Б. Рибаков, доктори илмҳои таърих, ҳиндшиноси машҳур, директори Институти шарқшиносии АИ Русия Бобоҷон Ғафурович Ғафуров дар ҳақиқат инсони аср буд. Ин дар он замонҳое буд, ки ибораи яке аз сиёсатмадорони маъруфи ҳамон солҳо вирди забонҳо буд: «Шарқ бедор гардид танҳо Институти шарқшиносӣ дар хоб аст». Б. Ғ. Ғафуров корҳои зиёдеро анҷом додаст, то ин ки сиёсати кишвари мо бо ба ҳисоб гирифтани омилҳои шарқӣ бунёд гарданд. Шарқ моро дар хотир дошт. Дар даврони фаъолияти Б. Ғ. Ғафуров сохториҳои нави Институт поягузорӣ шуданд, нашриёти «Адабиёти Шарқ» созмон ёфт. Ӯ моро бакор истихдом намуд, Шахсан ӯ маро инсони хушбахт гардонид. Ӯ инсони одӣ набуд. Ӯ инсони асил буд. Ӯ, содда карда гӯем, ҳамзамон ҳам таҳиягар ва ҳам бозигар буд. Ӯ табиатан фаррохнигар ва ба таври шарқиёна хирадманд буд. В. М. Солнсев - директори Институти забоншиносии АИ Русия, узви вобастаи АИ Русия. Дар бораи Б. Ғ. Ғафуров метавон китоби бузурге навишт. Ӯ шахсияти барҷаста, ҳамаҷониба ва миқёсан бузурге буд. Б. Ғ. Ғафуров Н. С. Хрушёро, ки ӯро аз вазифаи Котиби аввали ҲК Тоҷикистон барканор карда буд, дӯст намедошт... Мегӯянд, ки Хрушёв ин корро барои он карда буд, ки Ғафуров дар Пленуми КМ ҲКИШ доир ба кишоварзӣ дар соли 1953 (тирамоҳ) дар мавриди кишти ҷуворимакка зидди ӯ суханронӣ намуда буд. Инро Хрушёв фаромӯш накард ва дар соли 1956 (пас аз анҷумани ХХ) Ғафуровро аз вазифа холӣ намуд. Б. Ғ. Ғафуров борҳо такрор мекард, ки : «…Хрушёвро суд кардан лозим. Ӯ парчами моро зери по кард»… Ин қиссаи Б. Ғ. Ғафуров ҳам дар хотирам нақш бастааст. Зарурати моли сахте барои Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш омад ва Б. Ғ. Ғафуров ба қабулгоҳи И. В. Сталин меравад. И. В. Сталин пушти мизи дарозе нишаста, чизе менавишт. Б. Ғ. Ғафуров ба ӯ гуфт, ки ҷумҳурӣ корҳои зиёдеро анҷом додаст. Сталин гуфт: «Хуб, давом деҳ». Он гоҳ Ғафуров ба ӯ мефаҳмонад, ки ҷумҳурӣ метавонад боз корҳои зиёдеро анҷом диҳад. Сталин дар посух гуфт: - Ман маблағ надорам ва боз ба навиштан машғул шуд. Пас аз муддате Сталин сар боло карду пурсид: -Ғафуров, ту ҳоло ҳам ҳамин ҷо ҳастӣ? - Ба ман маблағ даркор аст – ҷавоб медиҳад ӯ. -Хуб, оқибат гуфт И. В. Сталин, ба назди Маленков рав ва бигӯй, ки ман розӣ ҳастам. Ӯ бароят маблағ медиҳад… Ин шахс дар бораи худ хотираи дурахшоне гузоштааст. Ӯ барои ҷумҳурӣ хидмати зиёде кард ва барои инкишофи илми шарқшиносӣ саҳми бузурге гузошт. Хотираи дурахшони ӯ дар қалби мо маҳфуз хоҳад монд. И. Ю. Юдаков, котиби илмии Институти шарқшиносии АИ Русия Яке аз хислатҳои фарқкунандаи Б. Ғ. Ғафуров ин возеҳии ҳадафҳо ва роҳҳои ба он расидан, дар аксари маврид ғайримустақим ва на шитобкорона, вале хирадмандонаву шарафмандона буд. Ва он ки таҷрибаи бузурги ҳаётие, ки ақлро хирад мебахшад, «аз они ман»-ро ба «аз они мо» мубаддал месозад. Дуюм ,маҳорат ва санъати муносибат кардан бо одамон. Шояд ин маҳорати на ба ҳар шахс хос пайванд ба мардуми Шарқ будани ӯ ва шояд он як чизи худодод бошад. Аммо гоҳе иттифоқ меафтод, ки пас аз мулоқот бо Б. Ғ. Ғафуров душман дӯст мегардид ё ин ки дар ниҳояти кор душманиро қатъ мекард. Муносибати ӯ бо ҳамкасбон ҳам шавқангез ва ҳам омӯзанда буд. Сеюм, ин таҳлили ҷиддии замони муосир ва шавқу рағбати бениҳоят ба омӯзиши ҷамъхиятҳои анъанвӣ буд… «Шарқ кори нозук аст» - ин шиор қабл аз он ки дар экранҳои кино намоён шавад, ҳамеша вирди забони Б. Ғ. Ғафуров буд. Чорум, ин такомули маҷмӯъии шарқшиносӣ ҳамчун илм, ҳамчун муносибати илмӣ, ҳамчун Институт мебошад. Яъне дар даврони Б. Ғ. Ғафуров дар Институт як силсила шохаҳои нави илми шарқшиносӣ пайдо мешаванд (ва шумораи ходимон низ чанд баробар афзун мешавад). Панҷум, ин қобилияти барҷастаи дипломатии ӯст. Дар аксари маврид мулоқотҳои ғайрирасмӣ, вале ба таври шарқиёна баргузоршуда бо ходимони сиёсии мамолики Шарқ, барои барқарор намудан ё такомули васеи муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии мамлакати мо бо кишварҳи навбатии Шарқ «санги маҳак» буд. Шашум, ин интернатсионализми амиқ ва шӯҳратманд. Барои Б. Ғ. Ғафуров ҳам баланд бардоштани шахсият ва ҳам номақбулии қисматҳо, анъанаҳо ва русуми миллӣ яксон бегона буданд. Б. А. Литвинский, академики АИ ҶТ Хушбахтона, ба ман муяссар гардид, ки дар паҳлӯи Б. Ғ. Ғафуров дар давоми ду даҳсола. яъне дар тӯли тамоми сарварии ӯ дар Институти шарқшиносии АИ СССР дар Маскав кор кунам. Дар ин солҳо моро ҳамкории шахсӣ дар инкишофи робитаҳои илмии байналхалқии Институт мепайваст. Ва ин вазъ ба ман имкон медод, ки фаъолияти ӯро аз наздик дар чорчӯбаи ҳам Институт ва ҳам хориҷ аз Иттиҳоди Шӯравӣ дар созмонҳои байналхалқӣ мушоҳида кунам. Академик Б. Ғ. Ғафуров ҳамеша ба инкишофи робитаҳои байналхалқӣ ва ҳамкории байникишварҳо аҳамияти бузург медод ва ман ба хулосаи қатъӣ омадам, ки ин равияи корро ӯ аз ҳама корҳои дигари худ бартару заруртар мешуморид. Яке аз натиҷаҳои чашмраси ӯ дар Маскав гузаронидани Кунгураи байналмилалии шарқшиносӣ дар моҳи августи соли 1960 буд. Ба дунболи он дар соли 1964 ӯ олимони шӯравиро ба Кунгураи шарқшиносони Ҳинд дар Ню- Дели сарварӣ кард. Дар соли 1973 бошад ба ҳайси сарвари ҳайати хеле калони олимони шӯравӣ дар кори Кунгураи ҷашнии шарқшиносон дар Порис ширкат намуд. Ин Кунгура пас аз сад соли гузаштани Кунгураи аввалини байналхалқии шарқшиносон даъват шуда буд. Дар Кунгураи Порис Б. Ғ. Ғафуров ноиб-президенти Иттиҳодияи байналхалқии шарқшиносон интихоб гардид. Акбар Турсунов Б. Ғ. Ғафуров аз ҷой бархоста ба пеши ҷевоне рафта аз он китоберо гирифта варақ заданд (он «Забони адабии тоҷикӣ» ном маҷмуаи мақолаҳо буд, ки аз тарафи Раҳим Ҳошим тартиб додашуда соли 1930 ба табъ расидааст) ва саҳифаи даркориашро ёфта ба ман рӯ оварданд: — Ана гӯш кунед, дар ин бора домулло С. Айнй чиҳо навишта буданд: «Касе, ки ба адабиёти кӯҳна ва нави форсй ва тоҷикӣ шиносоӣ дорад, ба хубй медонад, ки дар миёни онҳо фарқи асосӣ нест. Дуруст, агар мо лаҳҷаҳои маҳаллиро дар назар гирем ва ба ҳамон нигоҳ карда забонро ба гурӯҳҳо ҷудо кунем, на ин ки дар байни Эрон ва Осиёи Миёна, балки дар байни худи аҳолии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳам хеле лаҳҷаҳои ҷудогона ёфт мешавад. Лекин дар дуньё ҳеҷ қавме нест, ки ҷудогонагии ҷузъии лаҳҷаҳои маҳаллиро дар назар гирифта, барои ҳар лаҳҷа як забони ҷудогона сохта бароварда бошад. Як тоҷик ё як эронӣ асарҳои Саъдӣ, Ҳофиз, Низомӣ ва монанди инҳоро чӣ қадар фаҳмида ва дӯст дошта хонад, ҳамон қадар ҳам асарҳои Рӯдакӣ, Қамоли Хуҷандӣ, Исмати Бухорӣ, Сайфи Исфарангй ва монанди инҳоро фаҳмида ва дӯст дошта мехонад. Як тоҷик барои фаҳмидани баъзе луғатҳои аз форсии қадим гирифташудаи Фирдавсӣ ба чн андоза ба душворӣ афтад, як эронӣ ҳам барои фаҳмидани онҳо ҳамон қадар душворӣ мекашад». Б. Ғ. Ғафуров китобро пӯшида, айнакашонро ба рӯи миз гузоштанд ва гуфтанд: — Дар навбати худ ман мехоҳам як нуктаро таъқид намоям. В. И. Ленин ки дурандештарнн олими ҷамъятшинос ва сиёсатманди бузурги асри XX буд, Осиёи Миёнаи советиро ҳаққонй дарвозаи Шарқ ҳисоб мекард. Агар мо тафовути ҷузъии шеваҳои ҷудогонаи пороигӯёни осиёиро аз будааш зиёд нишон дода забони тоҷикиро аз маҷрои умумии инкншофи забонҳои мазбур дар гузашта ва ҳозира ҷудо карда гирем — ин на фақат хилофи ҳақиқат, балки кӯтоҳии идеологй ҳам мебуд, зеро дар он сурат забони тоҷикй вазифаи интернационалии худро ба ҳадде, кй бояд, адо карда наметавонад. Хусусан ки дар оянда доираи равобити фарҳангин мо бо ҳамзабонони хориҷиамон васеъ хоҳад шуд. Ба қарибӣ бо баъзе нависандагони тоҷик гуфтугӯ доштам. Ман ба онҳо як чизро талқин карданй шудам: суханварони тоҷик бояд бо забоне нависанд, ки осорашонро ҷамен форсизабонони Шарқ хонда фаҳмнда тавонанд. Аз олимон низ ман ҳамин гуна дархост дорам: барои мактабҳои миёна, миёнаи махсус ва олӣ ба тоҷиқӣ китобҳои дарсии ҳозиразамон бояд навишт — ҳамон тавре навишт, :ки барои ҳамзабонони кишварҳои ҳамсоя низ ба кор оянд... — Ба фикри Шумо инкишофи забону фарҳанги тоҷик дар оянда чӣ гуяа ҷараён хоҳад гирифт? — аз фурсат истифода бурда суол кардам ман. — Д ар ин бора ҳеҷ гоҳ ду хел фикр вуҷуд дошта наметавонад,— ҷавоб доданд Б. Ғ. Ғафуров,— Яқин аст, ки дар партави ғамхории ҳамешагии Партияи Коммунистӣ, дар асари шароити муооиди таърихие, ки дар замони социализм фаро расидааст, заковату истеъдоди халқамон боз ҳам рушду нумӯъ хоҳад кард... *** Дар воқеъ, дастовардҳои маънавии шаст соли охир ин хулосаи некандешро дар ғояти аёнй тасдиқ мекунанд. Таи солиёни мазкур тоҷикон дар натиҷаи инқилоби Октябрь давлати миллии худро аз нав барқарор намуда, дар ҷараёни робита ва ҳамкории судбахш бо соири халқҳои хуштолеи советӣ ба буньёди фарҳанги нав маданияти социалистӣ пардохтанд. Сарчашмадорони ин маданият Садриддин Айнӣ ва Абулкосими Лоҳутй, Бобоҷон Ғафуров ва Мирзо Турсунзода буданд, маҳз тавассути офаридаҳон илмию бадеии онҳост, ки оламиён порсигӯённ Осиёи Миёнаро мешиносанд ва қадр мекунанд. Саҳифаҳои минбаъдаи солномаи маданияти социалистии тоҷик аз зикри ҷамили онҳое ранг гирифтаанд, ки ҳар яке мувофиқи имкону ҳиммати хеш ба халқу кишвар хидмат карда, баҳри афзудани шӯҳрату шукӯҳи миллаташон қуввати ақлу бозуи худро дареғ надоштаанд. Акбар Турсунов. Эҳёи Аҷам. Руҷӯи таърихию публисистӣ. Душанбе, Ирфон, с.1984 Рӯзе дар хонаи нависанда Ҷалол Икромӣ нишасте ба ифтихори Бобоҷон Ғафуров барпо шуд. Иддае аз аҳли илму адаб гирд омаданд. Аз ҷумла Мирзо Турсунзода ва профессор Иосиф Самойлович Брагинский ҳозир шуданд. Яке аз аҳли нишаст Бобоҷон Ғафуровро шодбош гуфт ва таъкид кард, ки чун Ғафуров ба унвони сарвари Тоҷикистон (солҳои 1946–1956) ва донишманди забардасте барои миллат хидматҳои бузург кардааст, бахусус пас аз чоп шудани китоби «Тоҷикон» месазад, ки ӯро падари миллат бигӯем. Б. Ғафуров сухани ӯро бурид ва гуфт: « Камина падари миллат нестам, фарзанди миллат ҳастам, ки мехоҳам хидмат кунам. Падари миллат устод Айнӣ буд, ки барои умри дубора ёфтани тоҷикон бештар аз ҳар касе мубориза кардааст ва ба ғалаба расидааст.» Ин сухани Бобоҷон Ғафуров ба аҳли маҷлис хуш омад. Аввал рӯҳу равони падари миллатро табрик хонданд ва баъд фарзанди миллатро шодбош гуфтанд. Мавод аз Википедиа — донишномаи озод МУСОҲИБАИ АКАДЕМИК БОБОҶОН ҒАФУРОВ БО СИРУСИ АЛИНАЖОД Ин мусоҳиба сӣ солу анде пеш анҷом шудааст. Замоне ки Бобоҷон Ғафуров, сиёсатмадор ва донишвари тоҷик (1909-1977) барои нахустину охирин бор ба Эрон омад. Он замон ӯ 64 сола буд ва ду се сол баъд шунидам, ки гӯё дар худи Тоҷикистон даргузашт. Бо он ки форсиро хеле хуб суҳбат мекард, аммо мусоҳиба бо кӯмаки мутарҷим, устод дуктур Иноятуллоҳ Ризо, ки мизбонии ӯро дар Теҳрон ба уҳда дошт, анҷом гирифт. Ин бад-он ҷиҳат буд, ки Бобоҷон Ғафуров бо таваҷҷуҳ ба тафовути лаҳҷаҳо ва ҳамчунин солҳо дурӣ аз Тоҷикистон фикр мекард мумкин аст дар баёни посухҳо ба форсӣ салосат ва равонии лозимро натавонад ба кор гирад. Русиро равонтар аз форсӣ суҳбат мекард. Дар он замон ӯ бист соле мешуд, ки муқими Маскав буд ва раёсати Институи ховаршиносии Маскавро ба уҳда дошт. Бо вуҷуди ин мегуфт ҳаргиз натавонистааст забони форсиро канор бигзорад – “фаромуш кардани форсӣ мумкин нест”. Ман бо вуҷуди ин ки дар он замон ҳанӯз хеле ҷавон будам, вале ба хотири алоиқам бисёре аз эроншиносонро аз русӣ то Омрикоӣ дида будам, бо онҳо ҳамсуҳбат ва ҳамсафар шуда будам, мусоҳиба карда будам, аммо пас аз дидани Ғафуров донистам, ки дар байни эроншиносон марде ба донишу пухтагии ӯ надидаам. Шояд ҳам дар тамоми умр марде ба қомати ӯ дар фазлу дониш камтар дида бошам. Тоза нишаста будам ва ҳануз мусоҳиба оғоз нашуда буд, ки гуфт: “Ман якчанд сухан мегӯям, баъд...” Фикр кардам мехоҳад ҷуз мусоҳиба як чизи фармоишӣ ҳам аз ӯ чоп шавад. Пеш аз он ки мувофиқатамро эълом кунам, хондани матнеро, ки бар ёддоштҳои ҷайбӣ нигошта буд, оғоз кард. Ман бо пешдоварӣ нахуст ба ӯ гӯш насупурдам, аммо чанд сатре нахонда буд, ки лаҳни калом ва самимияти суханаш маро гирифт. Вожаҳоро чунон шавқомез адо мекард, ки ангор як эронии солҳо дурмонда аз ватан дорад чизе дар бораи сарзамини худ мегӯяд. Ёди Иброҳимбег1 уфтодам ҳангоме ки (дар) сафарномааш ба он ҷо мерасад, ки аз марзи Русия вориди Эрон мешавад. Вақте тамом шуд мисли ин ки фикри аввали маро хонда бошад, гуфт: “Фикр накунӣ... Ман воқеан эҳсосамро баён кардам”. Ман аз бадгумонии худ шармсор шудам. Гуфтам ёддоштҳоятонро бидиҳед, бубинам. Гуфт “хондан наметавонед шумо инро” ва дар ҷайбаш гузошт. Он ёддоштҳо нишон медод, ҳамон гуна, ки ёди тоҷикон ва сарзаминашон ҷони моро аз шавқ бармеоварад, вуҷуди ӯ аз шавқи Эрон моломол буд. “Агарчи ман бори аввал аст, ки қадам ба сарзамини Эрон ниҳодам, бо вуҷуди ин мисли ин ки ман чандин дафъа ин ҷо будаам. Чунки аз китобҳо, аз лаҳҷаҳо ва аз ҳар навъ тасвирҳо ман Эронро мисли ин ки пеши чашми худ мебинам ва хушбахтона ман ҳоло ҳақиқатан пеши чашми худ мебинам. Ду се рӯз зиёда нест, ки ман дар Эрон ҳастам, аммо ман меҳмоннавозӣ ва дӯстиву ҳамкории донишмандони Эронро ҳис кардам. Дар Эрон як зарбулмасали машҳур аст: Дӯстӣ бо мардуми доно накуст. Ин ки дуруст аст, ба ғайр аз ин сарзамини Эрон аз ҳар тараф қашанг аст. Ин кӯҳҳои баланду боазамат, ин офтоби дурахшон, ин обу ҳавои соф одамро хушҳол мекунад. Ин замини самараноки Эрон бо дастҳои мардуми доно ва коркунони Эрон натиҷаҳои хуб медиҳад. Дар ин айём дар Эрон дигаргуниҳои бузург мешавад. Тамоми дунё медонад, ки адабиёти қадими Эрон ба тамоми дунё хидмат кардааст. Ба фикри ман адабиёти форсӣ фарҳанги ҷаҳонро ғанӣ кардааст. Устураҳои дурахшони дараҷаи аввал ва шоироне мисли Рӯдакӣ, Хайём, Саъдӣ, Ҳофиз ва Фирдавсии кабир бо нури худ роҳи дӯстиро нишон додаанд ва нишон медиҳанд. Масалан, суханони ҷовиди Фирдавсӣ, ки гуфтааст: Тавоно бувад, ҳар ки доно бувад, Зи дониш дили пир барно бувад. Ин каламот андешаҳои бузурги шоирон ва мардуми наҷиби Эронро нишон медиҳад. Барои ҳар кас дидани сарзамине, ки шоироне мисли Фирдавсӣ додааст, хушбахтии бузурге мебошад. Бояд самимона арз кунам, ки мардуми Шӯравӣ ба Эрон на ба унвони хориҷӣ ворид мешаванд, мисли ҳамсояе ба хонаи дӯстони худ меҳмон меоянд. Дӯстӣ байни Эрон ва Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ таърифи (бояд таърихи бошад) дуру дарозе дорад ва фоидаи бузурге барои ҳарду мамлакат бахшидааст. Шакке нест, ки бо кӯшиши ҳарду тараф муносиботи Эрон ва Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ рӯз ба рӯз мустаҳкамтар ва самарбахштар хоҳад шуд.” Нуктае, ки лозим аст дар бозхони он мусоҳиба бинависам, ин аст, ки Бобоҷон Ғафуров ба даъвати Фараҳ Паҳлавӣ ба Эрон сафар карда буд. Дар он мусоҳиба ҳам аз ман хоста, ки маротиби ташаккуру қадрдонии ӯро аз “шаҳбонуи Эрон” бобати ин даъват дарҷ кунам, аммо ман ба асоси афкори он замон аз навиштани он иборот дар мусоҳиба худдорӣ кардам. Дар дидори баъдӣ аз интишори мусоҳибааш ташаккур кард, вале зимни он аз ман гила карда, ки чаро ташаккури ӯро аз шаҳбонуи Эрон чоп накардаам. Ман ки ҷавобе надоштам ва зимнан бо каллахаробиҳои (маҳдудияти фикрии) он замон бо навиштани чунон чизе мувофиқ набудам, чиҳое гуфтам, ки рабте ба қазия надошт ва бештар мушти маро назди ӯ во (музтар) мекард. Имрӯз аммо фикр мекунам ҳар кас кори нек кард, бояд навишту гуфт ва бар он таъкид кард ва ҳамвора бояд қадри корҳои некро аз ҳар кас ки сар зада бошад, донист. Даъват аз Бобоҷон Ғафуров кори арзандае буд. Ҳама чизро набояд аз зовияи сиёсат нигарист. Кишвар муҳимтар аз сиёсат аст. Ва саранҷом он ки чанд сол пеш бо пруфисур Раҳими Мусулмониёни Қубодиёнӣ, аз рушанфикрони дараҷаи аввали Тоҷик, ки акнун дар Теҳрон зиндагӣ мекунад ва мо Эрониён ифтихори мизбонии ӯро дорем, мусоҳибае кардам, ки дар маҷаллаи “Паёми имрӯз” чоп шуд. Аз он пас ошноии мо ба дӯстӣ бадал шуд ва гоҳ-гоҳ дар дафтари маҷалла дидор мекардем. Як рӯз суҳбати Бобоҷон Ғафуров пеш омад. Гуфтам, ки ӯро дида будам ва бо ӯ мусоҳибае дорам. Бисёр иштиёқ нишон дод, ки нусхае аз онро дошта бошад. Аз асли он фақат як нусха доштам, ки наметавонистам тақдимаш кунам, вале дар дидори баъдӣ футукупии онро ба ишон додам. Намедонам бо он чи кард, аммо гӯё ба навъе онро дар Тоҷикистон интишор дода бошад. Шунидам дар китоби тозаи устод Муҳаммадҷон Шакурӣ, донишвари тоҷик, ба ин мусоҳиба ишора рафтааст. Фикр кардам чи беҳтар, ки ин гуфтугӯи камёб бо интишори муҷаддад дар ин сафаҳот дар ихтиёри тамоми касоне қарор гирад, ки ба сарнавишти форсӣ дар он сӯи Ҷайҳун меандешанд. Сируси Алинажод Алинажод: Нахуст мехостам аз вуҷуҳи иртибот ва ихтилофи форсии Эрон ва Тоҷикистон бароям бигӯед. Ғафуров: Тоҷикҳо забони форсиро ба шакли асилтаре нигоҳ доштаанд. Чунон ки камтар омехтагӣ пайдо кард бо забони арабӣ, ки дар Эрон нуфуз ёфт. Албатта дар ин замина бояд гуфт, ки ин танҳо тафовутест, ки байни забони тоҷикӣ бо забон.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев