Аз сабабе ки духтар хам бо Имон ва бо сатру хичоб буд ин чавон ба У ошики сахт мешавад. Аммо ин чавон чавони бо имон ки буд шарму хаё дошт, наметавонист гуяд: " ман туро дуст медорам". Ин дустдориро дар дил пинхон нигох медошт. Рузе чавон мешунавад, ки ба духтар хостгори омадаанд ва хонаводаи духтар хам хостгорхоро кабул кардиян. Чавон бисёр зик, гамгин ва норохат мешавад. Гуё ин курраи замин бо бузургияш ва ин Осмони баланди пахновар барояш танг менамояд. Вале он чавон ки Худо дошт ноумед нагардид, чунки бовари дошт Худояш уро кумак мекунад. Бал ки даст ба суи Парвардигораш бардошт гуфт: " Парвардигоро бароям сабр бидех, мухаббати он духтарро аз дилам дур бигардон, дар дилам аввалан мухаббати Худатро, мухаббати Курону Имону Ислому Пайгамбаратро чойгир бигардон ва баъдан мухаббати он занеро чойгир гардон ки ойладоршавии маро бо у насиб гардондаи. Ва мухаббати маро хам дар дили никохшавандаам баъди бастани никох чойгир бигардони, то мо зиндагии Имониву Исломи ва пур мехру мухаббат дошта бошем. Чавон дар дуояш каме саросемаги карда идома медихад: Парвардигоро ту худ огох хасти чи дарди вазнине дар дил дорам. Ин дарди маро ба ахлу хонаводаи он духтар бирасон! " Хулосаи калом духтар ба шавхар мебарояд. Баъди чанд мохе чавон низ бо духтари бо имону мусалмони дигаре ки тамоман хамдигарро надида буданд хонадор мешаванд. Ин чавонон хамдигарро танхо баъди бастани акди никох диданд. Чавон рузи тую хурсандияш як хабари нохуш мешунавад. Мешунавад, ки он духтар (маъшукаи пешинааш) гирифтори бемории рухи шудааст. Вакте чавон ин суханро мешунавад хело норохат мешавад ва мегуяд: шояд хамон дуое ки ман карда будам хамон ичобат шуда бошад... Чавон боз дуо мекунад: Парвардигоро маро биёмурз, хато кардам дуои бад кардам. Ман дигар уро намехохам, зеро У шавхар дорад. Барои У шифои комил ато бифармо ва барои уву шавхараш бехтарин зиндагиро насиб бигардон. Хамчунин барои ману хамсарам низ зиндагии имониву Исломи ва пур мехру мухаббат насиб бигардон!... Пас аз муддате чавон огох мешавд ки он зан шифо ёфтаст ва бехтарин зиндагиро бо шавхараш мегузаронад. Худаш бошад холо тахминан 6-7 сол шуд ойладор хаст то хол бо хамсараш хамдигарро он кадар дуст доранд ки як лахза чудои аз якдигар барояшон мушкил аст. Ин аст натичаи таваккал бар Худованд ва дуъову кумак хостан аз Парвардигор. Ин хакикат аст ва ман шохиди онам. Аллох,и мехрубон дар каломи покаш мефармояд: " инсон аз саросемаги офарида шудааст" Яъне хамаи инсон табиатан саросема аст. Вакте чизе ё касеро дуст дошт мехохад хамон замон дар ихтиёраш бошад. новобаста дар оянда ба у зарар дорад ё фойда, хуб аст ё бад. Бинобархамин дар интихоби никох шаванда хеч саросемаги накунен. Нафаре ки дусташ медоред Аллох, доност, ки оё шумо бо У хонадор мешавед ё не. Ва ё шояд дар оянда дигар касро дуст доред, ва ё шояд бо дигар кас хонадор шавед... Хонандагони азиз! Кушиш кунед бехтарин мехрубониро бо хамсари халолият дошта бошед мардхо. Ва хохарони Исломи бехтарин мехру мухаббату дустдориро бо шавхпрхои никохии худ дашта бошед. То дар дунё зиндагии хушу ширин дошта бошен ва дар рузи Киёмат сарфарозу сарбаланд бошед... Ишки инсон тагирёбанда аст. Хар як одам метавонад дар хаёт чанд нафарда ошик шавад. Ягона ишке ки бардавом ва тагирнаёбандааст ин ишки Аллох,Расули Аллох,, дар рохи Аллох, ва ба хотири Аллох, аст..... Парвардигоро барои хар як марду зани мусулмон зиндагии Курониву Имони ва пур мехру мухаббат насиб бигардон. ОМИН.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев