Эй марднамоёни номард! Ва эй фурумоягони нозпарвард! Эй ки исми шумо исми мардон аст ва расми шумо расми номардон! Эй ки рӯйи шумо рӯйи мусалмонон аст ва хӯйи шумо хӯйи номусалмонон! Медонед ва коре намекунед ва метавонед ва ёрӣ намекунед. Дар гуфтор рангинед ва дар кирдор сангинед. Дар кори дунё чустед ва дар кори уқбо сустед. Агар тиред, тири шикастаед ва агар занҷиред, занҷири гусастаед. На ҳақро ёред ва на ботилро хоред. Осмони пур абред ва намеборед ва соҳибони базред ва намекоред. Ки ҳастед ҷуз разилони паст ва рандони маст?! Бадбахт касе ки дил ба шумо баст ва хушбахт касе ки аз дасти шумо раст!
Ёри шумо хабар медиҳад аз кори шумо! Ҳақро шинохтед ва рӯй бартофтед, пас ганҷеро ёфтед ва дур андохтед! Оё ба дунё розӣ шудед ва саргарми ин бозӣ шудед? Дар ҳоле ки дунё, пойгоҳи ғурур аст ва ...
📚 Барои идома ба сайти зер муроҷиъа кунед:
Манбаъ: Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ https://www.alkhorasani.com/tg/content/3264/


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев