🔸 Матни пурсиш:
Назари алломаи Хуросонӣ дар мавриди судҳои бонкӣ чист? Дар сурате ки назари эшон бар ҳаром будани куллияи судҳои бонкӣ аст, афроде ки қодир нестанд бо пул ва сармояи худ кор кунанд ва шахси қобили эътимодеро низ ҷиҳати мушорикат ва кори тавлидӣ намешиносад чи кор бояд бикунад?
🔸 Матни посух:
Яке аз гунаҳои рибо, супурдани мол ба дигарӣ ба шарти бозпардохти он бо миқдорӣ бештар аст ва бо ин васф, ҳар суди маълуме ки бонк ба нисбат супурда барои супурдагузор шарт мекунад ва ба ӯ мепардозад, рибо шумурда мешавад ва бино бар китоби Худованд ҳаром аст; Чунонки яке аз ёронамон моро хабар дод, гуфт:
«سَأَلْتُ الْمَنْصُورَ أَیَّدَهُ اللّهُ تَعَالَى عَنِ الْمَصْرَفِ یُودِعُهُ الرَّجُلُ مِنْ مالِهِ مِائَةَ دِینارٍ لِیَعْمَلَ بِهِ إِلَى أَجَلٍ مُسَمًّی عَلَى أَنْ یُؤْتِیَهُ عِشْرِینَ دِیناراً مِنَ الرِّبْحِ، قالَ: هَذَا وَاللّهِ رِباً فَاجْتَنِبُوهُ! قُلْتُ: إِنَّهُمْ یَقُولُونَ ما هُوَ إِلّا مُضارَبَةٌ! قالَ: کَذَبُوا! أَلَمْ یَعْلَمُوا أَنَّ رِبْحَ الْمُضارَبَةِ غَیْرُ مَعْلُومٍ وَ لا مَشْرُوطٍ؟!»; «Аз ҳазрати Мансур аъядуллоҳ таъоло дар бораи бонк пурсидам ки фарде суди динор аз моли худро ба он месупорад то дар муддатӣ муъайян бо он кор кунад дар изои инки бист динор суд ба ӯ бипардозад, фармуд: Ин ба Худо савганд рибо аст, пас аз он иҷтиноб кунед! Гуфтам: Онҳо мегӯянд ки ин музориба аст! Фармуд: Дурӯғ мегӯянд! Оё намедонанд ки суди музориба на маълум аст ва на машрут»?! ...
📚 Барои идома ба сайти зер муроҷиъа кунед:
Манбаъ: Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ https://www.alkhorasani.com/tg/content/2255/


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев