Падар либос мехоҳам!
Падар китоб мехоҳам!
Падар мошин мехоҳам!
Падар мехоҳам мусофират равам, пул бидеҳ!
Падар пул барои донишгоҳ..!
Падар..!
Падар..!
Падар..!
Вале як маротиба ҳам нагуфтем: Падар ҳамин, ки пешам ҳасти бароям кофист...
Падар будан дар канори шумо барои ман як дунëст! Ҳамеша бароят гуфтем, аз надоштаҳоямон ва аз чизҳое ки диламон мехост. Вале ҳечгоҳ напурсидем, падар шумо аз ман чӣ мехоҳед..? Хурд, ки будем аз мо мепурсиданд: падаратро бештар дӯст дорӣ ë модаратро. .? Мегуфтем: ҳардуро. Исрор мекарданд ва мегуфтанд не, кадомашро бештар дӯст дорӣ. .? Он як кадом аст??? Мо бо шарму ханда ба зери лаб мегуфтем: модарамро!!!
Бечора падар! лабханди талхе мезад ва шояд ҳам хиҷолат мекашид пеши ҳама. Вале ҳоло мефаҳмем, ки падар чӣ қадар заҳмат мекашад ва хаста мешавад.
Дӯстат дорам ПАДАРҶОН!
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Комментарии 10