🔸 Матни пурсиш:
Ин бузургвор мӯътақид аст ки мардум дар зоҳир набудани Маҳдӣ муқассиранд ва ман ҳам инро қабул дорам, вале суъолам ин аст ки ҳоло дар шароъити феълӣ ки Маҳдӣ зоҳир нест, ба ҳар ҳол мардум чигуна метавонанд яқин ба аҳкоми Ислом пайдо кунанд?!
🔸 Матни посух:
Дар шароъити феълӣ ки Маҳдӣ зоҳир нест, мардум наметавонанд яқин ба аҳкоми Ислом пайдо кунанд ҷуз дар ҳадди заруриёт ва ин асари вазъӣ ва зоҳир набудани ӯст ки аз тақсири онон нашъат гирифта ва уқубате барои онон аз ҷониби Худованд ба сабаби ин тақсир аст; Чунонки фармудааст: ﴾ذَلِكَ بِمَا قَدَّمَتْ أَيْدِيكُمْ وَأَنَّ اللَّهَ لَيْسَ بِظَلَّامٍ لِلْعَبِيدِ﴿; «Он ба сабаби чизе аст ки дастҳотон пеш фиристода ва Худованд ба бандагон ситамкор нест». Ин дар ҳоле аст ки занн ба аҳкоми Ислом барои онон кифоят намекунад; Чунонки Худованд фармудааст: ﴾إِنَّ الظَّنَّ لَا يُغْنِي مِنَ الْحَقِّ شَيْئًا﴿; «Бегумон занн чизеро аз ҳақ кифоят намекунад» Ва ин ба маънои бечорагии онон дар ғайбати Маҳдӣ аст ки бовараш барои онон сахт аст, вале вокеъият дорад ва ҳазрати Мансур аз он хабар медиҳад. Дар воқеъ эшон кӯшиш дорад ба мусалмонон бифаҳмонад ки вақте касе зарфи оби худро дар биёбонӣ хушк гум кардааст, наметавонад ташнагии худро бо чизи дигаре монанди рег ё хори биёбон бартараф намояд ва...
📚 Барои идома ба сайти зер муроҷиъа кунед:
Манбаъ: Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ https://www.alkhorasani.com/tg/content/1093/


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев