Миёни мо ҳар он чӣ буд, чашмони ту медонад,
Гар оташ буд ё ҳам дуд,чашмони ту медонад.
Дили шаб буду ҷоми бодаву дилҳои мо ташна,
Муҳаббат ҳар чӣ мефпрмуд, чашмони ту медонад.
Дили ман рӯи дастат метапид аз шодии оғуш,
Зи ту осуд ё фарсуд,чашмони ту медонад.
Чи хориҳои ашколуд кардам пеши дидорат,
Чи зориҳои меҳролуд,чашмони ту медонад.
Ба кӯят як қадам раҳ буд,аммо бо ҳазорон бим,
Чи раҳҳое дилам паймуд,чашмони ту медонад.
Ба дидорат агар дер омадам,тақсири тақдир аст,
Валекин аз чӣ рафтам зуд,чашмони ту медонад.