Марсияи марҳум Маъниддини Ваҷҳиддин (Раҳмати Худо нисораш бод) дар бораи имом Ҳусейн ва шаҳидони дашти Карбало (Саломи Худо нисорашон бод)
مرثیه شاعر تاجیک مرحوم معنی الدین وجه الدین رحمت الله علیه در باره امام حسین و شهیدان دشت کربلا سلام خدا نثارشان باد
Дарди дили маро на ту донӣ на дигаре
Ғамномаи ҳазин наояд ба боварӣ
Аҳли шаробу бозӣ, қимору фасоду фисқ
Бар ҷоҳилони давр кунад ҳукму сарварӣ
Он зодаи ҷаҳолату нопоку кинатӯз
Оё кунад ба зодаи Заҳро баробарӣ
Нуру зиёи дидаи Яъқуб, пираҳан
Бошад Ҳусайн нури ду чашми паямбарӣ
Дасти ману вилои ту эй сибти Мустафо
Донам ба охират зи шафеони маҳшарӣ
Болат кушо Маънии дин дар ҳарими ӯ
То донае диҳад зи карам бар кабутаре
Дорам умед рӯзи қиёмат зи Зулҷалол
Моро барад ба паҳлуи зебанда раҳбаре
Имрӯз ҳафтуми моҳи Муҳаррам аввалин моҳи соли 1447 ҳиҷрӣ-қамарӣ аст.
Даҳуми муҳаррами соли 61 ҳиҷрӣ - қамарӣ дар дашти Карбало бо лабони ташна канори руди Фурот набераи арҷманд ва маҳбуби Расули Худо (с) ва сарвари ҷавонони аҳли биҳишт имом Ҳусейн ибин Алӣ ва ёрони бовафояшро сар буриданд ва ба шаҳодат расонданд.
Салому дуруди Худо бар имом Ҳусейн, бар Алӣ ибни Ҳусейн, бар авлоди Ҳусейн ва бар ёрони Ҳусейн бод!
#Муҳаррам #имомҲусейн #шаҳодат #шеър #Маъниддин #Ваҷҳуддин #тоҷик


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев