш аст роми нуқлу май,
Аз паи сайде чунин мерезам обу донаро.
Баҳри мо дарёкашон бояд ки созад майфурӯш,
Аз тағораш ҷомро в-аз хумми май паймонаро.
Хешро куштам, чу май кардӣ илоҷам, эй ҳаким,
Ҳар киро бошад хирад, май диҳад девонаро?
Мастӣ орад бӯи хоки майкада, эй пири дайр,
Гӯӣ андудӣ ба лои бода ин кошонаро.
Ғафлат орад, воизо, дар дил мусалсал гуфтанат,
Сохтӣ гӯё зи баҳри хоб ин афсонаро.
Як дамам бо ёр не аҳбоб ояд, не рақиб,
Чун нагунҷад ошно, кай ҷо бувад бегонаро?
Кулбаам сад рахна аз санги ҳаводис кард чарх,
Бар сарам хоҳад фикандан гӯӣ ин вайронаро.
Ҷон фидоят созам, эй Фонӣ, агар хоҳӣ расонд,
Вақти ҷон додан, ба сарвақтам даме ҷононаро.
★★★
Ба сарват ҷӯйбори дидаи ман ҷилвагаҳ бодо!
Ба гоҳи ҷилва ҷонам зери поят хоки раҳ бодо!
Ба гармо, эй шаҳи хубон, ба чашмам чун кунӣ манзил,
Саводи дидаи ман бар сарат чатри сияҳ бодо!
Сипаҳ ҳар сӯ, ки хоҳӣ ронд, ҷони хоксори ман ,
Зи баҳри гирди сар гаштан туро гарди сипаҳ бодо!
Зи бедоди ҳаводис чун гурезад ҳар касе як сӯ,
Маро дар соҳати майхона дар кунҷе панаҳ бодо!
Агар он муғбача ҷуз бо муғон соғар нахоҳад дошт,
Зи ҷаври куфри зулфаш хонаи динам табаҳ бодо!
Чу пири дайр бо дурдикашон ратли гарон дорад,
Тағори ӯ сипеҳру ҷоми давраш меҳру маҳ бодо!
Сабӯ бар гардан овардан, ба риндон гар гунаҳ бошад,
Туро дар гардан, эй Фонӣ, ҳамеша ин гунаҳ бодо!
Татаббӯъи Махдумӣ
Аз тағори май чунон нӯшам шароби нобро,
К-абр натвонад зи дарё ончунон бурд обро.
Дар ҷафо дорад қарор он чашму дар бедод хоб,
3-он ки бурданд аз дилу чашмам қарору хобро.
То қиёмат шоми танҳоӣ бувад дар дида хоб,
Як сабӯҳӣ муғтанам дон сӯҳбати аҳбобро.
Гар вафо з-аҳли замон хоҳӣ, шароби лаъл нӯш,
3-он ки ҳаргиз кас надид ин гавҳари ноёбро.
Эй, ки гӯӣ дар ҷавонӣ бода нӯш, инак бубин,
Маст дар дайри муғон афтода шайху шобро.
Куштаи он чашми хунрезам, ки баҳри қасди дин,
Карда ҷо дар айни мастӣ гӯшаи меҳробро.
Аз дари аҳли ҷаҳон ҷустан мурод аз фақр нест,
Васл хоҳӣ, Фониё, масдуд кун ин бобро.
Татаббӯъи Махдумӣ
Сӯзиям то барфурӯзӣ рӯи оташнокро,
Созӣ оташгираи он шӯъла ин хошокро.
Аз шикофи ғунча пиндорӣ намоён гашт гул,
Гар зи чоки синаам бинӣ дили сад чокро.
Гардсон хезад замин з-он рӯ, ки дар вақти хиром,
Ҷон диҳад рафтори чун оби ҳаётат хокро.
Ҳоҷиби қасрат гарам ронад аҷаб набвад, ки нест ,
Расм, мондан пеши шаҳ девонаи бебокро.
Соқиё, аз меҳнати даврон замирам тира гашт,
Бода, то сайқал диҳам оинаи идрокро.
Чун гадои дайр май нӯшад, бувад сад гуна рашк,
Аз сафоли кӯҳнаи ӯ соғари афлокро.
Гар на мақсудаш маи гулранг бошад, дасти сунъ,
Хӯшаҳои лаълу ёқут аз чӣ бандад токро?
Бандаи пири хароботам, ки ҷоми ҷуди ӯ,
Сӯзад аз як барқи май сад хирмани имсокро.
Фониё, кори ҷаҳон ҷуз ғам набошад, бода нӯш,
Лаҳзае гар шод хоҳӣ хотири ғамнокро.
Татаббӯъи ҳазрати Махдумӣ
Эй, аз баҳори ҳусни ту бар чеҳраам гулзорҳо,
Дар чеҳра з-он гулзорҳо дорам халида хорҳо.
Аз пеши ҳаҷраш муттасил, гӯ риштаи ҷонам гусил,
Чун дӯхт натвон чоки дил,
з-он сӯзану з-ин торҳо.
Дар кулбаи ғам гар барам, оӣ, наёбӣ пайкарам,
Бас, хоки хорӣ бар сарам,
к-афтода аз деворҳо.
Аз ҳумрати рухсор кай битвон шудан ҳамранги вай,
Моро ба хун, ӯро ба май, чун ранг шуд рухсорҳо.
Чун з-он бути ошуфтахӯ, орам ба сӯи қибла рӯ,
Баста чу аз ҳар тори мӯ бар гарданам зуннорҳо.
Будам ба ақли зуфунун, пири хирад пеш аз ҷунун,
Тифлон давонандам кунун дар кӯчаю бозорҳо.
3-ин назми нав чархи куҳун, якбора гӯ ҳайрат макун,
Фонӣ, чу таълими сухун дорад зи Ҷомӣ борҳо.
Татаббӯъи Махдумӣ
Бе рӯи ту шуд тира аз ашк маро шабҳо,
Равшан нашавад шабҳо бе моҳ зи кавкабҳо.
Аз тирагии ҳаҷрат шуд рӯзу шабам яксон,
К-аз шаб сияҳам рӯз аст
в-аз рӯз сияҳ шабҳо.
Ушшоқ, ки аз ҳаҷрат гардида тиҳиқолиб,
Боз аз лаби ҷонбахшат ҷон рафт ба қолабҳо.
Бе қадди ту дар бӯстон ҳар шох, ки барг аст он,
Морест маро, к-аз вай овехта ақрабҳо.
Як қатра май, эй соқӣ, бас гар диҳиям лекин,
3-он май, ки туро гардад олуда ба он лабҳо.
Ман масти шароб, эй дил, зуҳҳоду ғами Кавсар ,
Дурӣ бувадам з-эшон аз дурии машрабҳо.
Дар дайри муғон, Фонӣ, як ҷом чу зад акнун,
Як ҷоми дигар хоҳад бо нолаю «ё Раб»-ҳо.
Татаббӯъи махдуми Ҷомӣ
Ман, ки дорам аз мижа бар дида чандин хорро,
Ҷумла дар чашмам нарӯбам гар дари хамморро.
Майфурӯш ар лутф нанмояд, ҳарифон, чора чист?
Баҳри май ваҷҳи каму махмурии бисёрро.
Чарх пуранҷум шавад аз макри шайх андар самоъ,
Чун бипӯшад бахя карда хирқаи пиндорро.
Тарки дину зуҳд чун фармудиям, эй муғбача,
Боз кун хишти хуму бикшо гиреҳ зуннорро.
Даври соғарро ғанимат дон, ки наққоши азал ,
Карда мубҳам сирри ин нуҳ гардиши паргорро.
Дар хароботи муғон риндони дарёдил диҳанд,
Аз паи як ҷуръа май ин гунбади заркорро.
Умр зоеъ шуд ба «лояънӣ» паи охирнафас,
Як нафас ҳам сарфа мекун баҳри истиғфорро.
Чун мани олуда ҷӯям, чунки накшоданд боз,
Бар рухи покони олам пардаи асрорро.
Фониё, роҳи фано натвон ба пиндори худӣ,
Қатъи ин раҳ боядат, афкан зи худ ин борро!
Татаббӯъи Махдумӣ
Зи абри тира барқе ҷаст тарфи кӯҳсоронро,
Ки равшан кард ҳар сӯ шамъи гулҳои баҳоронро.
Чу наргис ҷоми зар бигрифт, лола соғари ёқут,
Салои бода зад мурғи чаман парҳезгоронро.
Ту низ, эй пири дайр, андар чунин фасле ба сармастӣ,
Зи кунҷи майкада сӯи чаман каш майгусоронро.
Фикан, эй муғбача, аз як муғона ҷоми мардафкан,
Ба рақс аз аввали шаб то саҳар шабзиндадоронро.
Сабӯҳи айш бо ёрон қадаҳ хӯр, нест чун маълум,
Ки ёбандат шаби оянда ёрон, ё ту ёронро?
Дар ин саҳро зи боди ҳодиса ҳар сӯй чун лола,
Ба хок афтода бин, тоҷи ғурури комгоронро.
Ба сар гарди фано, дар зери паҳлӯ хоки навмедӣ,
Зи тоҷу тахти Ҷам озод дорад хоксоронро.
Сафоли кӯҳна пур май созу Ҷоми Ҷам бинеҳ, номаш
Дар ӯ наззора кун аҳволи давру рӯзгоронро.
Чу охир ҷуз фано коре нахоҳад буд, эй Фонӣ,
Дар ин дайри фано бигзор айби ҷуръахоронро.
Татаббӯъи Мир
Зиҳӣ, аз ҷоми ишқат бехудонро дӯстгониҳо,
В-аз он ратли гарон афсурдагонро саргарониҳо.
Нишонат ёфт ҳар,
к-ӯ бенишон шуд, ҳаст аз он оташ ,
Ба ҳар сӯ доғҳоят бенишононро нишониҳо.
Ба саҳрои ғамат овораю бехонумон гаштам,
Хуш он оворагиҳо, хуррам ин бехонумониҳо.
Агар дар ҳалқаи базми сагонат раҳ диҳад бахтам,
Зи сармастӣ кунам бо шергирон комрониҳо.
Ҳар он к-ӯ то тавонад нотавонӣ дар ғамат варзад,
Тавоноён забуни ӯ шаванд аз нотавониҳо.
Ба дарси ишқ он шуд нуктадон, к-ӯ лавҳ шуст аз ғайр,
Дар ин раҳ содалавҳиҳо беҳ аст аз хӯрдадониҳо.
Маро шуд зиндагонӣ сар бар сар барбод аз ҳаҷрат,
Хушо онҳо, ки доранд аз висолат зиндагониҳо.
Агар ту ҳофизи Фонӣ шавӣ аз саҳв, дар ҳамдат ,
Дар иқлими суханронӣ кунам соҳибқирониҳо.
Забонам гар кунӣ гӯё ба дастонҳои ҳамди худ,
Чӣ Хусрав, балки бо Ҷомӣ кунам ҳамдостониҳо.
Татаббўъи Хоҷа
Гуфтӣ: «Барам дилатро», ҷон ҳам фидот ёро!
Гуӣ: «Дилат намонад», дил худ куҷост моро!?
Дил рафту ҷон ҳам аз пай, дар ваҷҳи мутрибу май,
Ин ҳарду лек бе вай, гӯ: “базми мо маёро!”
Эй, ринди лоуболӣ, беш аз бало нанолӣ,
Ошиқ ба бемалолӣ, бояд кашад балоро.
Дар туст ганҷ пинҳон, з-они ба чашм вайрон,
Бин гирди хеш гардон, ин ҳафт аждаҳоро.
Бо ишратам чӣ қувват,
к-ин чархи камфутувват,
Ҳам ҳаст бемурувват, ҳам ҳаст бемадоро.
Эй дил, ба дӯст рӯ кун, ҷонро фидои ӯ кун,
Бо дарди ишқ хӯ кун, лекин маҷӯ даворо.
Пири муғон, ки гардун умраш кунад афзун,
Дорад ҳамеша мамнун, риндони бенаворо.
Дар дайр агарчи мастам, зуннори куфр бастам,
Боре зи хеш растам, сад шукр аз ин Худоро.
Фонӣ, раҳи вафо ҷӯ, сарманзили ризо ҷӯ,
Дар ишқи он фано ҷӯ, дон муғтанам фаноро.
Татаббӯъи Хоҷа
Насими субҳ бигӯ он ниҳоли раъноро,
Ки боғи умр хазондида аз ту шуд моро.
Ба як қадаҳ, ки кашидӣ зи оби оташранг,
Чӣ оташе, ки задӣ ошиқони шайдоро?
Шудам ба зуҳди қавӣ ғарраву надонистам,
Ки зӯри ишқ ба аҷз афканад тавоноро.
Ту, эй ҷавон, ки шикебо зи хайли ушшоқӣ,
Тараҳҳуме бикун ин пири ношикеборо.
Фурӯғи машъалаи ҳусн аз оташи ишқ аст,
Мадор ҳайф зи аҳли назар тамошоро!
Лабат чӣ оби ҳаётест з-он, ки пешаш нест ,
Ба гоҳи нутқ раҳи дам задан Масеҳоро.
Биё, ки ҳосили кавнайн барги коҳе нест,
Ба кӯи майкада риндони бодапайморо.
Ба ҷон қабул кунам ҳарчи шайх фармояд,
Агар на манъ кунад ишқу ҷоми саҳборо.
Фитод Фонии бехонумон ба расвоӣ,
Чу дид базми хароботиёни расворо.
Татаббӯъи Махдумӣ
Ҳаст дар дайр офате ҳар дам ба қасди ҷон маро,
Зинда бурдан аз сари кӯи муғон натвон маро.
Хонаи дил буд ободам зи тақво, ваҳ, ки сохт,
Ишваҳои соқию сели қадаҳ вайрон маро.
Пардаи зуҳдам чӣ сон пӯшад ки аз ошуби май,
Аз гиребон ҳар дам афтад чок то домон маро?!
Хирқа дар ҳаҷри буте шуд раҳни май бингар, ки кард,
Бодаю ишқ аз либоси офият урён маро.
Гар ба гирдоби май афтодам, маро набвад гунаҳ,
Ҳаст ин саргаштагӣ аз гардиши даврон маро.
Баҳри исён аз баландӣ кард пастам, з-он ки зад ,
Бар замин аз осмон ҳар мавҷи ин тӯфон маро.
Созам аз лавси риё ғусли тариқ, эй пири дайр,
Чун фақеҳ ояд, даруни хум кунӣ пинҳон маро.
Хоб дидам, к-оби Кавсар мехӯрам аз дасти ҳур,
Файзи май аз дасти соқӣ буд сад чандон маро.
Фониё, роҳи фано ҳарчанд мушкил буд, шуд
Қатъи он з-афкандани бори худӣ осон маро.
Татаббӯъи Хоҷа
Дӣ сӯи дайри муғон омад зи масҷид пири мо,
Чист ҷуз зуннор бастан баъд аз ин тадбири мо?
Кофири ишқему беҳуш аз ҷунун, эй муғбача,
Ҳам зи зуннори сари зулфи ту бас занҷири мо.
Пири дайр ар кард моро муҷрим аз тақсири зуҳд,
Гар бимонад қатра дар соғар бувад тақсири мо.
Кай тавон будан дигар дар хонақаҳ, чун ёфтанд
Шишаи май дар даруни хирқаи тазвири мо?
Баҳри панди мо макаш, эй шайх, заҳмат чун шудаст,
Риндию расвоӣ аз рӯзи азал тақдири мо.
Шиша дар гардан чу гардондӣ ба дайр, эй муҳтасиб,
Машканаш боре, ки набвад беш аз ин таъзири мо.
Аллоҳ-аллоҳ, шарм аз
имон-ш надорад шайхи шаҳр,
Мекунад аз саҷда пеши он санам такфири мо.
Шабнишинонро аҷаб рӯзи сиёҳ ояд ба пеш,
Гар зи зулфи ӯ барояд нолаи шабгири мо.
Шояд, эй Фонӣ, ба қабри Ҳофизаш созанд сабт,
Гар ба хоки Форс афтад нусхаи таҳрири мо.
★★★
Базмгаҳ сохт дигар шоҳиди гул бӯстонро,
Мужда деҳ, боди сабо, булбули хушилҳонро.
Хомаи сунъ ба қасри фалак аз қавси қузаҳ.
Рангҳо паҳлӯи ҳам кард хами айвонро.
Рӯи хубони чаман ёфт гулобафшонӣ,
Дод чун майл сабо ҳар тарафе боронро.
Аз паи зеби чаман булбули хушхон ҳар дам,
Фасле аз васфи гул орост наво достонро.
Дар чунин фасл чӣ ҳушёр нишинӣ, бархез,
Аз паи базм биорой саробӯстонро?!
Умрро як-ду замон дор ғанимат, ки чу умр
На сабот аст замонро, на бақо давронро.
Бода хӯр бар рухи ҷамъе, ки на охир эшон
Боз ёбанд туро ҷуста, на ту эшонро.
Ба гули умр вафое чу наёбам, чӣ аҷаб,
Гар чу булбул бирасонам ба фалак афғонро.
Ишваи муғбачаи бодафурӯшам дар дайр,
Ончунон кард, ки додам ба рухаш имонро.
Фонӣ он кас, ки бувад толиби ҷонон, чӣ аҷаб,
К-ӯ дар аввал қадами ишқ супорад ҷонро!
Дар таври Хоҷа
Маст, нигар ба майкада муғбачагони шангро,
Чок зада бар аҳли дин хирқаи ному нангро.
Ҳамчу шафақ аён шуда аз паи офтоб май,
Аз маи асфараш нигар орази лоларангро.
Ғунчасифат дилам хӯрад хуну бипечад аз ҳасад,
Бар лаби ҷом чун ниҳад ёр даҳони тангро.
Дил шуда буд тира аз хилвати зуҳди хонақаҳ,
Мусқили киштии қадаҳ з-ӯ бизудад зангро.
Лаъли лабат чу ёфтам, з-он хати сабз фориғам,
Нашъаи май зи хотирам бурд хаёли бангро.
Бода зи муҳтасиб ниҳон авлӣ, аз он ки ҳодиса
Аз кафи ӯ занад сӯи ҷоми нишот сангро.
Фонӣ агар ба дайр шуд, буд ба ғайр ихтиёр,
Рафт зи худ, шунид чун нолаи ною чангро.
