Предыдущая публикация
Изтиробам ҷон дарорад куштаи симобро.
Мешавад хасми қавӣ аз чарбу нармӣ зердаст,
Мекунад помоли худ як қатра равған обро.
Бар заифон бештар меояд аз даврон шикаст,
Мавҷ пиндорад гулӯи осиёб гирдобро.
Теғи устоди мукаммал бошад аз нуқсон тиҳӣ,
Нест бар шамшери абрӯ даст печутобро.
Зӯри бозуро чӣ нисбат пеши ақли ҳиланар?
Рустам аз тадбир зад бар хоку хун Суҳробро.
Неку бадро аз ҳаводисҳои даврон чора нест,
Кай тавонад садди роҳ шуд хору хас селобро?
Аз тавозуъ қиблаи олам тавон шуд, Сайидо,
Мекунад пушти дуто мадди назар меҳробро.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев