Абусаъди Хусари (р.а) аз Пайгамбари Худо (с.а.в) ривоят кунад, ки фармудаанд: Чун шаби аввали мохи Рамазон шавад, дархои осмон кушода шавад ва хеч даре аз он дархо то шаби охири мохи Рамазон баста нашавад ва хеч бандаи муъмин набошад, ки дар шабхои Рамазон намози Таровех бихонад, магар онки бинависад Худои таъоло барои хар сачдае он бандаро хазору панчсад неки ва бино кунад барои вай хонае дар Бихишт аз ёкути сурх ва он хонаро шаст хазор дар бошад ва хар дареро кушке бошад аз зари сурхи мурассаъ ба ёкути сурх.