Гунҷишк ба Худованд гуфт : - Лонаи кучаке доштам оромгоҳу хастагиям, сарпаноҳи бекасиям буд, ки туфони ту онро аз ман гирифт. Он лонаи кӯчаки ман куҷои дунёи туро танг кардаю гирифта буд? Худованд гуфт : - Дар вакти ту хоб буданад море ба лонаи ту даромад. Бодро гуфтам, ки лонаатро вожгун кунад . Он гоҳ ту аз камини мор гурехти . Чи балоҳое, ки ман ба воситаи муҳаббатам аз ту дур кардам, ту боши надониста, ба душманиам бархости. Эй дӯст!!! Пас бидон, ки ҳар як нохушие ба сарат меояд, сабр кун ва ё хушие ба ту мерасад шукр кун чун, ки ҳар яке сабабе дорад!