💠 Матни нақд:
Дар китоби Бозгашт ба Ислом омада ки иҷтиҳод бар ҳар мусалмоне воҷиб аст. Суъол инҷост аз онҷойе ки ҳар инсоне дорои истеъдоди махсус ба худ мебошад ба унвони намуна баъзе дар пизишкӣ баъзе дар муҳандисӣ ва риштаҳои дигари илмӣ дорои истеъдод мебошанд ва дар натиҷа мувафақият барои ҳама дар як замина мумкин нест касоне ки тавоноӣ муҷтаҳид шуданро надорад чи бояд бикунанд? Оё набояд ба як муҷтаҳид яъне мутахасиси дар дин руҷӯъ кунанд?
💠 Матни баррасӣ:
Бародари арҷманд!
Иҷтиҳод ба маънои таҳсили илм ба аҳкоми шаръ, як шуғл ё риштаи илмӣ аз қабили муҳандисӣ ва пизишкӣ нест ки ҳар кас дӯст дошт онро ихтиёр кунад ва ҳар кас дӯст надошт онро вогузорад, бал як таколифи шаръӣ монанди намоз ва рӯза аст ки бар ҳар мусалмоне фариза аст; Чароки инсон барои хӯрдан ва хобидан офарида нашуда, балки барои бандагии Худованд офарида шуда; Чунонки дар китоби Худованд омадааст: ﴿وَمَا خَلَقْتُ الْجِنَّ وَالْإِنْسَ إِلَّا لِيَعْبُدُونِ﴾[1]; <<Ва инс ва ҷинро наёфаридем магар барои инки Манро бандагӣ кунанд>> Ва бандагии Худованд ба маънои фармонбардорӣ аз Ӯст, ҳар чанд мусталзими машаққат бошад ва ...
📚 Барои идома ба сайти зер муроҷиъа кунед:
Манбаъ: Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ https://www.alkhorasani.com/tg/content/1192/
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев