Дар онҷо ӯро меҳмонӣ мекунанд ва бо духтарони холааш суҳбатҳои тӯлонӣ мекунад ва аз бегоҳ шудани рӯз ғофил мемонад. Ҳангоме мехоҳад, ба хонаашон баргардад, кӯчаҳо торик шуда буданд. Аз ин рӯ, холааш вайро бисёр илтиҷо кард, ки шаб бимонад ва субҳ хонаашон биравад, вале чун он духтар аз падараш иҷозаи шаб истодан нагирифта буд барои рафтан пофишорӣ кард ва ба роҳ баромад. Ҳангоме он духтари ҷавон дар торикии шаб дар тангкӯчаҳои Бухоро қадам мезад ва нисфи роҳро паймуда буд, овози мири шаб ва афроди бо ҳамроҳии вайро шунид, ки аз тарафи муқобили роҳ наздик мешуданд. Духтари ҷавон тарсид, ки агар мири шаб ӯро боздор кунад ба обурӯи худаш ва оилаашон зарар мерасад. Дар ҳамин асос, ба чаҳор тарафи худ нигариста дар ҷустуҷӯи пайдо кардани макони эмин барои худаш гардид. Дар ин асно, чашмаш ба шаъми гирони тирезаи хобгоҳи мадраса афтид ва ба он наздик шуда дар дохилаш толибилмеро дид, ки дар равшани шамъ дарс тайёр мекунад. Духтари ҷавон ба худ гуфт: Аз дари хонаи шахси бегонаеро кӯфтан дари ин муллобачаро бикӯбад беҳтар аст. Зеро вай дин мехонаду худотарс мебошад ва натиҷа даст ба номуси вай намезанад. Духтари ҷавон ночор дарро мезанад ва ҳангоме толибилм ӯро мебинад моҷароро нақл мекунад ва хоҳиш мекунад, ки то субҳ вайро иҷоза бидиҳад, то онҷо бимонад.
Дар он ҳуҷраи танг дар як гӯшааш толибилми ҷавон ва дар гӯшаи дигараш он духтари ҷавон қарор мегиранд. Толибилм ба китобхондан идома медиҳад, вале вуҷуди чунин духтари ҷавону зебое дар утоқаш вайро беқарор мекунад ва шайтон вайро вас-васа мекунад, то ба номуси духтар даст бизанад. Ҳар боре чунин вас-васаҳо зиёд мешаванд яке аз ангуштонашро бо оташи шамъ месузад ва майлу шаҳваташ дур мешавад. То дамидани субҳ, он ҷавон бештар аз даҳ маротиб чунин мекунад ва шаҳваташро дур месозад вале пусти он ангушташ ба тамом сухта мешавад. Аммо духтар, ки дар кунҷи он хона нишаста буд бо гушаи чашмаш ҳоли он ҷавонро мушоҳада мекард ва аз тарс хобаш намебурд. Ин худ як шаби имтиҳоне буд, ки дар назари ин ду ҷавони мусулмон аз тамоми умри ҷавонашон дарозтар ба назар мерасид ва зери фишори сахти шаҳвату хавф сипарӣ гардид. Баъди дамидани субҳ, духтар ба хонаашон баргашт ва хабардор гардид, ки падару бародаронаш то субҳ дар ҷустуҷӯи вай буданд. Ҳангоме духтар моҷароро ба падараш ҳикоя кард, вай рост ба он мадраса омад ва аз сармударрис хоҳиш кард, то ҳамаи шогирдонашро қатор бикунад. Ҳангоме шогирдон қатор шуданд, ба дастони онҳо нигарист, ки дар байнашон як ҷавони зебоеро дид, ки яке аз ангуштонашро баста буд. Ба вай наздик шуд ва аз ӯ хоҳиш кард ончиро шаб аз сар гузаронида буд, қисса кунад. Ҳангоме он ҷавон моҷароро қисса кард он мард яқин кард, ки духтараш рост гуфтааст ва онҷо эълон кард, ки барои ин ҷавони имону ақидаашро дар амал нишон дода ҳамчун мукофот духтарашро бе маҳр ба занӣ медиҳад ва барояшон хонаи ҷудогона низ ҳадя мекунад.
“Солеха”
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев