🔹 Тарҷумаи гуфтор:
Абдуссалом ибни Абдулқайюм моро хабар дод, гуфт: Бар Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ворид шудам дар ҳоле ки дар масҷиде буд, пас шунидам ки мефармояд: Эй мардум! Ҳароина Худованд барои шумо Маҳдиро валӣ қарор додааст, пас ӯро валӣ бигиред ва ғайри ӯ авлиёъе нагиред, андаке мутазаккир мешавед! Дар ин ҳангом марде ки чашми ӯ чап буд аз миёни мардум бархост ва гуфт: Оё Худованд Маҳдиро халқ кардааст?! Он ҳазрат фармуд: Оре ва ҳароина ӯ таъом мехурад ва дар бозорҳо роҳ меравад! Мард гуфт: Оё ту худат ӯро бо ду чашмат дидаи?! Пас Мансур сукут кард ва ба ӯ посухе надод, то онки мард се бор пурсишашро таркрор кард, дар ин ҳангом он ҳазрат фармуд: Ман шуморо ба сӯӣ касе ки надида бошам даъват намекунам! Мард гуфт: Дар ин сурат чаро ба сӯӣ мо берун намеояд то аз ӯ пайравӣ кунем?! Фармуд: Метарсад! Мард гуфт: Аз чи?! Фармуд: Аз кушта шудан –ва ба ҳалқи худ ишора намуд! Мард гуфт: Пас чаро ту ...
* Барои идома ба сайти зер муроҷиъа кунед:
Манбаъ: Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ https://www.alkhorasani.com/tg/content/1744/


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы посмотреть больше фото, видео и найти новых друзей.
Нет комментариев