🔹 Тарҷума:
Аҳмад ибни Абдурраҳмони толиқонӣ моро хабар дод, гуфт: Аз Мансури Ҳошимии Хуросонӣ дар бораи сухани Худованди баландмартаба пурсидам ки мефармояд: «Ҳаройина Ман дар замин халифаеро қарор диҳандаам», пас фармуд: Ҳаройина замин аз халифае ки Худованд қарор диҳандаи ӯ бошад холӣ намемонад ва агар холӣ бимонад аҳли худро фурӯ мебарад ва ҳар кас бимирад дар ҳоле ки ин халифаро намешиносад, ба марги ҷоҳилият мурдааст. Сипас муддате сукут намуд то ҷойе ки ирода кардам аз назди ӯ бархезам, пас идома дод: Худованд аз ҳангоме ки инро фармуд, ҳамвора дар замин халифаеро қарор додааст ва агар мефармуд: «Қарор медиҳам» метавонист як қарор додан бошад, вале фармуд: «Қарор диҳандаам» ва қарор диҳанда касе аст ки қарор додан аз ӯ истимрор меёбад ва ҳар халифае барои Худованд дар замин, ба чизе ки Худованд дар он халқ карда, ҳидоят ёфтааст то онро дар ҷойе ки Худованд мехоҳад қарор диҳад ва ҳар кас ба Маҳдии замонаш роҳ пайдо накунад, ҳаройина ба гумроҳии дуре дучор шудааст...
🔹 Барои идома ба сайти зер муроҷиъа кунед:
Манбаъ: Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ https://www.alkhorasani.com/tg/content/4046/


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев