🔸 Матни пурсиш:
Мехоҳам бидонам, ки шумо чанд дар сад аз Муслим ва Бухориро қабул доред? Оё ҳадиси ҳасанро мепазиред?
🔸 Матни посух:
Лутфан ба нукоти зер таваҷҷуҳ фармойед:
1. Бештари мусалмонон мӯътақиданд ки дар ду китоби навишта шуда тавассути Муҳаммад ибни Исломъили Бухорӣ (д.256қ) ва Муслим ибни Ҳаҷҷоҷи Нешобурӣ (д.261қ) маъруф ба саҳеҳ Бухорӣ ва Муслим, ҳеҷ ривояти ғайри саҳиҳе вуҷуд надорад, вале инсоф он аст ки ин эътиқодӣ ғулувомез аз рӯӣ тақлид ва таъассуб аст ва далиле барои он дар Қуръон, суннат ва ақл ёфт намешавад; Зеро дар Қуръон ва суннат ҳукме дар бораи ин ду китоб наёмадааст ва ақл низ хусусияте барои он ду намешиносад ва бо ин васф, ҷудо сохтани он ду ва соири китобҳои шашгона аз китобҳои дигар, асле дар Ислом надорад ва як амри навпайдо ва бидъатомез аст. Бидуни шак аз назари Қуръон, суннат ва ақл, ҳеҷ фарқе миёни саҳеҳ Бухорӣ ва Муслм ва соири китобҳои ривоӣ нест ва бо ин васф, эътиқод ба вуҷуди фарқ миёни онҳо як эътиқодӣ ғайри Исломӣ ва ғайри ақлонӣ аст. Ба ибороти дигар, ҳеҷ ояе дар Қуръон ё ҳадисе аз Паёмбар ё ҳукме аз ақл вуҷуд надорад ки моро ба қабули ҳамаи ривоёти Бухорӣ ва Муслим бидуни баррасии ҳар як аз онҳо илзом кунад ва бо ин васф ...
📚 Барои идома ба сайти зер муроҷиъа кунед:
Манбаъ: Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ https://www.alkhorasani.com/tg/content/1224/


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев