Предыдущая публикация
Ҳамчу моҳам босафою бегазанд.
Ворисам ман Вориси Сомониён,
Тоҷдор аст халқи ман андар ҷаҳон.
Ҳамчу Сино шӯҳра аст авлоди ман,
Хоки Сосон аст, бин бунёди ман.
Нестам тарсую не ҳам соддадил,
Рустами дастонаму монанди пил.
Халки ман бо номусу ору накӯ,
Одилу фарзонаю бо обрӯ.
Фахрам аз он тоҷикам ман тоҷдор,
Дорам аз ин ман ҳазорҳо ифтихор.
Ҷӯё! (Сайдамир) 30.12.2017


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 12
Тоҷикистон кишвари озодагон,
Мулки шеъру шоиру дилдодагон.
Мардумонаш аз азал шоҳи сухан ,
Ворисонаш илмро шаҳзодагон.
Сарварӣ доран суханро аз қадим,
Тоҷи маънӣ бар ҳама давру замон.
Халқи соҳибҳикмату бо фазли ӯ,
Илмро бурданд то бар осмон.
Тоҷикистон шӯҳра дорад то кунун,
Бо чунин оламшумул фарзонагон.
Ахтаронашро намешояд ғуруб,
То абад поянда асту ҷовидон.
Хоки ӯ чун махзани нуру зиёст,
Сангҳояш низ бошанд ҳарфдон.
Кӯҳҳои сар ба афлок бурдааш,
Боли маъност то сари боми ҷаҳон.
Чашмасоронаш бувад соҳибкитоб,
Назми хубе дораду савти равон.
Рӯдҳояш бо каломи Рӯдакӣ,
Ҷӯр ҳастанду ҳаме ширинбаён.
Ҳар насими форамаш гӯяд ғазал
Мисли Ҳофиз, накҳате орад ба ҷон.
Ҳамчу Бедил ҳар гулаш маънисарост,
Гулшанашро ҷилвагар оинасон.
Тоҷикистон кишвари бас дилфиреб,
Мазраи ишқу макони ошиқон.
Хоки покаш шеъру шоирофараст,
Чун Муродӣ зарраест аз хоки он.
(МУРОДИИ ХАТЛОНӢ).
Зи шоди даст бар ин бода будем.
Касе парвои дарду ғам намекард,
Ки ғам бар бедилон мо дода будем.
Кӯдак дар тозу пир дар саҳни масҷид,
Ки пешсаф мо ба ҳар як ҷода будем.
Худо буд ҳар даме дар ёди мардум,
Ки шайх Саъдию Сино зода будем!
Сайдамир! 22.08.2017