Эй ҷону эй ҷигар, ба Худо месупорамат.
Бахтат ҳамеша ҳамраҳу роҳат сафед бод,
Дар марзи баҳру бар, ба Худо месупорамат.
Ҳар ҷо ки меравӣ ҳама дам сарбаланд бош,
Ҳошо, на дар ба дар, ба Худо месупорамат.
Меҳри Ватан ба дил бибар, онро макун иваз
Бо кишвари дигар, ба Худо месупорамат.
Бархе хасон талоши ту нодида дидаанд,
Онҳо куҷо башар? Ба Худо месупорамат.
Аз сифлагони касфуруш, аз бардагони нафс,
Ту кардаӣ ҳазар, ба Худо месупорамат.
Ин ҷамъи гургу мешу юз одам ба суратанд,
Худро гиру бибар, ба Худо месупорамат.
Дидам, ки завқу шури ту саркуб мешавад,
То бошӣ борвар, ба Худо месупорамат.
Дасти дуо ба сӯи Худо боз кардаам,
«Эй ғоиб аз назар, ба Худо месупорамат*». *Аз Хоҷаи Шероз
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев