Предыдущая публикация
Чандест, ки хуршеди саодат ба сарам нест,
Рӯзам шуда торик, ки нури басарам нест.
Он зиндагиомӯзи ман аз зиндагиям рафт,
Дигар падарам нест, дареғо, падарам нест.
Тавфиқ рафиқам буд аз он дасти дуояш,
Дармондаам имрӯзу кас имдодгарам нест.
Дигар ба раҳам чашм ба дарвоза кӣ дӯзад?
Боз омадам, аммо падари раҳнигарам нест.
Деҳқон буду аз дасти гулаш буд замин сабз,
Ҳангоми дарав омаду он хушсамарам нест.
Он сояи ларзон ба сарам боли Ҳумо буд,
Ҳоло, ба Худо, болу парам, болу парам нест.
Бар рӯҳи ту бахшанд ҳама сураву ман - шеър,
Бахшой маро, баски ба ҷуз ин ҳунарам нест.
Шеъри зиндаги, аз шоири Ворухзамин Нусратулло Бобоев.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 1