Ин кадар бехуда дилтангам макун" ....
Худ ту бин ман бо чи ҳоле омадам
Назди ту бо дасти холи омадам.
Ҷони ширин нағз медони худат,
Мулки Русҳо рафтаму гаштам кидат.
Рафта афтодам ба дасти армане,
Кор панҷ моҳ кардаму як танга не
Моҳи шаш ӯ дод нисфи ҳиссааш,
Нисфи дигарро бизад бар киссааш.
Мавсим охир гашту дар дил сад алам,
Ҷонакам ман суи ту мондам қадам
Пой ниҳодам бар фурудгоҳи Душанбе,
Ғуссаву ғам дар дилам гардид ду чанд.
Ҳар нафас пеши назар руи ту буд,
Ҷунбиши лабҳои бадгуи ту буд
Ҷони ширин ин қадар вақ-вақ макун,
Дасти худро суи ман байрақ макун.
Ҳаммаи ин кор дар ғайби ту шуд ,
Нағз медони ки бо айби ту шуд
Ту маро карди равон бар шаҳри рус,
Монда инҷо мисли мурғи бе хурус
Рафтам он ҷо сад бало омад ба сар,
Рафтаму гаштам ман онҷо дарбадар.
Соли дигар боз гар созам сафар,
Ҷони ширин бош бе хавфу хатар.
Кун дуо ҳар гоҳ агар ёри мани,
То наафтам ман ба дасти армани...
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 516