Предыдущая публикация
Бахтро доранд истиқбол домоду арӯс.
Рӯи тахти бахт бо сад меҳру ишқи безавол
Ҷои худро мекунад ишғол домоду арӯс.
Дар самои бахт чун ҷуфти кабӯтар бемалол
Мепарад бикшода бо ҳам бол домоду арӯс.
Бо забони чашму дил доранд бо ҳам гуфтугӯ,
Гарчи тобад дар назарҳо лол домоду арӯс.
Шоду масруранду дар шебу фарози зиндагӣ
Кош монад бо ҳамин аҳвол домоду арӯс.
Орзу дорам, ба ин кошонаву ҳавливу дар
Хуррамиҳо оварад сад сол домоду арӯс.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев