Бар суханҳои дурӯғини ту
бовар кардам.
Бехабар аз ҳама фанду
ҳадафи нопокат,
Дар фазои ҳаваси сина
паропар кардам.
Бо чӣ мақсад ту задӣ лофи
муҳаббат бар ман?
Ту чаро бар мани ғамдида
ҷафоҳо карди?
Он қадар оҳ барорам зи дилам,
ҳамвора,
Ту маро маҳбуси зиндони
балоҳо карди.
Эй ҷафокор зи пеши назарам
фавран рав!
Ман дигар матлаби дидор
надорам дар дил.
Ҳама армони диламро ту ба
қалбам кушти,
Ман дигар хоҳиши гуфтор
надорам дар дил.
Даҳзабони ту макун бар
суханат бовар нест,
Ман дигар ҳамдаму ҳамроз
набошам бар ту.
Ту ба дастони худат ҷоми
вафо бишкасти,
Ман дигар мӯнису дамсоз
набошам бар ту.
Бар ту ман бахту саодат зи
худо мехоҳам,
Гарчӣ ишқи ту дигар дар дили
ғамнокам нест.
Ту бирав ёри касе хоҳи
бишав ,огаҳ бош,
Нисбатат душмание дар
вуҷуди покам нест.....
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 2