Предыдущая публикация
Ин далели будани эҳсосҳомон рушан аст. Воқеият бо ҳақиқат ҳам мунофот оварад, Ишқ ин пайванди ақласту валекин душман аст. Гоҳ - гоҳе мечакад нур аз чароғи робита, Истиқоматгоҳи дилҳомон чаро беравзан аст? Он касе тай меканад роҳе, ки раҳпаймо бувад, Лек саҳми тангдастон оҳу доду шеван аст. Зиндагӣ перояи озодиву бедориҳост, Он касе бечора буд, бечораи хобидан аст. "Вақт охир меравад" аммо мақоли кӯҳна нест, Оҳ "дидан"-ҳо ,"шунидан"-ҳо чӣ ҷои гуфтан аст. Оқибат унвони мо бошад мазористони хок, Фарқ байни мо ҳамин гӯри туву гӯри ман аст. #Родмеҳр #Далели_тафриқа #Фарқ_байни_мо_ҳамин_гӯри_туву_гӯри_ман_аст. #Тоза #Бетаҳрир
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев