Зеботарин дуои волидайн дар ҳаққи фарзандон, баргирифта аз Қуръон
Бор Илоҳо! Ту фарзандонамро бе он ки ман қудрату тавон дошта бошам, ба ман додаӣ, пас онҳоро дар паноҳи худат нигоҳ дор, ки ман тавони нигаҳдории онҳоро дар ҳамаи ҳолатҳо надорам!
Бор Илоҳо! Фарзандонамро аз ҳар бадию чашмзахму зарар ҳифз кун!
Худовандо! Онҳоро аз бемориҳо ҳифз кун ва агар беморанд, шифояшон деҳ!
Худовандо! Имтиҳони маро дар онҳо қарор мадеҳ, ки китфҳоям таҳаммули чунин бореро надорад!
Бор Илоҳо! Онҳоро дар имтиҳонҳои ошкору пинхонат аҷру подош деҳ!
Худовандо! Онҳоро аз бандагони солеҳат ва аз ҳофизон ва қориёни китобат қарор деҳ ва онҳоро аз назари дин ва ибодату дониш беҳ