Ҷаннат ҷоест, ки онҷо на
Нороҳати аст
На ранҷиш аст
На қаҳр аст ва на гилаву шикоят аст,
Кинаву адовату дарду аламе онҷо нест.
Онҷо касе Шуморо намегуяд, чаро маро онгуна гуфтеду чаро ба ман фалонгуна корҳо раво дидед.
Аз Шумо касе дар ранҷиш нест ва Шумо низ аз касе ранҷише намебинед.
Аз ҳеҷ нафаре гиламанд нестед ва аз ҳеҷ касе тасарруфи ноҷо ё сухани авҷо намешунавед.
Онҷо
Ҳама сафо
Ҳама вафо
Муҳаббатҳои безавол
Неъматҳои пурраи нотамом
Чеҳраҳо пур аз табассумҳо
Дилҳо саршор аз дустдориҳо
Айши рағад ва авқоти роҳат.
Инҳо ва боз зиёду зиёд хушиҳо ва лаззатҳое, ки на чашме дида ва на гуше шунида ва на ба гумони касе гузар карда аст.
Худовандо,
Ту Карими ва Ту гузашт карданро дуст медори, аз