Предыдущая публикация
Биё, эй дил ,зи худ берун, дарогуши таманно шав, Ба фардо гул шави ,имруз агар садчок мегарди. Туро манзил дар ин дунё набошад чуз кафи хоке, Савори тахти намруд гар ту дар афлок мегарди. Агар аз кори хуб маъвои Идрис боги чаннат шуд, Шаётин мешави дар гам, агар бебок мегарди. Наёби бахра чун Шаддод гар аз буди чаннатхо. Халил боши ,агар дар хизматаш чолок мегарди. Лаб аз шахди шаходат созу пушоки дил аз тоат, В-агар бо моли чун корун ту бепушок мегарди. Биё, дар гушаи дил шин ,губори дида бархам зан, Ки Наккош ,аз губори дил чу гавхар пок мегарди.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев