(Ёдномае кӯчак аз устоди муҳтарам Мухторхоҷа Қудратов)
Муаллим касест, роҳнамою ҳидояткунанда, мунису ғамхор, дӯсти беғаразу ибратомӯз ва мададрасони фарзанди инсон дар роҳи ростиву росткорӣ ва омӯзишу бурдборихост. Муаллим пешвою омӯзандаи алфози неку таҷассумгари ростию росткорист, ки машхуртарин бузургони рӯи оламро навиштану хондан ва гуфтору рафтори дуруст омӯхтааст. Муаллим шахси барӯмандест, ки аз хурдӣ инсонро илму адаб омӯхта, ӯро ба воя мерасонад, шахси пешбарандаи ҷомеа, шахси тарбиятгари насли наврас мебошад. Маҳз тавассути меҳнати омӯзгор одамон соҳиби хату савод мегарданд. Некро аз бад, ростро аз дурӯғ, сафедро аз сиёҳ ҷудо карда, аз шогирдӣ ба устодӣ мерасад.
Муаллим тимсоли нурест, ки торикиву зулумотро равшанӣ мебахшад, то инсон роҳгум назанад. Муаллим ҳамеша аз пешрафти шогирд шод асту мамнун ва ҳамеша шогирдонро ба ахлоқи неку одоби писандида ва барои гирифтани илму дониш далолату даъват мекунад ва ана аз ин ҷост, ки бо ифтихор ин шахсро муаллим, омӯзгор ва устод гуфта, бо эҳтиром ном мебаранду як умр шогирдонаш баробари дидани ин шахсияти муътабар хушнуд шуда, ба истиқболаш оғӯши меҳр боз мекунанд. Хуррам онест, ки сазовори ин номи бузургу касби пуршараф аст.
Дар сифоти муаллим ҳазорон номаҳои меҳру сипос аз ҷониби шогирдони боихлос навишта шудаанд ва ман низ дар ҳамин саф азм кардам аз сидқ чанд ҳарфи содае дар санои муаллимам бигӯям. Ман, ки ҳоло синнам ба ҷойе расидааст, агар қатрае аз баҳри сухан нӯш кардаам, маҳз ба туфайли сабақи маърифати нахустин устодони фозили мактабиам – Мухторхоҷа Қудратов, Саидхоҷа Мизробов, Асрорхон Муллохонов ва Соатмурод Ҷумъаев аст, ба истиснои устодони донишгоҳиам албатта. Ҳаминҳо нахустин бор коми маро бо шаҳди сухани ноб ширин намуданд, ки минбаъд ва то ин дам ин ангубини улвӣ маро ба худмекашад.
Устод Мухторхоҷа Қудратов дар он давроне, ки мо таҳсил мекардем, яке аз куҳансолтарин муаллими мактаби миёнаи рақами 8, ба номи Нақибхон Туғрали ноҳияи Айнӣ буданд, яъне муаллими муаллимони ҷавонамон. Хеле муаллими соҳибэҳтиром, хирадманд, фурӯтан ва дорои хислатҳои умдатарини инсонӣ буданд. Дар ҷараёни таълим масъулияти баланд ва заковат, маърифату маҳорати шоистаи педагогӣ доштанд. Муаллим ҳамеша кӯшиш мекарданд, ки шогирдони хуберо барои ҷомеа ба воя расонанд. Бурдбору сабур буданд ва бо заҳмати гарон кӯшиш мекарданд, ки солҳои тӯлонӣ омӯзанд, то ки баҳри ҷомеа, насли оддиро не, балки наслеро ба воя расонанд, ки созанда, бунёдкор, дурандеш, худшинос, худогоҳ, ҷомеасоз бошад.
Ба ин мақсад муаллим Мухторхоҷа Қудратов ҳамеша ғарқи дарёи дониш, ғарқи анбӯҳи китоб, шабзиндадор, ҳамқадаму ҳамнафаси қаламу дафтару китоб буданд. Муаллими соҳиби андеша, саҳиби панду андарзу ҳикмат буданд ва ҳар чӣ аз ғановати маърифат доштанд, ба шогирдон меомӯхтанд. Барои тарбия ёфтан, ба камол расидан ва бузург гаштани ҳар як шогирдаш кӯшиши беандоза мекарданд. Зеро медонистанд, ки шогирди хуб ифтихори муаллим мегардад ва тимсоли оинае мешавад, ки заҳматҳои муаллимашро инъикос мекунад.
Устод чун ҳидоятгари роҳи рост дар зиндагӣ ҷаҳд мекарданд, ки ҳикмати олишони бузургони адабро ба мо шогирдонашон омӯзанд. Муносибату муошираташон ба аҳли ҷомеа, ҳамкорон ва шогирдон самимӣ, якмаром ва омӯзанда буд. Аз пешравию комёбиҳои дастпарваронашон мамнун мешуданду меболиданд.
Муаллими ҳақиқӣ ки буданд, тамоми ҳастӣ ва дории маънавиашро баҳри шогирдон эҳдо менамуданд. Сифати баланди муаллим дилу нияти соф, сиришти поку ҷавҳари олиашон буд. Сӯзандаву созанда ва дар роҳи ҳақ устувор буданд.
Устод Мухторхоҷа Қудратов ба гуфти мардуми ҳамон давр аз “илми куҳна”, яъне аз маърифати ислом ҳам бархурдор буданд. Дар аҳди давлати Шӯравӣ барои омӯзгор ва ба замми он агар ӯ коммунист бошад, ин ҳолати хатарзо буд, вале ҳар навъ, ки буд, устод барои такмили маънавиёти хеш ба таври ниҳонӣ ин маъхази маърифату ирфонро ҳам мавриди омӯзиш қарор доданд. Ҳангоми таҳлили осори безаволи бузургони адабиёти классикӣ мо эҳсос мекардем, ки устод дар заминаи аҳодиси набавӣ баъзе байтҳоро шарҳу тавзеҳ медоданд. Баъзан асосҳои динӣ доштани қиссаву афсонаҳо ва достонҳоро ба мо возеҳу сареҳ маънидод мекарданд. Танҳо пас аз чанд соли хатми мактаб мо дарк намудем, ки барои чунин тадрис чӣ кадар неруву ҷасорат ва маҳорати беқиёс лозим аст, то тавонӣ он чӣ аз маъониву ҳикмат ба худ дорӣ, ба дигарон интиқол бидиҳӣ. Зиҳӣ чунин Устод!...
Шуғли дигари муаллим Мухторхоҷа Қудратов боғу гулпарварӣ буд. Ҳавлиашон баҳорон бӯстонеро мемонд. Навъҳои гуногуни садбарг ва дарахтони парвардаашон гулбасар мешуданд, анвои зиёди дарахтони мевадору сояафкан ва ороишӣ ба манзили зисташон ҳусни тоза ва таровати хоса мебахшиданд. Пайвандгари хубе ҳам буданд ва ниҳолакҳоро аз навъҳои гуногуни меваҷоти аҷдодӣ пайванд мекарданду эҳё менамуданд.
Бо падарам дӯст буданд, аксаран меҳмони хонадони мо мешуданд. Дасти холӣ намеомаданд ва ҳатман аз себу нокҳои беҳтарини боғашон ба мо инъом меоварданд. Аксари ниҳолҳои боғоти моро ҳам пайванд карда, бо падарам дар бораи нигоҳубин ва ороишоти боғот машварат мекарданд.
Устод ба Бобоям - шоир шаҳир Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ пайванди хешу таборӣ доштанд. Аҳволу осори шоирро хуб медонистанд ва дар тую маъракаҳо аз эшон ғазалхонӣ карда, эҷодашонро муаррифӣ менамуданд. Агар ба зиёрати марқад ё хонаи Эшони Туғрал меҳмонон меомаданд, зуд ҳозир мешуданду бо онҳо аз рӯзгори шоир қиссаҳо мекарданд. Дар дарсҳояшон низ ҷаҳд мекарданд, ки шахсияти Туғрали Аҳрориро бе дурӯғу риё ба шогирдон баррасӣ намоянд.
Оилаи устод дар деҳа оилаи намуунавӣ буд. Ба таълиму тарбияи фарзандон таваҷҷӯҳи ҷиддӣ доштанд. Таҳсилоти фарзандонро вазифаи аввалиндараҷа дониста, ҳамеша зери назорат доштанд. Аз ин ҷост, ки ҳамаи фарзандони устод дабистон ва донишгоҳҳоро хубу аъло ва бо ахлоқи ҳамида хатм намуда, ҳамагӣ соҳибмаълумот гаштанд.
Ман бо писарошон Муртазохон ва Шукруллохон пасу пеш дар як мактаб таҳсил менамудем. Баъзан аз дӯстии онҳо истифода карда, аз китобхонаи Устод китобҳои бароям мақбулро гирифта мехондам. Китобхонаи ғание доштанд ва худашону фарзандонашон низ ба мутолиаи китоб дилбастагӣ доштанду доранд. Ду сол муқаддам писари устод, дӯсту бародари ниҳоят хубам Шукруллохон аз хазинаи китобхонаи шахсиашон нусхааи аслии “Девони Туғрали Аҳрорӣ”-ро (соли 1916, чопи Когон) ба ман ҳадя намуданд, ки аз ин ҳадяи бароям ниҳоят нодир ва аз саховати беназири дӯстам, беҳад хушнуд шудам. Таҳсини Худованд бар ин марди шариф бод!
Соҳибсухане фармуда, ки :
Расад ҷон бар лаби бечора устод,
Ки ҳарферо ба шогирде диҳад ёд.
Бале, ҳамаи мо шогирдон имрӯз дорои кадам касбу кор бошем, аз заҳмати шабонарӯзии омӯзгоронамон аст. Олиму шоир, муҳандису духтур рассому саъаткор кишоварзу варзишгар ҳама парвардаи оғӯши биҳиштосои муаллиманд. Зиндагӣ собит месозад, ки давлати муаллим шогирдонаш мебошанд. Ӯ аз пешрафт комёбии эшон ифтихор мекунад. Эҳтироми муаллим боистӣ вазифаи муқаддаси ҳар як фарди бонанг ва ҳамаи мо шогирдон буда бошад.
Ин ҷо сухани Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмонро, ки дар боби рисолат ва манзалати муаллим меорам, ки бағоят олимонаву самимона гуфта шудааст: “Муаллим ақл, шарафу виҷдони ҷомеа ва симои асосии он мебошад. Вай донишу заковат, гармии худро бедареғ ба фарзандон медиҳад ва хешро хушбахт меҳисобад”.
Ҳар киро дар зиндагӣ устодест. Ҳамаро дар ҳаёт касе омӯзонидааст. Ягон кору амал, ягон пешравию афзалият, ягон бурду бохт безаҳмат, бемашаққату қадршиносии устоде ба авҷи аълое намерасад. Ҳеҷ кас аз батни модар оқилу донишманд ба дунё наомадааст. Ягон инсон худ ба худ бе сарварӣ, бе роҳнишондиҳӣ ва бе устоде соҳиби донишу маърифат, мақому мартабае шуда наметавонанд.
Ҳеҷ кас аз пеши худ чизе нашуд,
Ҳеҷ оҳан ханҷари тезе нашуд.
Ҳеҷ Мавлоно нашуд Мавлои Рум,
То муриди Шамси Шабрезӣ нашуд.
Ба андешаи ман лаззате, ки муаллим Мухторхоҷа Қудратов аз боз кардани чашму гӯши шогирдон ва ошно кардани онҳо бо маърифат ба даст меоварданд, бештар аз лаззате буд, ки як меъмор ё муҳандис аз сохтани бинои муҳташам, як бастакор аз эҷоди оҳанги тоза, як адиб аз иншои осори бадеӣ эҳсос мекунад. Муаллим маърифатро бар лавҳи қалби ҳар шогирди худ сабт мекарданд ва нидои фитратро ба гӯши онҳо мерасонданд. Садҳо китобҳоро саҳфагардон мекардад ва худ ноогоҳ мемонданд, ки инак аз шаҳкитоби зиндагиаш саҳфаҳое башумор монда...
Паёмбари азимушшаън (с) мефармояд: “Аллоҳи бузург баракати илмро дар эҳтиром ба устод қарор додааст”. Ва рисолати ҳар яки мо шогирдон аст, ки пайваста устодони худро ба ёд оварем, эҳтирому иззат онҳоро воҷибу зарур шуморем, ба қадри заҳматҳои кашидаи онҳо дар тарбияву тадрис ва инсони комил шуданамон арҷ гузорем ва ному пайкори бошарафи онҳоро муқаддас дорем. Зеро муаллим дар мазаллати падар аст, балки бештар аз он.
Равони мубораки устоди шодравонам Мухторхоҷа Қудратов ва ҳамаи дигар муаллимонам, ки ба Ҳабиби хеш пайвастанд осуда ва андар биҳишт манзили минуяшон мунаввар бод!
Бар сари турбати ту хок ба сар рехтаем,
Риштаи лаъл зи хуноби ҷигар рехтаем.
То бароӣ зи гулу гул канӣ аз боғи баҳор,
Хӯша-хӯша гуҳар аз наргиси тар рехтаем.
Саидбурҳон ИКРОМӢ
28.02.2024 ш. Душанбе
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 1
Акоҷон ҳазор раҳмат,барои падарамро ёдоварӣ карданатон. Илоҳӣ ҳамеша сарбаланду хуррам бошед.!!!