* Матни нақд:
Ба номи Худованди ҷону хирад,
К-аз у бартар андеша барнагзарад.
Баъд аз ҳамди Аллоҳ таборак ва таъоло ва дуруди бепоён бар сарвари койинот, фахри мавҷудот ҳазрати Муҳаммади Мустафо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам, китоби <<Бозгашт ба Ислом>> ро комилан мутолиъа намудам бисёр дақиқ, ҳудуди як ҳафта болояш вақт гузоштам, аммо чизе ҷуз таноқузоти фоҳиш дар ин китоб надидам, ҳамон ангезаҳое ки қабл аз хондани китоб ба ҷаноби алломаи Хуросонӣ доштам, комилан аз байн рафт. Ман аз ҷумла таноқузот чандтояшонро менависам:
1. Тавҳин ба асҳоб фисқ аст, вале худаш мустақиман асҳобро ба нофаҳмӣ муттаҳам мекунад ҳатто ба андозае ки бузургтарин масъалаи динашонро надонистаанд. Ин на танҳо тавҳин ба асҳоб аст, балки тавҳин ба муъаллимашон аст!
2. Ҳукумате ки ҳокими он аз тарафи Худованд (ҷ) таъйин нашуда бошад тоғутӣ аст ва атбоъи он ҳам абдуттоғут ҳастанд. Бано бар ин ҳукумати Абубакр ва Умар тоғути аст ва аз ин гуфта тавре бардошт мешавад ки наъузубиллоҳ Алӣ ибни Абу Толиб абдуттоғут будааст!
3. Худи ҷаноби Хуросонӣ гуфта ҳанифан муслиман ҳастам, вале ман ҷуз тарафдорияш аз шиъа ҳақиқати бештаре наёфтам. Дар китобаш, то ҷойе ки бар имомони арбаъаи аҳли суннат эътироз дошта ва саҳиҳтарин китобашон ба заъфурривоя фи баъзил амокин таъбир карда, вале надидам ки ҷойе аз китоби пур нақс ва мутаноқизи Куланӣ ҳатто як нақд карда бошад!
4. Қойил ба таҳрифи Қуръон нест, вале аз мазҳаби ташаюъ ҷонибдоронатар дифоъ намуда, ҳол онки китоби Кофӣ бобе ба номи <<Қуръонро ҷуз аъима касе ҷамъоварӣ накарда ва ҳар кас иддаъои ҷамъоварӣ кулли Қуръонро карда бошад дурӯғ гуфта>> вуҷуд дорад!
5. Дигаронро аз пайравии занн боз дошта, ҳол онки худаш аз занн ки чи ҳатто аз хаёл пайравӣ мекунад. Маҳдиро дуруст огоҳ нест ки мутаваллид шуда ё на, вале мутмаъинан барои зуҳури хиёлиаш заминасозӣ мекунад!
6. То замоне барои ҳукумати Маҳдӣ заминасозӣ нашавад, ӯ зуҳур намекунад, ҳол онки ин худаш он қадр бемафҳум аст ки ба ҳеҷ унвон намеша тавҷиҳаш кард!
Инҳо мушт намунаи харвор аст! Хатте аз китобашро надидам ки бо хатти дигаре дар таноқуз набошад!
Ба ҳар ҳол чи тарҳи рангаӣ ки дорад ин китоб!
* Матни посух ба нақд:
Ҳазар кун зи нодони даҳ марда гӯй
Чу доно яке гӯйю парварда гӯй
Сад андохтӣ тиру ҳар сад хатост
Агар ҳушмандӣ як андозу рост
Бародари арҷманд!
Ба назар мерасад ки шумо бар хилофи пиндоратон, китоби <<Бозгашт ба Ислом>> ро <<Комилан ва бисёр дақиқ>> мутолиъа накардаед, балки ноқис ва бидуни диққат мутолиъа кардаед ва аз ин рӯ, натавонистаед аз банди ҷаҳл, тақлид, аҳвоъ, таъассуб ва такаббур озод шавед ва ба шинохти ҳақ роҳ ёбед. Албатта мо таваққуъ надорем ки шумо ақойиди нодурусти худро пас аз умре ба якбора тарк кунед ва ба ақойидӣ мубтанӣ бар китбои Хқдованд ва суннати мутавотири Паёмбараш ва мунтабиқ бар ақли салим рӯй оваред, вале таваққуъ дорем ки дасти кам ...
* Барои идома ба сайти зер муроҷиъа кунед:
Манбаъ: Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари ҳифз ва нашри осори Мансури Ҳошимии Хуросонӣ https://www.alkhorasani.com/tg/%D0%BC%D1%83%D1%88%D0%BE%D2%B3%D0%B8%D0%B4%D0%B0%D0%B8-%D0%BD%D0%B0%D2%9B%D0%B4/1274/


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев