Паёмбари акрам (с) фармуданд: Махбубтарин мардон назди худованд мардоне хастанд, ки ба хамсарони худ бештар эхсон мекунанд, хамчунон ки ман бехтарин шавхар барои хамсарони худ хастам. Паёмбари акрам (с) мегуяд, Чабраил (ъ) он кадар дар бораи хамсар ба ман сафориш кард то хаде, ки хулоса кардам талок додани зан раво нест, магар ошкоро фохишаги кунад. Паёмбари акрам (с) фармуданд: Хар марде силе (муште) ба сурати занаш бизанад, худованд рузи киёмат ба мамури чаханнам (дузах) фармон медихад ба чои он хафт силе оташин ба он мард бизананд.
Мардон бояд:
1. Бадихои занонро бибахшанд ва онхоро ъавф кунанд.
2. Газо ва хуроки муносиб барои онхо тахия намоянд.
3. Либоси муносиб барои онхо фарохам кунанд. (Хар сол чахор бор)
4. Лавозими зинат, монанди атр, руган, мушк…. чихати зинати онхо дар манзиле барояшон мухаё кунанд.
5. Манзил ва махали сукунати муносиб барои онхо тахия кунанд.
6. Дар аёми ид барои онхо хадия ва хурокихо фарохам кунанд.
7. Бо диккат ба суханони зан гуш дихед, вале сухбаташро дар хаки дигарон кабул накунед!
8. Аз куръон махсусан сураи мубораки Нурро ба эшон таълим дихед.
9. Нагузоред бо либоси нозук (тунуки тобанда) ва часпида аз хона ва ё мукобили номахрам намоён шавад.
10. Мардон набояд ихтиёри худро ба дасти занон бидиханд ва хусусан ба суханони онхо дар мавриди хешони худ гуш надиханд, зеро малъун аст марде, ки умурашро занон тадбир кунанд.
Имом Абу Ханифа (р.х.) фармуданд: Аз худо битарсед аз хакки ду заъиф, ятимон ва занон ва паёмбари акрам (ъ) фармуданд: Хар марде, ки беш аз се бор хамсарашро калтак бизанад, худованд рузи киёмат чунон пеши халоик расвояш кунанд, ки хамаи ахли махшар расвоиашро бубинанд.
Ва дар хадиси дигаре фармуданд: Дидам мардеро, ки хамсарашро калтак мезад дар холе, ки худ сазовортар ба калтак хурдан аст, хамсаронатонро бо чуб назанед чун дар дунё ва охират касоси он домани шуморо хохад гирифт ва чунончи хостед онхоро адаб кунед аз хурок ва пушокашон кам бигзоред то дар дунё ва охират суд бибаред.
Ахлоки хонаводагии паёмбари худо Мухаммад (ъ).
Ёфтан ва доштани асвох ва чахор чубахои фикри, кирдори ва гуфтори дар равобити хонаводаги барои хар инсон тавфик дар чихати такомил хар чи бехтари уст.
Аз суи хакикат ахлоки инсон дар хонавода аст, зеро ашхос дар берун кудрат бар рафтор зидди ахлок надоранд ё ба далели чорае мулохизоти бад ахлоки намекунанд. Он касе, ки дар хонаи ки зану фарзандаш тахти назари уянд хушрафтори кард, хуш ахлок аст. Мо уматони расули худо Мухаммад (с) тавре зиндаги кунем бо хонаводаи худ, ки он бузургвор бо тамоми хонаводааш рафтор мекард ва тавре сухан бигуем ки он хазрат сухан мегуфт, он чое газаб кунем, ки он азизи худо хашмгин мешуд ва чое ъавф кунем, ки он чаноб мебахшид.Ойша (р) хамсари расули худо (с) ки ба хусусиёти ахлоки у огох буд, чузиёти ахлок ва рафтори паёмбарро дар як чумла хулоса кард, ки дар хадисе омадааст: Саъд ибни Хишом ривоят мекунад, ки ба дидори модари муминон Ойша (р) рафтам ва аз ахлоки расули худо (с) пурсидам, у гуфт: Оё куръон намехони? Гуфтам чаро? Гуфт ахлоки расули худо (с) куръон аст. (сунан наби с-58)
Ойша (р) мефармояд: Хеч кас аз паёмбар (с) хушахлоктар набуд, хеч касе аз асхоб ва ахли байт уро садо намезад магар ин ки дар чавоб мефармуд: (лабайка).Тамоми асхоб ва ахли Сир навиштаанд: Паёмбари худо (с) дар хонаи хеш хидматгори ахли худ буд, гуштро майда мекард ва бар сафар гизои хакирона таёр мекард ва либоси худро васла менамуд ва бар уштури худ ъикол (зин) мезад ва ба нокаи худ алаф медод ва худ осёб мерафт ва худ хамир мекард.
Расули худо (с) кафши худро васила мезад, пушоки хешро медухт, дари манзилро шаб махкам мекард, субх боз мекард, гусфандон ва уштурхоро медушид ва ба хангоми хаста шудан ахли байташ давон ба кумакаш мешитофтанд ва оби вузу шабашро худ тахия мекард. Ва дар хама корхо ба ахли хона кумак мекард, лавозимини хона ва зиндагониро ба пушти худ аз бозор ба хона мебурд, гохе лахзахое мешуд, ки хазрат хонаи хешро мерубид ва назофа мекард, дар холи таъом пухтан ба хамсараш кумак мекард.
(Абкариёти исломи с-192), (вал- расул ч 1-с-165), (макорими ахлок с-15)
Имом Хусайн (р) мефармояд: аз падарам дар мавриди умури расули худо (с) дар дохили хона савол кардам, фармуданд: вакте ба хонааш мерафт, авкоташро се таксим мекард: як кисм барои худо ва як кисм барои хонаводааш ва як кисм барои худаш, он таксими худашро низ миёни худ ва мардум таксим мекард ва онро барои бастагон ба бузургон ва сахобагон, ки дар манзилаш ба зиёрати у меомаданд карор медод ва зарае аз имконоти худро аз онон дарег наменамуд (балки он чизе имкон дошт дар хаккашон анчом медод.)
(Симои паёмбари ислом с-53)
Худовандо! Моро пайрави хабиби худат гардон, ки дар харду сарой бо ин ахлокхои нокисамон шармандаи ту хастем.
Парвардигоро! Хабиби ту аз гами ислом аз гуруснаги бар шиками худ санг баст вой бар холи мо ки аз руи нафси шиками худ суи ислом санг мезанем.
Худои ман! Доми шайтон сахт аст ва гар лутфи ту ёр нашавад начот аз он мушкил, моро дар панохи лутфат аз васвасахои шаётин, махфуз дор! омин ва РАБАЛ ОЛАМИН!!!
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев