Навбахор омад гули ман,
Бе ту бо борон гиристам.
Бе ту бе ашки намоён,
Дар бари ёрон гиристам.
Навбахор омад гули ман,
Шишаи яххо шикастанд.
Дар харими гул ба сахро,
Ошикон дастобадастанд.
Навбахор омад гули ман,
Гул ба ту бахшидани шуд.
Бо хаёли руи сабзат,
Руи олам дидани шуд.
Навбахор омад гули ман,
Дар лаби дарё нишинам.
Бо хаёли чашми дарёт,
Хилвати дарё гузинам.
Боз бе ту мисли дарё,
Байни ду сохил гиристам.
Боз бе ту бар гузашта,
Бар худу бар дил гиристам.