Бе намозу руза охир даъвии имон мазан.
Худ чу одам бош аввал то ки ёби иззате,
Бе сипоҳу қудрате, ту лоф аз майдон мазан.
Мардумозори чароят бо ҳазор фанду фиреб,
Бо дили бад хештанро бар сафи инсон мазан.
Ӯ табиби дардҳост, пас пеши ӯ рав бар даво,
Нолаатро ҷуз дари он соҳиби дармон мазан.
Бас забардастони дунё мурда чун бечорагон,
Аз паси шӯҳрат худатро бар раҳи шайтон мазан.
Ҳоҷаи долури дунё даргузашт аз ташнагӣ,
Эҳтимол ӯ хоҷа гардад таънаи бе нон мазан.
Аз шароб дур бош охир қадр кун умри азиз,
Баҳри як дам роҳате худро ту бар зиндон мазан.
Мард бошу устувор Ҷӯё ба ҳар як гуфтаат,
Дар раҳи тоат нишину васф аз ҳурон мазан.
Таҳлили: Муродии Хатлонӣ
Ҷӯё ! 04.01.2018


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 20