Хатто агар дар ёд дошта бошӣ, дар нахуст мулоқотамон аввалин шуда туро сахт оғӯш кардам. Шояд баъди дидани ин манзара ахмақам шуморидӣ, аммо ман, ки ошиқи шайдои ту гашта будаму самимона дӯстат медоштам, фикр намекардам, ки ту дар бораам чӣ мегӯию чӣ андеша мекунӣ. Худро бо ту хушбахту хурсанд мешуморидам, бо ту зиндагиам ширин буд... Эй гули зарди чудогии ман! Медонистам, ки ту маро дӯст намедорию заррае меҳр надорӣ, аз ин рӯ, кӯшиш менамудам, ки худро аз ту дур созам, аммо чӣ чора, ки дили беқарорам қарор намегирифт, ӯ туро мехост. Охир ту орзуҳои ман будӣ, ту оне будӣ, ки тамоми умр ҷустуҷӯят мекардам, тасвират менамудам, мепарастидам. Бо баробари он, ки ту дар ҳаётам пайдо шудӣ, зиндагии ман ранги дигар гирифт, гуворо шуд, вале дер давом накард. Ту бо нигоҳҳои пурмеҳрат маро мафтуни худ кардию баъдан… Баъдан таркам намуди. Харчанд маро намехостӣ, аммо чизе сабаб мешуду маҷбур бо ман сӯҳбат мекардӣ, ба зангҳои пайдарпайям ҷавоб мегуфтӣ, ба дидорбиниам меомадӣ. Аммо аълум буд, ки ин ҳама ғайри хоҳиши ту сурат мегирифтанд. Баробари туро дидан дарҳол дил аз даст медодам, дигар дар олами афсонавӣ умр ба сар мебурдам, ҳушу ёдам пайваста ба ту буд. Бале, ба туе, ки заррае маро фикр намекардӣ, ба туе, ки маро дӯст намедоштӣ, ба туе, ки ба қадри ману ба қадри ишқи покам нарасидӣ. Медонам, ки ин суханони ман барои ту афсонаро мемонанд, аммо чӣ кунам ин дили беқарорамро, ки пайваста ёди ту дораду барои ту беист метапад. Шояд боварам накунӣ, аммо на шаб хоб будаму на рӯз, ҳама вақту соати зиндагиам бо ёди ту сипарӣ мегардид. Гарчанде ту бо ман набудӣ, аммо хаёлан бо ман ҳампаҳлӯ, ҳамдарду ҳамроз, ҳамнафас, ҳамқисмат ва ҳамболин будӣ. Хаёлан бо ту зиндагӣ доштам, бо ту хушбахт будам, бо ту ҳаёт бароям ширин буд, аммо… Аммо туи бемеҳр, туи сангдил, туи бевафо маро хушбахт дидан нахостӣ, табассумро дар лабонам дида натавонистӣ ва ин ҳамаро аз ман рабудӣ. Охир бигу, чаро чунин кардӣ? Чаро дарди диламро нафаҳмидӣ? Чаро боре аз дилам пурсон нашудию мақсадамро дарк кардан нахостӣ? Чаро бароям чунин рӯзи сахтро тӯҳфа намудӣ? Чаро хандаҳои беғашамро ба гиря табдил додӣ? Инхо суолхое хастанд, ки аз туи бемехр чавоб мехоханд! Аз ту чунин умед надоштам, фикр намекардам, ки бо суханони ширини сохтаат диламро ба осонӣ соҳиб мешавию баъдан думболи дигаре меравӣ… Чаро фиребам додӣ? Магар ман ба ин арзанда будам? Бо ёди ту ба дуриҳои дур парвоз мекардам, аммо ту болу парамро шикастӣ, диламро хун кардӣ, маро аз зиндагӣ ноумед сохтӣ… Акнун барои туи беаҳд ашк мерезам, зиндагӣ дар назарам мисли зиндони сарду торик шудааст. Дигар наметавонам беаҳдию беинсофиҳои туро қабул кунам, охир то кай маро азоб медиҳӣ, то кай аз пушти ту ранҷ кашам, то кай ғамхои туро тоқат кунаму болои ин ҳама меҳрубониат намоям, то кай бароят ашк резам, то кай ғаматро хӯрда гардам? Кош ту ин ҳамаро дарк мекарди, дарди дили маро эҳсос менамуди. Аммо намефаҳмию фаҳмидан ҳам намехоҳӣ. Борҳо дар наздат шояд аз дӯстдории зиёд буд, ки ба эҳсосот дода шуда, худро дошта наметавонистаму гиря мекардам, аммо туро аз ин парвое набуд. Танхо мегуфти, ки "чаро барои мане, ки ба як қатра оби дидаи ту арзана нестам, ашк мерезӣ?" Бисёр мехостам, ки ба чашмони зебоят, ба чашмоне, ки маро бо як нигоҳ ошиқ карданд, соатҳо нигариста рози дил гӯям, вале афсӯс, ки ту шунидан намехостӣ. Хар вақте ба ибрози дарди дилам шурӯъ мекардам, ту ҳофиз мешудию бо садои баланд сурудхонӣ мекардӣ. Фикр доштӣ, ки ин маро хуш меояд? На! Аммо ба хотири он ки дӯстат медоштаму нисбатат муҳаббати зиёд доштам боз бо ту вомехӯрдаму ташнавор мебӯсидамат. Ту аз ин рафтори ман меболидию мегуфтӣ: "чаро маро дӯст доштаи? Барои чӣ маро дида ба эҳсосот дода мешавӣ? Чаро бо меҳр ба ман менигарӣ?". Оххх... магар намедонӣ, ки ман ташнаи ту будам, туро мехостам, туро аз ҳама боло медонистам? Дар ишқат девона гашта будам. Ишқи ту чашмонамро кӯру гӯшҳоямро кар карда буд, ки касеро намедидаму чизеро намешунидам, ба ҷуз симои зебою садои форами ту. Хам дар хобу ҳам дар бедорӣ хаёлан бо ту будам. Рӯз аз рӯз меҳрат дар қалбам мисли дарахт реша мекард. Бо сад умеду орзу наздат мерафтаму ғамгин бармегаштам. Бо меҳр ба чашмони ту менигаристаму мехостам дӯстдориамро баён намоям, аммо ту ба ман заррае таваҷҷӯҳ надошӣ, наздам бо бегонагон сӯҳбат карда, шодӣ мекардӣ. Харчанд кӯшиш мекардам, ки дӯст доштану рашк карданамро ба ту ошкор накунаму чизе нагӯям, аммо наметавонистам хомӯш бошам. Охир ин лаҳзаҳо ба наздам омаданҳоятро пеши назар меоварданд, ҳамон омаданҳое, ки шикоят аз мушкилиҳои рӯзгорат менамудӣ, ҳамон омаданҳое, ки ғамгинона сӯҳбат мекардӣ. Аз дидану шунидани ин ҳама маро алам мекард. Магар Худо мушкилиҳоятро танҳо барои ман дода буд? Танҳо назди ман рӯзҳои пасти зиндагиат ба хотир меомаданд? Агар не, пас чаро бо дигарон хушҳолона гуфтугӯ мекардию бо ман не? Чаро назди дигарон ҳамеша хушҳол будию назди ман не? Пас аз дидани ин қадар беқадриҳоям назди ту ман алам накунам, пас кӣ алам кунад? Дар оташи рашк месӯхтам, вале тоқат мекардам. Медонистам, ки агар туро рад кунам, азоб мекашам, зиндаги бе ту бароям душвор буд, вале имрӯз пас аз муборизаҳои зиёд хаста шуда, туро рад кардам. Бале, рад кардам, дигар намехоҳамат!!! Туро ба дигаре тӯҳфа кардам, рав назди азизони дилат, назди онҳое, ки дӯсташон медорию барояшон меҳрубонӣ... Хамеша мегуфти, ки калб надорам. Аммо мегуянд, ки бо дигаре ахди ишк бастаи. Акнун ёди ту маро чигархун мекунад. Ту бо он ахдат ба чарохати калбам намак пошиди, мефахми? Вакте ин суханро шунидам, дар як лахза сад бор мурдаму зинда шудам. Вакте ки бо дустонам сухбат мекардем, гапи ишки туро огоз карданд. Намедонистам бихандам ё бигирям. Алами ба чои худ дигареро дидан, дилу чигарамро сухт, маро зинда ба зинда оташ заданду як дардамро сад дард карданд. Мехостам аз наздашон берун бароям. Чи гуна бетокат нашавам, ки азизтарин касамро бо дигаре васф мекунанд. Пас аз чанд лахзаи сукутам ба наздашо омадам, селоби ашк руямро мешуст. Беихтиёр аз наздашон берун шудам... Бахри ту мегуям: хушбахт бош азизи дилам, агарчи якумра бадбахтам намудаи!!! Ту хаёл мекуни, ки бо он хама бевафо буданат хиёнати нобахшиданиро бар мани дилшикаста раво дидиву фикр мекуни, ки бармегардиву дубора кабулат мекунам??? На! На охир, харгиз!!! Дигар ман содда наям ва бидон, ки лахзаи аз ту чудо шуданам, ман хам ба худ ёри мувофик пайдо кардам. Дар аввал намехостам, аммо бо он кадар часорати дустдорияш, бо он кадар мехрубонихояш кабулаш кардам! Дустам медорад аз хеш зиёдтар, тамоми нози диламро руйи дидааш мегузорад, медони, ки ман ба у одат кардаам, хатто дар як лахза ашки чашмонамро мерезонаду боз ба домани худ пок месозад, хеле зиёд дустам медорад ва ман хам дусташ медорам... Хар чое, ки сафар мекунам, хамрохам аст, аз у чудоиро намехохам, асло намехохам! Чи? Номашро шунидан мехохи??? Сабр кун, мегуям, то аз шунидани ин исми дустдорам бисузи, ки номаш ТАНХОИСТ,
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев