Ҳатман Бихон Азизи дилам!
қисса аз зиндагонии ҳазрати Мусо (а)". Рӯзе ҳазрати Мӯсо (алайҳисалом) рӯй ба боргоҳи малакутии Худованд кард ва аз даргоҳаш дархост намуд: Бор Илоҳо! Мехоҳам, бадтарин бандаатро бибинам. Нидо омад: субҳи содиқ зуд ба вуруди шаҳр бирав, аввалин касе ки аз шаҳр хориҷ шуд, ӯ бадтарин бандаи ман аст. Ҳазрати Мӯсо (алайҳисалом) субҳи рӯзи дигар ба дари вуруди шаҳр рафт, падаре бо фарзандаш аввалин касоне буданд, ки аз шаҳр хориҷ шуданд. Пас аз бозгашт, рӯй ба даргоҳи Худованд кард ва зимни тақдими сипос аз иҷобати хостааш, арза дошт: Бор Илоҳо! Ҳол мехоҳам, беҳтарин бандаатро бибинам. Нидо омад: охири шаб ба дари вуруди шаҳр бирав, охирин нафаре, ки вориди шаҳр шавад, ӯ беҳтарин бандаи ман аст. Ҳангоме ки шаб шуд, ҳазрати Мӯсо (алайҳисалом) ба дари вурудии шаҳр рафт, дид, охирин нафаре, ки аз дари шаҳр ворид шуд, ҳамон падар ва фарзандаш аст. Рӯй ба даргоҳи Худованд, бо таъаҷҷуб ва дармондагӣ арза дошт: Худовандо! Чӣ гуна мумкин аст бадтарин ва беҳтарин бандаат як нафар бошад?! Нидо омад: эй Мӯсо! Ин банда, ки субҳҳангом мехост бо фарзандаш аз дар хориҷ шавад, бадтарин бандаи ман буд, аммо иттифоқе рух дод ва ӯ аз беҳтарин бандаҳои ман гардид.
Достон аз ин қарор аст, ҳангоме ки падар бо фарзандаш дар роҳ, роҳмерафтанд, нигоҳи фарзандаш ба кӯҳҳои азим уфтод, аз падараш пурсид: падарҷон! Бузургтар аз ин кӯҳҳо чизе ҳаст?
Падар гуфт: бале, фарзандам замин аз куҳҳо Бузургтар аст.
Фарзанд пурсид: Падарҷон бузургтар аз замин чизе ҳаст?
Падар посух дод: бале, фарзанди азизам осмонҳо аз куҳҳо Бузургтаранд.
Фарзанд боз пурсид падарҷон: оё бузургтар аз осмонҳо ҳам чизе ёфт мешавад?
Падар, дар ҳоле ки ба фарзандаш нигоҳ мекард, ашк аз дидагонаш ҷорӣ шуд ва гуфт: бале фарзанди азизам! Гуноҳони падарат аз осмонҳо низ бузургтар аст.
Фарзанд боз тоққат накарда аз падараш пурсид: падарҷон! Оё бузургтар аз гуноҳони ту чизе ҳаст?
Падар бо як нигоҳи умедворона гуфт: бале ҷони падар ҷигаргушаи падар! Ин Меҳрубонӣ ва бахшандагии Худованд бузургтар ва азимтар аз ҳама чиз аст.
Оре азизони дил банда ҳеҷ гоҳ ноумед нашавад, ки қаблан гуноҳи зиёд содир намуда буду дигар корҳои нек карданаш фоида надорад. Миёни мардум чунин ақидаи хато ҳукмфармост, ки гуноҳҳои гузаштаи нафареро пеши рӯ оварда меистанд. Масалан, дар бораи шахси ислоҳшудае мегӯянд: «Фалонӣ, то дина арақ нӯшида мегашту Намоз намехонд имрӯз Намозхон шудааст»... фалони то дина зино ва дар тарабхонаҳо (рестаран)-ҳо духтарбози бевабози мекард! имруз Масчидрав шудааст. Чӣ магар то охири умр бояд ҳамон хел арақхӯру зонокору бевабоз бимонад?
На азизони дил Ҳазрати Муҳаммад (салаллоҳу алайҳи вассалам) мефармоянд: «Касе, ки аз гуноҳ кардан боистад тавба ба суи Аллоҳ ҷ ҷ кунад, мисли касест, ки ба гуноҳе муртакиб нашудааст».
Бародари азизам хоҳари беҳтар аз ҷонам ҳолоҳам фурсат дори ҳарчиқадаре ҳам гуноҳони бузургу бисёр карда боши ҳамеша дарҳои Раҳмат дарҳои Тавбаи Худованд боз аст, ҳамин замон ҳамин соат ҳамин дақиқаҳо вузуъ таҳорат бигири сари Ҷойнамоз ба Намозхондан шуруъ куни ИншоАллоҳ Аллоҳи Зулҷалол ҳамаи гуноҳони туро авф ва мебахшад.
Аз ин рӯ, азизони дил лаҳзаҳои иҷобати дуо ва қабули тавбаро аз даст набояд дод. Агар мо содиқона тавба кунему дар пайи он аъмоли хайрро анҷом диҳем, Худованд бадиҳои моро ба некӣ табдил медиҳад.
Дуо мекунем, ки Худованд мардуми моро тавфиқ диҳад ҳамеша ҳамавақт итоатгари Худо ва Расули Акрам (салаллоҳу алайҳи вассалам) побанди тооту ибодот дури ҷустан аз гуноҳу маъсият бошанд.
омин ё арҳамароҳимин.
Азизи дилам агар ягон мушкили нофаҳми ё савол?! оид ба Намоз дошта боши марҳат бо смс ё дар коментарии навис савол кун ИншоАллоҳ бо бо қадри донишамон ҷавоб хоҳем гуфт!
Ҳамеша Дуъогуи Шумо. Ҳастем Азизони Дил:
Пас шумо низ дар ҳаққи бандаи Ҳаққир дуъои неки худро фаромуш насозед.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 19
Ва алейкум салом ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ бародари азиз.
Ин ша Аллоҳ ҳамеша Дуъогуятон ҳастем.