ШОЯД ИБРАТ ГИРЕД!
Абуҳурайра (р.а) ривоят кардаанд ки : «Расули Худо(дуову дуруд ба у) нақл фармудаанд:
-«Мегӯянд, ҳангоме ки ду зан
ҳамроҳи писарони худ дар сахрое будаанд, ногаҳон гурге омаду яке аз он ду писаронро рабуд.
(Ҳар як аз ин ду зан даъво бар ин мекард, ки гург писари дигареро бурдааст).
Саранҷом даъворо пеши Довуд (А) оварданд. Довуд (А)ба сӯи зани бузургтар ҳукм кард ва писарро ба ӯ дод.
Сипас вақте аз он ҷой хориҷ
мешуданд Сулаймон (А), ки хурдсол буд ононро садо зада боздошту, гуфт:
- «Корде бароям биёред, то ин писарро ду нисф кунам ва ҳар нисферо ба яке аз ин ду зан бидиҳам».
Дар ин ҳол зани хурдтар меҳри модари дар дилаш ҷуш зад ва билофосила гуфт:
-«Худованд туро саломату мавриди мағфират бидорад! Ӯро ду нисф макун, писари ин зан мебошад».
Пас Сулаймон (А) ба фоидаи зани хурдӣ ҳукм карду писарро ба ӯ дод».
Чун он зан ҳақиқат модари он кудак буд ва меҳри модари дар синааш ҷуш заду ба хулосае омад ки «беҳ бошад ин фарзандам зинда монад дар дасти он зан- аз он ки ду нисфаш кунанду бимирад»!
////:::::///^^^^
Ибрат:
Бубинед, ки модар ба чи тайёр аст аз барои фарзанд. Хушо бар ҳоли он занони пешин. Бо он қадар машаққату сахти ва нодори меҳру муҳаббати бузурге нисбати фарзандон доштанд.
Аммо баъзеи занони ин замони мо дар тамошои сериалу филмҳои бадахлоқи сахт банд гашта, дар фикри моли дунё зиёд банд гашта парвои онро надоранд кудаконашон ба чи кор машғул бошанд.
Аммо мо бояд донем ки аввалин устоди кудак модар аст. Гар ин модар барои тарбияи кудаки худ бепарво бошад-аз ки дигар гила кунем?
Замоне ки ин кудакон ё навҷавонон аввалин пулу ашёеро ба хона оранд ин падару модар ҳатто намепурсанд аз куҷо инро ёфтааст!
Замоне, ки писару духтар шаб ба хона наомад, бо духтар ё писари номаҳрам ба даст афтод, ё дар ҳолати масти омад, ё аввалин дузди карду ба даст афтод инҳо тайёранд фарзандони худро дастгири намоянд!
Аммо дар асл он шабу рузи кудакиву навҷавони ин фарзандон аввалин таҳкурсии зиндагии ояндаро барои худ тайёр хоҳанд кард.
Дар асл гар дусти хуб ба худ интихоб намуд ва ё волидайн барояш интихоб намуд Ин Шо Аллоҳ оқибаташ нек хоҳад шуд.
Ва илло гар бо дусти бад, дасташ қалб, сигоркаш, беҳудагард ки дусти кард оқибат худу волидайнро шармандаву расво хоҳанд кард!
Ёри бад бадтар бувад аз мори бад.
То тавонӣ бигурез аз ёри бад!
Бузургон монанд ба ин шер чи зебо моро насиҳати падарона кардаанд:
-«Ҳамнишини (дусти) солиҳ чун
атрфурӯш аст, ки агар атри хеш ба ту надиҳад, дар ту овезад (буи хушаш
дар либосу димоғи ту бимонад ).
Аммо ҳамнишини бад чун оҳангар аст, ки агар шарораи оташаш ба ту нарасад
ҳам, бӯи бадаш озорат медиҳад.
Ин шеъру ин насихатҳои падарона моро як маъни доранд, ки:
- Гар дусту ҳамнишини нек интихоб намои гар худ олиму доно нагарди ҳам баъзе феълу атвори нек туро ҳам пайдо гарданд.
Чуноне ки дукони аттор медароиву атр намехари вале буи форами атраш дар либосу димоғат боқи хоҳад монд. Дусти нек бо феълу атвори нек туро ба суи аъмоли нек бибарад!
Аммо дусту ҳамнишини бад чун оҳангархонаест, ки даромади аз алангаи оташи он шояд либосат сурох гардад ва агар сурох ҳам нагардад буи
ғализе дар тану димоғат боқи хоҳад монд!
Дусту ҳамнишини баду арақхуру зинокор ҳар ъамали баде ки карданд дар ту ҳам осори он бимонад. Гар худ ҳам чунин аъмол надори –аммо рузе уро пайрав хоҳи гашт!
Дар мавриди қиссаи болои шахсан худам ба наздики шоҳиди чунин
ҳодисае гашта будам. Як дустам рузе илтимос намуд то мошини микроавтобус ёбем.
У гуфт, ки амакам дар Москва мурдаасту уро ин шаб меоранд. Чун он шаб тобутро қабул карда ба деҳа мебурдем як нафаре, ки бо мурда ҳамроҳ буд нақл кард ки:
- Акаи Диловарро мо як моҳ зиёд табобат кардем то дигар арақ нахурад. Чун маст шуда дар кучаҳо мехобид, ҷангу ҷанҷол мекард, ҳуҷчатҳояшро гум кард. У парвои хонаву зану фарзандон дигар надошт.
Аз рузе, ки сиҳат шуда ба кор баромада буду қариб бист руз арақ намехурд. Аммо як ҷураи наздикаш аз Душанбе омаду онҳо шаб бедарак гаштанд.
Рузи дигар мурдаи акаи Диловарро аз истгоҳ меёбанд. Онҳо шаби дароз арақ хурда будаанд. Он дусташ замоне мебинад ки у мурдааст тарсида гурехта нопадид мегардад.
Мо уро наёфтем ва аз ҳама тоҷикон пул ҷамъ карда тобути акаи Диловарро ба Душанбе овардем. Дар МОРГ гуфтаанд ки дили у кафидааст!
Боз ҳам дусти аз душмани ашадди бадтар кори ифлоси худро кардааст. Чун уст сабабгори ин ҳодиса. Аммо сабабгори асосии чунин ҳодисаҳо тарбияи баду бепарвогии волидайн аст.
Чун аз аввалин сигоркашиву арақ хурдани овони навҷавонии ин фарзанд бепарво буданд ва ҳатто баьзеяшон худ ба фарзанд чунин амалҳои бадро иҷозат додаанд.
Аммо чунин хабарҳо кам нестанд. Замоне баъзеҳо ҷавону бозуманданд гумон доранд арақ хурда зино карда гарданд ва танҳо дар пири тавба намоянд.
Чун ба пири расанд дигар он Шайтони лаъин онҳоро раҳо нахоҳад кард!
Аллоҳи Мутаъол дар Каломаш мо бандагонро мефармояд:
- «Шайтон, ба таҳқиқ, душмани шумост. Уро душман гиред. Албатта, у фармонбарони хешро даъват мекунад, то ҳама аз дузахиён бошанд. »(Сураи Тағобун ояти 14).
Аммо бар ононе, ки гумон доранд
ҳоло фурсати зиёд доранд, гумон доранд аз марг мегурезанд, бепарво арақу ҳаромкардаҳо мехуранд, зино мекунанд ин қиссаҳо беҳтарин панд аст.
Чун маълум аст, ки аз марг раҳои нест. Рузу соат ки омад чи ҷавону чи пир ҳама яко як хоҳанд мурд.
Шояд шумо имрузҳо худ ҷанозаҳоро мебинед, ки пиру ҷавонон яке паси дигар савори «маркаби чубин» ба
қабристон раҳсипоранд!
Аммо аз марг гурехтан мумкин набошад ҳам- аз Ҷаҳаннами Сузон раҳои ёфтан мумкин.
Чи тарз? Оё ин мумкин аст?
Бале!Мумкин аст!
Бо тоъату ъибодату хайру саховат ва аъмоли хайр метавон аз Ҷаҳаннам раҳои ёфт.
Бо хондану аз худ кардани
Қур'он, рузаҳои фарзиву нафли метавон оташи Ҷаҳаннамро бар тани худ ҳаром кард.
Лек афсус ин замони мо мардум ба овозае ки гуиё фардо заминҷунбии сахте мешавад бовар карда ҳама зану мард ба хунукиву гарми нигоҳ накарда ба кучаҳо мебароянд.
Дигар мардумон хабари селу офат аз дигар кишварро шунида худ зиёд тайёри мебинанд.
Баъзеҳо овозаи дуруғине ки гуиё аз осмон «метеорит» мерезад бовар мекунанд.
Овозаҳое, ки зимистон барфи сахти зиёд мебораду яхбандии сахт мешавад бовари доранд.
Ҳол он, ки зиёди овозаҳо дуруғ аст, селу обхези шавад ҳам шояд хонаву маҳаллаву шаҳри онҳоро нарасад, метеорит резад ҳам дар шаҳру мамлакати мо нарезад.
Баъзе овозаҳои дуруғину хандаоваре низҳаст ки ин мардум ба он даррав бовар мекунанд.
Аммо он ки рузе марг ҳаммаи моро хоҳад омад 100% рост аст!
Лек имруз фалонию яке рузи дигар мо ҳам хоҳем мурд гуиё баъзеҳо бовар надоранд, ва ё гумонашон 100 сол ъумр медида бошанд.
Чун ҳамаруза дар асл зиёд
ҷавонон мемиранд, баъзе пирони бетоъату беъибодат мемиранд, баъзеҳо дар ҳолати мастиву кашидани маводи мухаддир мемиранд.
Инро мо худ бо чашми сар мебинем- аммо афсус бар зиёди мардумон ъибрат намегардад.
Инҳоянд «ҳалокгашта» назди Холиқи Арзу Само!
Ҳар ки ақл дорад,оқил аст онҳоро зиёд ҳарфу далел зарур нест- аммо баъзе нафароне ки худро донову боақл медонанду бепарво руй ба зинову хурдани ҳаромкардаҳо меоранд, аз тоъату ъибодату аъмоли хайр дуранд сохибАқл нестанд.
Чун гар соҳибақл мебуданд медонистанд, ки рузе албатта ё дар ҷавони ва ё миёнасоливу пири мемиранд ва фардо рузи қиёмат зинда гардонида хоҳанд шуд!
Пас он рузу соат дигар ъамал нест –пурсиш асту халос.
Ин тоифа мардум, ки бо худ танҳо бадиҳову беХудогиҳо туша доранд он рузу соат «ҳалок» хоҳанд шуд, шармандаву расво хоҳанд шуд дар назди Худованд!
Худованд ҳар яки моро аз «ҳалоку шармандаву расво» гаштан дар рузи «ҶАЗО» эмин бидорад ва моро растагору хушнуд «Рузи ҳисобу Китоб» дохили Ҷаннати Пурнозу Неъматаш гардонад!
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев