Онки мегӯяд бароят сатр чист? Ин ниҳон кардан танат аз баҳри кист? Боз гӯ бар ӯ чунин ҳарф аз карам, Бо супориши Худо андар сарам Он ки аз обе падид овард маро, Беҳтарин махлуқи олам кард маро. Баҳри ӯ ман бандае фармонбарам, То даме ҷон бошад андар пайкарам. Баҳри фармонаш сари худ хам занам, Дасти худ бар ҷурму исён кам занам. Номуси ман, номуси дини мубин, Як назар бар аҳли муслимин бубин. Фахри ҳар як муъминам ман дар ҷаҳон, Тарки фахрам ман насозам ин замон. Чун шавад гар тарки фармонаш кунам? Бо ҳазорон фитна ҳайронаш кунам? Бандаам ман баҳри фармон омадам, Розӣ бар тақдири яздон омадам. Тарки ӯ созам дар инҷо ман агар, Мерасад онҷо ба ман садҳо хатар. Пас ту ҳам эй хоҳари ҷону ҷигар, Чанг бар оини модарҳо бибар. Ин либоси танг бар тан кардаӣ, Номи хешро боз чун зан кардаӣ. Муди ғарб аз баҳри ту зебанда нест, Бар тани ҳамчун гулат арзанда нест. Зеби ту бошад саропо чодаре, Он ки бар сар мениҳад ҳар модаре. Пас биё мо ҳамчу Заҳрое шавем, Ду гули хушбӯ ба саҳрое шавем
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев