Эй писар, бар дӯстон хизмат кунӣ, миннат макун,
Душманатро ҳам миёни халқ беҳурмат макун.
Мӯрро ҳам заррае дониста озоре мадеҳ,
Як нафас ҳам аз сари худ дур ин ҳикмат макун.
Давлати беинтиҳо бошад ба одам сиҳҳатӣ,
Аз паи давлат матозу ҷамъу ғун давлат макун.
Гуфт устодам, ба толеъу саодат то расӣ,
Ҳеҷ бо ҳамсӯҳбати бад баъд аз ин сӯҳбат макун.
Эй сарат аз санг бодо сахттар дар зиндагӣ,
Бо дили нозук ту бар сангиндилӣ одат макун.
Рӯ магардон аз забони модарии ноби худ,
Носипосӣ ҳеҷ гаҳ бар халқу бар миллат макун...