★★★
Ба дайр буд ҳавои маи муғона маро,
Валек буд хумори саҳар баҳона маро.
Маро зи хона барорад ҳавои майхона,
Чу нест май, натавон ёфтан ба хона маро.
Биҷӯ ба мастиву девонагиву расвоӣ,
Ба кӯи дайр, ки ёбӣ бад-ин нишона маро.
Зи дӯст аҳли талаб ёфтанд муждаи васл,
Фироқ кушт ба зорӣ дар он миёна маро.
Замон-замон қадаҳам деҳ чаро, ки ранҷа кунад,
Чу як замон нахӯрам май, ғами замона маро.
Ба як ду ҷоми сабуҳӣ раҳондӣ, эй соқӣ,
Хароб дошт хумори маи шабона маро.
Кунанд тӯъма сагон чун бимирам, эй Фонӣ,
Бияфканед бар он хоки остона маро.
Татаббӯъи Хоҷа
Соқӣ, биёр ҷоми майи лаълфомро,
Бехавф соз пайкари ёқутҷомро.
То даркашам, агар ҳама соғар бувад сипеҳр,
Дар соғар он чи рехта бошӣ тамомро.
Эй дил, даруни дайри муғон дор муғтанам,
Аз ҷоми лаъли муғбача айши мудомро.
Бӯи вафо зи гулшани даврон чу кас наёфт,
Аз бӯи бода дор муаттар машомро.
Оини ишқу муҳташамӣ қиссаест дур,
Ишқ аст муфлисони фалакиҳтишомро.
Зоҳид, маҷӯй офият аз мо, ки мондаем ,
Андар сари суроҳию май нангу номро.
Воиз, бирав, ки нест яқин,
к-аз қабулу рад ,
Эзид намуда қисми ману ту кадомро.
Доим зи ҷоми айш маи васл Ҷам наёфт,
Берун кун аз димоғ таманнои хомро.
Фонӣ, бинӯш ҷоми фано, то намоямат ,
Дар кунҷи дайр равзаи
дор-ус-саломро.
Татаббӯъи Шайх
Зи руи бистари шоҳӣ гаҳе бубин моро,
Ба зери паҳлӯ хору ба зери сар хоро.
Чу лаб ба ишва газӣ, даст агар ниҳам бар дил ,
Бигӯ чӣ чора кунам ҷони ношикеборо?
Ҳадиси васли ту гар бар забон намеорам,
Зи сар чӣ гуна берун орам ин таманноро?
Зи кӯи ӯ, ки равӣ, эй малак, ба сӯи биҳишт,
Чаро зи даст диҳӣ инчунин тамошоро?
Нигар ба майкада рокеъ сабӯи бода ба дӯш,
Зи дӯш он ки наяндохтӣ мусаллоро.
Чу хоҳад аз паи ҳусни ту зеб машшота,
Ба офтоб кашад заҳмат аз паи оро.
Ба Саъдияст қадам бар қадам зада Фонӣ,
Ки бе ду фаҳм нагардад хаёли доноро.
Ихтироъ
Зи ишқ ҳаст ба дил бор сад ҳазор маро,
Ҳанӯз шукр бувад сад ҳазор бор маро.
Гарам бувад маи гулгун зи соқии гулрух,
Ба ҳуру Кавсарат, эй порсо, чӣ кор моро?
Ба бӯсае, ки диҳию кушӣ манеҳ миннат,
Чӣ миннатам зи ту, чун кушт интизор маро.
Ба ҷурми ишқу май ар шаҳнаам замон талабад,
Ба пири майкадаи ишқ, гӯ, сипор маро.
Зи май хумор бувад в-аз хумор май нӯшам,
Ба даври бода тасалсул шуд ошкор маро.
Магӯ: «Марав ба сӯи дайр», ваҳ, чу муғбачагон
Баранд мӯйкашонам, чӣ ихтиёр маро?
Зи ҷурми бодаӣ, ки дӯш ҳотифи ғайб,
Зи лутфи шомили ӯ кард умедвор маро.
Дигар магӯй ки: «Чун маст созамат, бикушам»,
Чӣ суд аз ин суханат, кушт чун хумор маро.
Ба пойбӯси бутон шуд умед, эй Фонӣ,
Чу май ба дайри муғон кард хоксор маро.
Татаббӯъи ёри азиз
Эй з-оташи май дар гули рӯи ту асарҳо,
Дар сина аз он оташам афтода шарарҳо.
Санги лаби рӯде, ки зи қатли ту равад хун,
Бошад зи тамаввуҷ ба канор омада сарҳо.
Дар хилъати гулгун қади раънои ту сарвест,
К-ӯ нашъунамо ёфта бо хуни ҷигарҳо.
Ҳар нахли таманно, ки ба ишқи ту нишондем,
Аз санги маломат ҳама овард самарҳо.
Аз ишқи яке муғбача дар дайри муғонем,
Оварда паи чуръаи май рӯй ба дарҳо.
Бе роҳбаре дашти фано тай натавон кард,
К-афзун-ст дар ӯ аз ҳаду андоза хатарҳо.
Фонӣ буваду ҷоми маю ишқу харобот,
К-аз даҳр мурод ин шуду беҳуда дигарҳо.
★★★
Шабнам, ки ҳаво рехт ба гулҳову суманҳо,
Шуд обилаи орази атфоли чаманҳо.
Гулҳои чаман гар на шаҳидони фироқанд,
Чун лола чаро ғарқа ба хунанд кафанҳо?
Дар тоб агар нест аз он ҷаъди диловез,
Дар турраи сунбул зи чӣ афтода шиканҳо?
Дар фасли чунон бодаву ёре ба каф овар,
Хӯрдан натавон ҷом чу дар майкада танҳо.
Чун ҷониби он бут нашитобам, ки зи зуннор,
Дар гардани ҷон баҳри кашиш баста расанҳо?!
Дар сирри ҳақиқат ба сухан роҳ набошад,
Ҷое нарасид, арчи басе рафт суханҳо.
Фонӣ ба раҳи фақр даро, нукта магӯ беш!
Гар марди раҳӣ, пеш маёр ин ҳама фанҳо.
★★★
Дар Ҷоми Ҷам бирез шароби муғонаро,
Дар вай бубин ҳақиқати ин корхонаро.
Эй пири дайр, аҳли харобот маҳраманд,
3-ин роз нукта гӯю раҳо кун баҳонаро.
Беэътидолӣ ар кунам аз шӯри ин ҳадис,
Дар ҳалқи ман бирез маи бехудонаро.
К-он май, замон-замон барад аз лавҳи хотирам,
Айши замонарову ҷафои замонаро.
Мурдан ба васл боядам, эй Хизр, мункирам,
Оби ҳаёту зиндагии ҷовидонаро.
Бингар ба сақфи майкада акси фурӯғи май,
Гар з-оташи Калим надидӣ забонаро.
Фонӣ, чу нест лоиқи ин базм, эй рақиб,
Боре бимон, ки бӯса занад остонаро.
Ҷавоби худ гўяд
Зиҳӣ, ба хори мижа сад ҳазор зор туро,
Асири ду гули ораз ду сад ҳазор туро.
Мабод ҷаври хазон, аз баҳори зебоӣ,
Чунин, ки тоза шуда гулшани узор туро.
Дило, зи нола макун даъвии шикебоӣ,
Чу дӯст ҷилва намояд, чӣ ихтиёр туро?
Даво ба кулбаи хаммор ҷоми гулранг аст.
Гаҳе ки ғунча кунад меҳнати хумор туро.
Чу умр мегузарад, ҷоми май зи даст манеҳ,
Ки вораҳонад аз андӯҳи рӯзгор туро.
Макаш ту доман, агар доманат кашад хоре,
Ба хоки аҳли вафо чун фитад гузор туро.
Марав ба бори худӣ, Фониё, ба водии фақр,
Ки андар ӯ ба чунин бор нест бор туро.
Мухтареъ
Баъди умре, к-афканад гардун ба кӯи ӯ маро,
Сели ашки шодмонӣ мебарад з-он кӯ маро.
Коҳи ҷисм ояд гарон дар каффаи ишқам зи ғам,
Кӯҳи Фарҳодаш агар як сӯ ниҳӣ, як сӯ маро.
Рӯ ба роҳат баски судам, ҳар ду хунин гашту реш,
Ваҳ, ки сӯят омаданро нест роҳу рӯ маро.
Бӯи мушкинтурраат то дар димоги ман расид,
Гаҳ кунад беҳолу гаҳ орад ба ҳол он бӯ маро.
Баски он бадхӯй теғи бедареғам ронд, сохт
3-ин риоятҳои муфрит ҳамчу худ бадхӯ маро.
Ман, ки ғарқи май шудам
з-иқболи пири майкада,
Муҳтасиб ин дам куҷо ёбад ба ҷустуҷӯ маро?
Фониё, нобудам андар ёр, бошад ҷои шукр,
К-аз ғаму шодӣ мубарро сохт ишқи ӯ маро.
Татаббӯъи ёри азиз
Дил, к-аз ғамат ором набошад, барам ӯро,
То чанд ба кӯят бараму оварам ӯро?
Зоғе, ки кунад гоҳи ҷунун майли нишастан,
Бар фарқ бувад тӯъма зи захми сарам ӯро.
Хоҳам, ки гаронӣ барам аз кӯи ту, гарчи
Аз соя гаронтар набувад пайкарам ӯро.
Даврон, ки маро сӯхт, азо дорадам акнун,
Чун рӯз шуда тира зи хокистарам ӯро.
Шуд Лайлию Маҷнун зи миён, чун написандем?
Дар ишқ ман инро, ба сафо дилбарам ӯро.
Набвад ҳади онам, ки кунам даъвии побӯс,
Инам на бас, эй ишқ, ки хоки дарам ӯро.
Ҷисми чу хасам шуд ба саропардаи он гул,
Эй бод, наронӣ зи ҳарими ҳарам ӯро.
Омад, зи паи дурди сафолам саги ӯ, лек
Девона кунад накҳате, аз соғарам ӯро.
Гар шайхи риёӣ шумурад донаи тасбеҳ,
Ман бин, ки чу Фонӣ ба ҷаве нашмарам ӯро.
Татаббўъи Мир
Ваҳ, ки дар вақти гулам з-он гули рухсор ҷудо,
Гул ҷудо оташи ман тез кунад, хор ҷудо.
Аз ҷудоӣ ману ёр, абр зи таъсири баҳор,
Ман ҷудо гирякунон, абр ҷудо, ёр ҷудо.
Чӣ фироқ аст, ки ҷонон чу ҷудо гашт, зи ман,
Дил зи ҷон гашт ҷудо, ҷон зи тани зор ҷудо?
Он парипайкар аз ин хаста ҷудоӣ талабад,
Ҳамчу ҷон к-ӯ шавад аз пайкари бемор ҷудо.
Дару девор зи ҳам гашт ҷудо, баски задам
Сар ҷудо бар сари он кӯю ба девор ҷудо.
Соқиё, доруи беҳушиям афкан дар май,
Ки набояд ба дилам хуш зи дилдор ҷудо.
Фониё, ҷоми фано нӯш дар ин дайр агар
Бехудӣ хоҳӣ аз он дилбари хаммор ҷудо.
Татаббўъи Шайх
Ҳар гаҳ аз таб зард ёбам гулъузори хешро,
Дар хазон рӯ карда бинам навбаҳори хешро.
Дар арақ афтад, чу ҷисми нотавонаш, бингарам
Ғарқаи баҳри бало ҷони низори хешро.
Аз ҳарорат чун шавад нозук танаш дар изтироб,
Кай тавонам баст чашми ашкбори хешро?
Кошки табхола аз лаълаш ба дандон барканам,
То кунам фориғ зи ранҷиш лаъли ёри хешро.
Умри ман чи бувад ба умри ӯ физоӣ, эй сипеҳр,
То ҳаёту ҷон фидо созам нигори хешро.
Рӯзгорам тира шуда аз ранҷи он маҳ, кай бувад?
То дигар бинам сафои рӯзгори хешро!
Фониё, чун хуштараш ёбӣ ба расми таҳният,
Барфишон аз ҷон ба пои ӯ нисори хешро.
Мухтареъ
Соқии маҳваш ар диҳад ҷоми шароби нобро,
Беҳ, ки сипеҳр дорадам соғари офтобро.
Чанд шавам ба майкада бехуду ҳамдамон баранд,
Маст, кашон-кашон сӯи хонаи ман харобро?!
Соқии гулъузори ман гар зи рухат арақ чакад,
Атри мае марост бас, пур мафишон гулобро.
Гуфтамаш: эй ҳаёти ман, к-ӯ ба шитобат омадан?
Гуфт: ҳаёт мекунад вақти шудан шитобро.
Заҳри фироқ мекашам, ваҳ чӣ азоб бошад ин,
Дар таҳи дӯзахи ғамат чанд кашам азобро?
Пирию зуҳду офият ҳар се ба вақти худ хушанд,
Дор ғанимат ин замон ишқу маю шабобро.
Бас, ки бибоядат кафи ҳайфу надоматат газид,
Фонӣ агар зи каф ниҳӣ мавсуми гул шаробро.
Татаббӯъи Махдумӣ
Набошад аз ҷунуну ошиқӣ бар дил задан сангам,
Ки аз бедоду зулми дил ба ӯ афтода дар ҷангам.
Физояд бар ҳама фориғдилон андӯҳу дилтангӣ,
Ҳар он оҳе, к-аз андӯҳат барояд аз дили тангам.
Зи хуш барное андар сар халонам лолаи хуршед,
Нишоту айш чун муфрит шавад аз ҷоми гулрангам.
Кашад гаҳ ҷониби майхона, гаҳ дар ҷониби риндӣ,
Ҳавои шоҳиди шӯхам, навои мутриби шангам.
Зи сар то поям аз санги ҳаводис хӯрд бод, эй дил,
Агар бошад ба хотир орзуи тоҷу аврангам.
Муғона нағмаву оҳангу ноқусам бувад дар дил,
Сӯи дайри муғон ҳар гаҳ бувад мастона оҳангам.
Равад чун зикри бадномони кӯи ишқ, эй Фонӣ,
Ту номи некномиро мабар, к-аз вай бувад нангам.
Татаббӯъи Хоҷа
Паи сабӯҳ ба дайр ар гузар фитад саҳарам,
Чу ҷоми май ба каф афтад, куҷо бувад гузарам?
Хабар чӣ пурсиям аз худ даруни дайри муғон,
Зи худ куҷо хабарам, аз худӣ чу бехабарам?
Ту коса-коса хурӣ май ба ғайру хун аз дил
Чакад чу май, ки хӯрӣ
қатра-қатра аз ҷигарам.
Сарам ба тоҷи вараъ буд, то ки н-омада буд,
Зи ҳодисоти балоҳои ошиқй ба сарам.
На он ки ишқ сарам хок кард, бал нагузошт,
Ҳам аз вуҷуд нишонам, ҳам аз худӣ асарам.
Магӯ ба манзили ин кӯҳнадайр ишқ мабоз,
Ки зод нест ҷуз ин, то ба манзили дигарам.
Ба даҳр дил чӣ ниҳам, Фониё, ки гар сад қарн,
Бимонам, охир афтад азимати сафарам.
★★★
Чун саги девона ҳар паргола, к-аз тан барканам,
Қасдам ин бошад, ки дар пеши саги ӯ афканам.
Дорад аз хунҳои доғи тозаам ҳар сӯ нишон,
Доғҳои бодаи гулранг дар пироҳанам.
3-он ба воми бода додам хирқаро, к-аз майкада,
Маст чун оям бурун, дасте нагирад доманам.
Мазраъи дилро, ки доғи сина хирманвор сӯхт,
Зад рухи соқиву май ин оташ андар хирманам.
Ростиро гоҳи сайри гулшани озодагӣ,
Хуш наёяд ҳеҷ нахлу гул чу сарву савсанам.
Ҳашмати дунё наярзад душманиро, май биёр,
Дӯсте, к-ӯ з-ин раҳам водошт, бошад душманам.
Фонӣ аз пиру ҷавон шармам, ки дар пиронасар,
Бо ҷавонон ошиқӣ меварзаму май мезанам.
Татаббӯъи Мир
Сайри бӯстон чу кунам бе бути гулпираҳанам,
Пираҳанро чу гул аз фурқати ӯ чок занам.
Ёдаш, он навъ диламро зи худӣ карда халос,
Ки гаҳе ёд наёяд ба дил аз хештанам.
Ончунон ман зи миён рафта, ҳама ӯ шудаам,
Ки ба худ ҳеҷ тахайюл накунам ин ки манам.
Гар биҷӯянд зи ман, ҳеҷ наёбанд ҷуз ӯ,
Ин тани орият ар з-он ки зи худ барфиканам.
Аллоҳ-аллоҳ, чи фироқ асту ба зимнаш чу висол,
Ки маро ҷон шуда ҷонон ба ватангоҳи танам.
Соқӣ, оинаи май деҳ, ки дар ӯ чун худро,
Нигарам, ҷилва кунад гулрухи симимбаданам.
Нест чун анҷуману хилвати ман, бе рухи ӯ,
Чӣ тафовут кунад аз хилвати ман анҷуманам?
Воизо, равза туро, з-он ки зи ёди рухи ӯ ,
Рашки Фирдавс шуда гӯшаи байт-ул-ҳазанам.
Фониё, давлати васлам зи ғами ҳаҷр расид,
Марҳами сина бувад хору гули ин чаманам.
Татаббӯъи Махдумӣ
Чу бо сад ҳасраташ аз дур бинам,
Чӣ роҳи он ки бо он маҳ нишинам?
Зи ашкам остонаш низ тар шуд,
Чу оби ӯ гузашт аз остинам.
Биронад тундбоди қаҳраш аз хашм,
Агар чун гард бар кӯяш нишинам.
Паи як диданаш в-он гоҳ мурдан ,
Шуда умре, ки ҳар сӯ дар каминам.
Ниёзам сад ҳазору ҳар якеро,
Фузун з-он ноз бо он нозанинам.
Ба уммеде, ки шояд по расонад,
Ба роҳаш суда шуд умре ҷабинам.
Чи созӣ манъ, Фонӣ, зоҳид аз ишқ,
Ту дар қисмат чунону ман чунинам.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев