Подшоҳеро муддате дарди сахти ишкам азоб медод. Дард руз ба руз сахт мешуду аҳволи ин шоҳро ба танг меовард ва у аз беқуввати ба ҷойгаҳи бемори хоб кард.
Табибони мамлакат ҳар гуна доруҳо меоварданд, аммо ҳеҷ яке аз ин доруҳо ба у фоида намекард. Хамин тавр шоҳ аз хурдану нушидан ҳам монд ва мунтазири марг гашт.
У ба зердастон фармуд то эълон намоянд кия:
- Ҳар ки шоҳро аз ин дард илоҷ ёбаду сабаби шифо ёфтанаш гардад тамоми пулу молу дороияшро ба у ато хоҳад кард.
Яке аз олимону муваҳҳидони замон аз ин бохабар гашту ба қасри шоҳ омад.
Аз асли дард ва нишонаҳои он бохабар гашта у каме равғане гирифту сахт сахт ишками шоҳро молидан гирифт. (масаж мекард)
Пас аз муддате шоҳро қазои ҳоҷат омаду гирду атрофро буи баде фаро гирифт. Як ду руз чунин муолиҷа карду пас аз он шоҳ аз дард озод шуд.
Шоҳ ба муваҳҳид руй оварда гуфт:
- Акнун ин молу қасрҳоямро ба ваъда вафо карда ба ту медиҳам. Ин ҳама моли туст.
Муваҳҳид ҷавоб гуфт:
- Ба ман молу қасрҳоят лозим нест. Аммо ин барои ту дарси ибрат бояд гардад ки молу қасру мансабат ба камтарини неъмати Илоҳи намеарзидааст.
Қиммати пулу молу дороии ту -ҳамин боди бадбуеро баробар будааст, ки аз ҷисмат хориҷ шуд!
Пас аз Оне ки туро ин неъматҳоро арзони ато намудааст фаромуш накун ва тоату ибодат намуда аз ин моли доштаат барои обод кардани Охирати хеш хайру некиро фаромуш масоз.
"Руҳуль Баён 1\421
\\ \\ \\ \\ \\ \\ \\
Ибрат:
Бале зиёди одами ба қадри неъматҳои Илоҳи замоне мерасад, ки ё аз он маҳрум мешаванд ва ё ба он сахт муҳтоҷ.
Зиёди нафароне, ки соҳиби молу вазифаанд гумонашон, ки бо пулу мол ҳама чизи дунёро харидан мумкин аст- аммо бехабар аз он ки неъматҳое, ки Аллоҳ моро ато намуда арзишашон аз моли дунё ҳам қимматтаранд.
Ҳатто агар қимматтарин доруеро харида истифода барем-то Аллоҳ нахоҳад шифо нахоҳем ёфт.
Замоне, ки узве аз узвҳои одамиро дард гирифт, ё нафареро Аллоҳ фарзанд надод, ё дигареро фарзанди дустдоштаашро аз у гирифт, ё дигареро аз чашму пою даст ва ё дигар узв маҳрум кард ин одамон ҳақиқат дарк хоҳанд кард ки чи қиммате доранд неъматҳои Илоҳи.
Аммо доштани моли дунёро Аллоҳ бар мусалмонон ҳаром накардааст -балки бар нафароне, ки соҳиби ин молу дорои ва вазифаҳоянд мефармояд то аз ин моли дошта, вазифаи дошта дар роҳи ризои У амал намоянд:
- Аз ҳоли ятимону муҳтоҷону гуруснагон фаромуш насозанд, хайру саховат намоянд, вазифадорон мушкили ҳоҷатманду сарсону саргардонеро сабаби дур шудани мушкилиаш гарданд, толибилмонеро китобу дафтару лавозимот харида ҳадя намоянд.
Пас гар чунин намуданд ҳақиқат "Шукронаи додаҳои Аллоҳро" намудаанд ва ин шо Аллоҳ ба ин молу дорои ва вазифаашон Аллоҳ баракатҳо ато хоҳад кард. Баракате, ки бе он пулу молу вазифа "мусибат" аст- на неъмат.
Оё кам нафаронеро медонед ки пулу молу қудрат оқибат сабаби мусибатҳои бузурге дар зиндагонии онхо гаштааст?
Сабаби ин мусибатҳо болои онҳоро набудани "Ризои Аллоҳ" дар пулу молашон гашта.
Бузургон неку моро насиҳате намудаанд ки:
- "Будани об дар беруни кишти сабаби сафари нек ва бурдбориҳост- аммо гар ҳамин об ба дохили кишти ки даромад он сабаби ғарқ шудани он хоҳад гашт".
Доштани пулу моли дунё, ки аз он дар роҳи ризои Аллоҳ хайру неки ба муҳтоҷон менамоем сабаби ризои Аллоҳ ва ҳам "обод намудани охират" хоҳад гашт.
Аммо пулу моле, ки аз он хайру саховат нест, ризои Аллоҳ нест -оқибаташ пушаймониву хориву залолат хоҳад шуд. Нафароне, ки ишқи дунё, пулу молро дар дил ҷой дода мумсику бахил буданд ин дунёро бо ҳасрату пушаймони тарк намудаанд.
Танҳо болои тобути чубин ин нафарон бо ҳасрат мегуянд:
-" Кош аз ин пулу моле, ки болоям пурсиши сахте хоҳад буд хайру саховат менамудам, роҳе месохтам, масчиду мактабе месохтам, муҳтоҷони гуруснаро сер менамудам то рузи "Маҳшар" дастгирам мешуд".
Чун ин молу дороиро касе бо худ набурда -аммо саволу ҷавоби он рузи Ҷазо болои соҳибаш хохад буд.
Аз Муъоз писари Ҷабал (р) ривоят шуда, ки Паёмбари Худо (дуову дуруд ба у) фармудаанд:
“ Дар рузи Қиёмат ҳаргиз пойҳои банда аз ҷои хеш намеҷунбад, то ин ки аз чаҳор чиз пурсида мешавад:
-Аввал аз умраш, ки дар чи коре онро сипари намуд.
-Дуввум аз ҷавониаш, ки онро дар кадом кор ба пири расонда.
-Саввум, аз молаш ду суол карда мешавад, ки он молро аз куҷо пайдо намуда ва дар куҷо сарф намудааст.
-Чаҳорум, аз илмаш, ки ба он чи коре карда." (ҳадиси Табарони).
Шарҳи маънои ҳадис:
Хар яки дорандаи нафсро умрҳои муайяне ва муқаддар мебошад, сипас марге, ки дар он ҳеҷ шакку гумон нест, фаро мерасад.
Сипас мардум аз қабрҳояшон берун карда шуда ҳар инсон аз рўзҳои гузарондааш дар дунё пурсида хоҳад шуд, ки оё онро дар корҳои нек гузаронда ё дар корҳои бад.
Инчунин аз ҷавониаш, ки марҳалаи фаъолияту ҳаракати ўст, пурсида мешавад ки чи тавр онро сипари карда:
-Дар тоату ибодати Холиқ ва ё бо пайрави аз бадтарини махлуқи У Шайтони лаънатшуда ?
Агар онро дар тоату ибодат, аъмоли нек, омўхтани илми судманд ва амалхои писандида гузаронда бошад, музду подоши нек меёбад.
Сипас аз молаш ду суоли сахте мешавад, ки оё онро аз роҳҳои ҳалол ба даст оварда, дар чи корҳои хайру муҳиме сарф кардааст?
Чи тавре ки аз дониши таълим гирифтааш пурсида мешавад, ки оё тибқи он амал карда, ба афроди ҷомиъаи хеш нафъ расондааст, зеро илм вақте судбахш мебошад, ки соҳиби ў тибқи он амал намуда, дигарон аз ў истифода намоянд!
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев