Предыдущая публикация
Гуфта будам мардуми инҷо баданд
Диди охир соқаи ҷонат шикаст
Он азизат аҳду паймонат шикаст
Диди эй дил дар ҷаҳон як ёр нест
Ҳеҷкас дар зиндаги ғамхор нест
Оҳ Нодир! диди содаги ҷон додааст
Ҷои худро гил ба симон додааст
Диди охир ҳарфи ман беҷо набуд
Аз барои ишқ инҷо ҷо набуд
Навбаҳори умрро диди чи шуд
Зиндагиро ҳеҷ фаҳмиди чи шуд??
Диди эй дил дустиҳо бевафост
Камтарин чизе ки меёби вафост
Диди ин гулҳо ҳама пажмурдаанд
Рангҳо дар дуду сармо мурдаанд
Оре эй дил! Зинда будан сода нест!
Байни одамҳо яке дилдода нест
Бояд инҷо аз худ эй дил гум шави
Оқибат ҳамранги ин мардум шави..****
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 1