Ӯ дар даст шамшер ба шаҳр дохил шуд. Ногаҳон аз пеши Самома ҳазрати Умар (р) баромаданд. Ҳазрати Умар (р), ки хеле ҳушёру зирак буданд, ваҷоҳати пур аз ғазаб ва ҳаракатҳои шубҳаноки Самомаро пай бурда ба ӯ наздик омада гуфтанд: - Ту барои чӣ ба Мадина омадӣ? Самома гуфт: - Ман омадам, то Муҳаммад (саллаллоху алайхи вассалам) - ро ба қатл расонам. Ҳазрати Умар (р), ки марди нерӯманду шуҷоатнок буданд, он мардро хобонида шамшерро аз дасташ кашида гирифтанд ва дар яке аз сутунҳои масҷид дастонашро ба пушт бастанд. Сипас Умари Форуқ (р) назди Расули Худо (саллаллоху алайхи вассалам) рафта воқеаро гуфтанд. Ҳазрати Муҳаммад (саллаллоху алайхи вассалам) аз хона ба масҷид омаданд, то Самомаро бубинанд. Ишон Самомаро дар он ҳол дида дилашон сӯхт ва новобаста аз он, ки вай барои куштанашон омада буд, гуфтанд: - Оё ба ин таоме доданд? Ҳазрати Умар (р) ҳаяҷонзада изҳор намуданд: - Эй Расули Худо (саллаллоху алайхи вассалам) Шумо кадом таомро дар назар доред? Охир ин мард қасди куштани шуморо дошт. Дар ӯ ягон нишонаи мусулмонӣ дида намешавад. Пайғамбар (саллаллоху алайхи вассалам) амр карданд, ки «рафта аз хонаи ман барои ин мард шир биёред». Пас аз чанд лаҳза нафаре аз хонаи Расуллулоҳ (саллаллоху алайхи вассалам) шир овард. Дастони Самомаро кушоданду ӯ ширро хӯрд. Баъд ҳазрати Муҳаммад (саллаллоху алайхи вассалам) ба ӯ гуфтанд: «Эй мард, «Ло илоҳа иллаллоҳу Муҳаммадун расулуллоҳ»- бигӯ, комёб мешавӣ". Самома чизе нагуфт. Ҳазрати Муҳаммад (саллаллоху алайхи вассалам) фармуданд, ки «ӯро озод кунед, то биравад». Марди мушфиқ, ки барои куштани Пайғамбар (саллаллоху алайхи вассалам) омада буд, аз масҷид қадре берун рафта, бозпас омад.Назди ҳазрати Муҳаммад (саллаллоху алайхи вассалам) нишаста калимаи шаҳодатро ба забон ронд: «Гувоҳӣ медиҳам, ки ғайри Аллоҳ маъбуди дигаре нест ва Муҳаммад бандаю фиристодаи Худост». Ҳазрати Муҳаммад (саллаллоху алайхи вассалам) ба ӯ гуфтанд: - Чаро каме пештар мо аз ту хоҳиш кардем, ту калимаи шаҳодатро нагуфтӣ? Самома гуфт: - Он вақт дар дасти Шумо асир будам. Агар калима мехондам, он аз тарси ҷон мебуд. Ҳоло ки озод ҳастам ба ризои Худованд ихтиёрӣ хондам. Сабаби мусулмон шудани ман ҳам ахлоқи неки Шумо буд. Вақте ки ба Мадина дохил мешудам ба худ мегуфтам : ( Наъузубиллоҳ) «Аз ман зиёдтар нисбати Паёмбар (саллаллоху алайхи вассалам) дар рӯи замин душмантаре вуҷуд надорад». Ҳоло мегӯям: «Савганд ба Худо, ки касе баандозаи ман муҳаббати Худоро дар дил надорад».
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 1