Писараке бо падараш аз миёни кӯҳҳо мегузаштанд, ногаҳон пои писарак ба санге бархурда ба замин афтод ва фарёд кашид: оҳҳ. Дарҳол садое аз кӯҳ шунид, ки мегуфт: оҳҳ.
Писарак бо кунҷковӣ фарёд зад: ту кистӣ? Аммо посух боз ҳамон буд, ки мегуфт: ту кистӣ?
Ин моҷаро ӯро асабонӣ карда боз фарёд зада гуфт: эй тарсончак. Посухи кӯҳ ҳам чунин буд: эй тарсончак.
Писарак, ки бисёр дар тааҷҷуб афтода буд ба падараш нигоҳ карду гуфт: падарҷон чӣ иттифоқе аст инҷо?. Падар лабханде заду фарёд кард: офарин ба ту. Кӯҳ садо дод: офарин ба ту. Падар боз фарёд зада гуфт: ту беҳтаринӣ. Посухи кӯҳ ҳам ҷуз ин набуд, ки гуфт: ту беҳтаринӣ. Писараки дар тааҷҷубафтода ҳанузам нафаҳмида буд, ки инҷо чӣ хабар аст.
Падар ин иттифоқро бароияш ингуна тавзеҳ намуд: мардум ин падидаро садои кўҳ мегўянд, аммо дар ҳақиқат ин «зиндагӣ» аст. зиндагӣ ҳар чиро бидиҳӣ ба ту бармегардонад.
Зиндагӣ оинаи аъмоли корҳои нек ва бади туст.
Агар ишқи бештаре мехоҳӣ, ишқи бештаре бидеҳ.
Агар меҳрубонии бештар мехоҳӣ, бештар меҳрубон бош.
Агар эҳтиром ва бузургӣ мехоҳӣ, инро дарк кун ва эҳтиром бигзор.
Агар мехоҳӣ мардум нисбати ту муаддаб бошанд, адаб дошта бош.
Зиндагӣ ҳар чиро, ки ба ў бидиҳӣ ба ту бармегардонад.
Ба ҳар кас хубӣ кунӣ, дар ҳаққи ту хубӣ хоҳад шуд.
Ба ҳар касе бадӣ кунӣ, ба ту бадӣ хоҳад шуд.
Зиндагии ту ҳосили як тосодуф нест, балки оинае аст, ки инъикоси корҳои худатро ба ту бармегардонад.
***
Ин ҷаҳон куҳ асту, феъли мо нидо,
Аз нидоҳо сӯи мо ояд садо.
Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев