Расмаш* ба мисол саҳнаи бозор шуда.
Бар муфлису* камкисса надорад коре,
Кораш ба ғаниву масту пулдор шуда.
Оқил ба даруни оташу, ҷоҳилро
Хоки қадамаш сабзаву гулзор шуда.
Қумрӣ ба қафас нола зи қисмат бикунад,
Қурбоқа кунун соҳиби гуфтор шуда.
Ку зиндадиле, бигӯяд аз доғи рӯз,
Гӯё, ки ҳама маризи дидор* шуда.
Бар равшанитон чӣ шуд, ки эй аҳли зиё,
Осмони маонӣ тираву тор шуда.
То кай бикашем ҷафо зи ҳар номардон?
Мардони замон магар, ки бе ор шуда?
Ё Раб, бинамо зи ғам раҳо моёнро,
Дунё ба мисоли қӯраи нор шуда.
Бегона зи ҳоли Сайдамир кай донад,
К- аз дарди замона синаафгор шуда.
Расм*- тариқ, урф, оин.
Муфлис*- камбағал, фақир.
Маризи дидор*- бемори чашм, кӯр.
Қӯра*- ҷое, ки чор тарафаш иҳота шудааст.
Бо таҳрири устод Муродӣ Хатлонӣ!
Сайдамир!                                     24.11.2017


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 3
Хоки қадамаш сабзаву гулзор шуда.
Қумрӣ ба қафас нола зи қисмат бикунад,
Қурбоқа кунун соҳиби гуфтор шуда.
Офарин додарҷонам.
Қаламат бозҳам рангинтару бурротар бод!
Ки донохо дар он хайрон бимонанд.