01.2021 дар вилояти Иваново ва 21.02.2021 дар ш. Ярославли ФР. Мустафо Беҳрӯзи Мақсудалӣ, ки ҷои якум насибаш шуда буду имрӯз 27.03.2021 дар вилояти Иваново боз ҷойи якумро ишғол намуд.
------------------------------------
Ё Худо, пушту паноҳам ҳастӣ ту,
Шукри беҳад, такягоҳам ҳастӣ ту.
Тифли манро раҳнамо будӣ ба роҳ,
Бандагонатро ту ҳастӣ сарпаноҳ.
Рафта бар озмуни ҷанги тан ба тан,
Дар Русия бингар ин фарзанди ман.
Рӯ ба рӯ омад ҳариферо ба ҷанг,
Баргирифт онро ҳамоно ӯ ба чанг.
Гарчӣ монда пойи худро нав ба нӯҳ,
Чун Таҳамтан бошад ӯ монанди кӯҳ.
Пойи он бигрифту бардошт ӯ ба қад,
Бар замин боло намуду гашта зад.
Дасти росташро ба гардан ҳалқа кард,
Чун Ҳабиби Нурмуҳаммад дар набард.
Довар ӯро ғолиби майдон шинохт,
Он рақиб бар шаҳсавори мо бибохт.
Дар Иваново ба ҷанги бенизом,
Ҷои аввалро гирифт ӯ байни ом .
Қаҳрамониро ба даст овард аҷаб,
Хушкалому тозарӯй, олӣ насаб.
Паҳлавони хушқади мо, Мустафо,
Ҷони бобо, ҷони бобо, Мустафо.


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев