Ин тавозун азалист, ҳаст шоҳу ҳаст гадо.
Зиндагӣ душвор аст? ё захматаш кори гарон,
Такя бар бозуи худ, то кай тамаъ аз дигарон.
Зиндагӣ душвор аст, чун халқ дил баст бар ҳавас,
Баҳри сад сомонӣ резад лозим ояд хуни кас.
Зиндагӣ душвор аст, чун илм аз мағз дур аст,
Он ки чашм аз ҳақ пушад, Ӯст шоҳид кӯр аст.
Зиндагӣ душвор аст, аз баҳри нон мо пушти дар,
Нон кардаст ё ки тарс ин халқи моро дарбадар.
Зиндагӣ душвор аст, чун пора гаштаст кори давр,
Баҳри фардо чи гузорем мо зи худ бар бори давр.
Зиндагӣ душвор аст, мардон ҳама дар доми рус,
Соғар зи мо, хун ҳам зи мост, охир андар ҷоми рус.
Зиндагӣ душвор аст, музди маош чун имтиҳон,
Гиру рисқатро бихар то моҳи дигар зинда мон.
Ҷӯё ( Сайдамир) 06.06.2021


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев