4. Пиразани нобино Дар яке аз хонаҳои кўчаки атрофи Мадина пиразани нобиное умр ба сар мебурд, ки аз молу бисоти дунё ғайр аз як гўсфанд, як сатил ва як бурёе, ки бо гузашти айём рангаш парида ва фарсуда гашта буд, чизи дигаре надошт. Умар (р) бо ин пиразан аҳд намуда буд, ки ҳар шаб аз ҳоли ў бохабар шуда ба ў об медиҳад. Ин амалро Умар (р) чанд вақте анҷом дод. Рўзе аз рўзҳо Умар (р) ба сўи хонаи он пиразан омад ва дарёфт, ки ҳама чиз дар назди пиразан мураттаб ва муҳайё шудааст. Донист, ки шахси дигаре аз ў пешдастӣ намуда, ба он пиразан кўмак расонидааст. Рўзҳои дигар низ ҳол ҳамин буд. Пас аз чунин ранг гирифтани ҳол, Умар (р) назди хонаи он пиразан омад ва дар наздикии он хона пинҳон