Маҳдудиятҳое, ки дар либосу зиннати зан қарор дода шудааст, фақат барои чилвагирӣ аз фасодест, ки дар натиҷаи ошкор кардани зиннат ба вучуд меояд. Лизо он чӣ Ислом овардааст, озодии занро маҳдуд намекунад, балки вайро аз суқут дар умқи мунҷалоби хорӣ ва зиллат ва гирдоби ибтизол ҳифз менамояд то ба сурати намоише барои чашмчаронон дар наёяд. Мо дар ин мухтасар барои ташвиқ ба ҳиҷоб, ба зикри фазилатҳои он пардохта ба оқибат ва анҷоми хуби он башорат медиҳем. Ҳамчунин, айбҳо ва бадиҳои беҳиҷобиро ёдоварӣ намуда ва аз оқибат ва саранҷоми бади он дар дунё ва охират ҳушдор медиҳем то аз беҳиҷобӣ дурӣ карда, ба ҳиҷоб рўй оваред. Худованд ниятҳоро беҳтар медонад. Ў моро кофист ва беҳтарин корсоз аст.


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев