Ин ноҳия 11 июни соли 1934[1] дар бахше аз вилояти Сталинобод дар Ҷумҳурии Шӯравии Сосиалистии Тоҷикистон таъсис ёфта аст[2]. Маркази ин ноҳия шаҳраки Ёвон (порсӣ: ﯾﺎﻭﺍﻥ ) аст, ки дар канори рӯди Ёвон, 54 км ҷанубу шарқтар аз Душанбе ва 88 км шимолтар аз Қурғонтеппа ҷой дорад. Ёвон-мувофики маъхазхои таърихи номи 10-умин фарзанди ҳазрати Одам а.с. будааст. тадкикотхо нишон доданд, ки дар ин сарзамин дар асри санг ва хатто пеш аз он инсонхо зиндаги ба сар мебурдаанд. Ин далоил бар он аст, ки аз ин минтака ашёхои сангии таърихи ёфт гардиданд. Дар фархангномахо бошад, мафхуми Ёвонро биёбон шарх додаанд, ки ишора бар хамвории замини он аст.
Ҷойгоҳ[вироиш] Ноҳияи Ёвон бо сарзамине 976,2 км² дар дараи рӯди Вахш ҷой дорад. Дар шимол бо ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Ваҳдат аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, дар шарқ — бо ноҳияҳои Норак ва Данғара, дар ғарбу ҷануб — бо ноҳияҳои Хуросон ва Ҷомӣ аз ноҳияҳои вилояти Хатлон ҳамсоя аст.Равобити нохияи Ёвон бо аксарияти вилоятхо,шахру нохияхои чумхури ва бо кишвархои хоричи дар сохаи химияви, махсулоти хочагии кишлок, полези, тичорати, фарханги, маъдани ва дигар самтхо равобит дорад. С а н о а т и ноҳияи Ёвон низ сол то сол тараққӣ мекунад. Корхонањои асаосии саноатї заводњои таъмири механизмњо, конструксияњои оњану бетонї ва маснуоти оњану бетонии раќами 3, ТЭЦ-и Ёвон, заводи нон ва устохонаи таъмири мошинњои хољагии ќишлоќ мављуданд. Дар ноњия аз соли 1966 сохтумони дар Осиёи Миёна калонтарин заводи электрохимиявии Ёвон оѓоз ёфта, комплекси якуми он декабри соли 1978 мањсулоти аввалин (гипохлорити калсий) дод. Завод дар асоси ашёи хоми минералии мањаллї (доломит ва оњаксанг) кор мекунад. Мардум[вироиш] Забони кории харрузаи мардуми нохияи Ёвон ба забони тоҷикӣ сухан мегӯянд. Мувофики маълумоти оммори дар соли 2009 дар ноҳияи Ёвон 176 200 ва дар соли 2022 248100 нафар мардум зиндаги мекунанд. Дар нохияи Ёвон якчанд кавму миллатхо зиндаги мекунанд. Масъалан: точикхо, узбекхо, русхо, казокхо, киргизхо, хитоихо ва дигар кавму миллатхо умр ба сар мебаранд. Аслан ин минтака, нохияи аграри буда, ба сохахои кишоварзи, чорводори, богдори, токпарвари, кандакори, кулолгари, заргарию зардузи ва ба дигар сохахо шугл меварзанд. Мардуми нохия бисёр мехмоннавоз, мехмондуст мебошанд. Ҳукумат[вироиш] Сарвари ноҳияи Ёвон Раиси Ҳукумати он аст, ки вайро Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин мекунад. Ниҳоди қонунгузори ноҳияи Ёвон Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад ки онро раъйдиҳандагони ноҳияи Ёвон барои 5 сол интихоб мекунанд.Дар нохия инчунин дигар идораву кумитахо амал мекунанд. Бахшбандӣ[вироиш]
Таърих[вироиш] Сарзамини кунунии ноҳияи Ёвон дар садаҳои миёна бахше аз вилояти торихии Хутталон буд. Пас аз инқилоби Бухоро дар соли 1920 ва таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Тоҷикистон Ёвон бахше аз вилояти Сталинобод гардид
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 1