Предыдущая публикация
Умр агар бошад боқи, хотират шод мекунам.
Роҳе, ки паймудани ҳастам бо ҳамроҳи шумо,
Орзуҳои диламро бе ту барбод мекунам.
Дар дабистони Ту охир бо ту будан орзуст,
Ин замон танҳо нишаста шеърат азёд мекунам.
Ту намедони чи гуна завқи шеъргуист Маро?
Оҳ Худоё шукри он завқи Худодод мекунам.
Ҳар куҷое будаму ҳастам ба эъҷоди худам,
Издиҳомеро ба лутфи хештан шод мекунам.
Роҳе, ки ту мерави ман аз паят пой мондаам.
Ҳар каломе аз қалам уфтод варо ёд мекунам.
Ончунон шеърҳот фасеҳанду қарибу дилнишин,
Сабку услуби туро, дар шеърам обод мекунам.
Ин ду исм ҳаст, як маром дар ҳар қатор,
Лаъли инро ҳарки ёбад хотираш шод мекунам.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 43
Сипос барои таваҷҷуҳатон
Нигоҳатон мағзи суханро дарк менамояд сипоси бепоён
Худо бо туст, эй дӯсти накудил.
Муроди ман зи ин шеър ҳам ману Туст,
Нависам ман Ту таҳлил сози эй дӯст.
Ҳама ҳарфат ҳузури дил бигардад!
Умедворам, ки бар ҳар мисраҳоят,
Ҷаҳоне моилу қоил бигардад!
Ташаккур, ҳазорҳо ташаккур ба бовариву эътимодатон нисбати бандаи камина.
Куҷо ёбад шунида роҳати дил.?.
Шумо ҳастед, саду садҳо бузургон,
Куҷо созам ба як шеър омма қоил.
Т К
Симои шамсгуну гирдамоҳат.